расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Президенти Тоҷикистон аз шаҳри Ваҳдат боздид кард

Асосӣ / Сиёсат

Президенти Тоҷикистон аз шаҳри Ваҳдат боздид кард

Суратгузориши навбатӣ аз ҷараёни сафари сарвари давлат ба ин шаҳр.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ваҳдат
Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 октябр бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президент дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро бо 54 манзил ифтитоҳ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Нварзиқулов сохта шудааст.
Дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳу замонавӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.



1/10
Дар деҳоти Симиганҷ Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълим дар он шинос шуд. Дар маҷмуъ дар Литсей аз рӯйи 8 ихтисос таълим роҳандозӣ шуда, муассиса имконият дорад, ки 500 нафарро ба омӯзиш фаро гирад.



1/7
Сипас сарвари давлат бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарон шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд.



1/12
Дар идома бо ҳузури президент дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 килловолт дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаи деҳоти Ромит ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ 9 деҳа, иборат аз 3 100 нафар аҳолӣ аввалин бор давоми солҳои тӯлонии истиқомат дар ин мавзеъ ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо карданд.



1/5
Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит президент дар маросими ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхона иштирок кард. Зикр шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Баҳор” бунёд шудааст.



1/13
Ҳамчунин дар ин мавзеъ Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи ҶДММ “Меҳвари Душанбе” бунёд гардидааст, ифтитоҳ кард. Масоҳати умумии гирду атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.



1/5
Дар фарҷоми сафари корӣ сарвари давлат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот кард. Пешвои миллат ба талошҳову ташаббусҳои созандаи соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард.










1/20
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат президент изҳор дошт, ки барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар давраи соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона шудааст, ки беш аз як миллиарди он ба 7 соли охир рост меояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.