расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-4

Асосӣ / Сиёсат

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-4

Эмомалӣ Раҳмон - Президенти мардумӣ

Зиндагӣ дар маҷрои худ ҳамвора равон аст, вале даргузар осоре аз худ мемонад… Аз умқи қарнҳо байти зебои Одамушшуаро, поягузори адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ чун панд ва ҳушдор ба гўш мерасад:

Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.

Барои дарки комили он, ки роҳи пешгирифтаи ин ё он фард ё миллат то чӣ андоза пойдор ва рост аст, аз манфиат холӣ нест, ки кас ба гузаштаи хеш назар афканад, то сабақ омўзаду дар таҳияи дурнамо ба саҳву хатоҳо роҳ надиҳад. Чунон ки маълум аст, фақат сабақомўз нест, вай онҳоеро, ки қонуниятҳояшро сарфи назар мекунанд, ба ҷазо мерасонад.

Бани одам борҳо яқин карда, ки соҳибистеъдодони бузург ҳамеша дар он ҷо зуҳур мекунанд, ки барои пайдоиш ва нумўи онҳо заминаи мусоиди иҷтимоӣ вуҷуд дошта бошад. Борҳо чунин шудааст, ки гоҳи таҳаввулоти ҷиддии таърих, дар вақти рўйдодҳои мураккаб шахсоне ба майдон меоянд, ки қаблан маъруфияти зиёд надоштанд, вале дар рафти ҳодисот гӯё ба як бор арбоби намоёни сиёсӣ мегарданд. Дарвоқеъ, агар мардум дар оташи кину адоват нисбат ба яғмогарони муғул намесўхтанду даст ба муборизаи озодихоҳона намезаданд, оё Темурмалик ба пояи сарлашкари бузурги халқи тоҷик мерасид ва номи хешро зиндаю ҷовид месохт? Ва ё агар инқилоби бузурги Фаронса ба амал намеомад, оё адвокати музофотӣ Максимилиан Робеспер ба шуҳрати ҷаҳонӣ соҳиб мешуд?

Баъд аз пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ Тоҷикистон дар ҷодаи тараққиёти мустақил қадам ниҳод, вале дафъатан гирифтори тўфони ҳаводиси замон гардид. Ва ин айёми пурпечутоб ба арсаи сиёсӣ як зумра ходимони то он вақт ноозмуда ва на чандон машҳур, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонро ба майдон овард, ки ў рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Эмомалӣ Раҳмони дар хориҷи кишвар ҳанўз ношинос, аввали солҳои 90-ум дар сиёсати дохилии кишвар ва сипас дар муносибатҳои байналмилалӣ мақоми баланд пайдо кард.
Ҳанўз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ дар Хуҷанд (дар ҳоли идомаи ҷанги шаҳрвандӣ барпо кардани он дар пойтахти ҷумҳурӣ илоҷ надошт) Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шўрои Олӣ, Сардори давлат интихоб намуданд, ба таври муъҷаз, аммо хеле возеҳ барномаи сиёсии худро иброз доштанд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз он на якбору дубор яқин карданд, ки ў ин суханонро на барои изҳори фазл ва ба худ кашидани таваҷҷуҳи доираҳои баланди сиёсӣ гуфтааст.

Барои мисол ко-фист ёдовар шавем, ки охири соли 1996 дар арафаи баимзора-сии Созишномаи уму-мӣ оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, вақте ки зарурат пеш омада буд, Президент Эмомалӣ Раҳмон барои вохўрӣ бо роҳбари мухолифини яроқнок бе ҳеҷ дудилагӣ ба яке аз нуқтаҳои доғи Афғонистон - Хосдеҳ парвоз намуданд. Бечунучаро, ин амал аз Президент ба ғайр аз нияти ҷазм дар роҳи истиқрори сулҳ ҷасорату мардонагии беназири шахсиро низ тақозо мекард.
Шахсияти Президент Эмомалӣ Раҳмон, қисмати ў аз бисёр ҷиҳат беҳамто ва нотакрор аст. Вале ҳамзамон худи айёме, ки мо ба сар мебарем, низ ба худ назир надорад ва пур аз ҳаводиси ногаҳонист. Оё ҳанўз панҷ-шаш сол муқаддам касе тасаввур карда метавонист, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳатто баъд аз оғози бозсозии шўравӣ истеҳкоми фатҳнопазири сотсиализми тоталитарӣ (ҳамаро фарогиранда) маҳсуб мешуданд, тартибот шикаст мехўраду ҳизби коммунист бо усулҳои номенклатурии тақсими вазифаҳо мавқеи худро аз даст медиҳад ва ба сари қудрат фарзанди чилсолаи деҳқони хокпоше меояд, ки қаблан сарвари як хоҷагии начандон калон дар Данғараи навкорам буд.

