Президенти Тоҷикистон аз шаҳри Ваҳдат боздид кард
Суратгузориши навбатӣ аз ҷараёни сафари сарвари давлат ба ин шаҳр.
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони шаҳри ВаҳдатСурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 октябр бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президент дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро бо 54 манзил ифтитоҳ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Нварзиқулов сохта шудааст.
Дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳу замонавӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.