Мартабаи баланди сиёсӣ, ки барои Эмомалӣ Раҳмон аз қазову қадар арзонӣ шудааст, барои чунин хулосаи ҷасурона асос буда метавонад: касе аз модар президент таваллуд намешавад, президентон дар рафти муборизаҳои тезу тунди сиёсӣ арзи ҳастӣ мекунанд. Бо мурури замон ҳатто ашадитарин мухолифони Эмомалӣ Раҳмон, ки сарнагуншавии бармаҳали ўро пешгўӣ менамуданд, лоҷарам иқрор хоҳанд кард: Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар худ як ҷасорати сиёсӣ пайдо кард, то дар айёми мубҳам ва печ дар печ сарварии кишварро ба уҳда гирад, чун сиёсатмадори дурандеш ташаккул ёфту ба таври назаррас касби камол кард ва соҳиби фазилатҳои хоси сарварони миқёси ҷаҳонӣ гардид, ки ин таҷассуми пурбардоштӣ ва хиради халқ аст. Яке аз рўзномаҳои оппозитсионӣ, ки дар хориҷи кишвар интишор мешавад ва дар таваҷҷуҳ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон аз он гумонбар шудан душвор аст, дар замони худ навишта буд: «Агар гап сари масъалаҳои дуюминдараҷа равад, Эмомалӣ Раҳмон гузашт карда метавонад, вале чун кор ба вазифаҳои ҳаётан муҳим оид гардад, ў чун кўҳ пойдору маҳкам аст».

Вақте ки ин навиштаҷотро манзури Эмомалӣ Раҳмон гардонданд, ў бо лабханд гуфт: “- Аҷаб не, шояд ҳамин тавр ҳам бошад… Фаромўш накунед, ман дар Флоти ҳарбии баҳрӣ хизмат кардаам. Се соли расо, аз соли 1971 то 1974 дар киштии ҷангӣ арзу тўли Баҳри Сиёҳ ва Уқёнуси Оромро чен кардам. Хулласи калом, ҳар кас, ки ба баҳри кушод баромада бошад, хуб медонад: агар лангар ба об андохта шавад, ҳеҷ шамоле киштиро бурда наметавонад. Ман ҳам як чунин лангаре дорам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз он канда шуда наметавонам: он ҳисси масъулият аст дар пеши мардуми Тоҷикистон, ки маро Президенти худ интихоб намудааст”.
Ин андешаҳо Президентро дар лаҳзаҳои ҳассостарини ҳаёташ низ тарк намекунанд. Чунончи, ҳангоми амали террористӣ дар маркази вилоят воқеъ дар шимоли ҷумҳурӣ, ки суйиқасд ба Роҳбари давлат буд, фаъолияташ бо яке аз давраҳои мураккабтарини таърихи халқаш зич марбут аст. Аввалин ҳарфи Президент, ки тасодуфан ҷон ба саломат бурд, дар он лаҳза ин буд: «Халқ гуноҳ надорад… Ин кори қотилони зархарид аст».
Он лаҳза чунин суханонро фақат касе бар забон оварда метавонист, ки барояш манфиатҳои олии мамлакат ва осоиштагии мардум аз ҳама чиз волост, касе ки беш аз дигарон воқиф аст, ки муқобилгузорӣ ва ҷудоиандозӣ дар миёни мардуми маҳалҳои гуногун чи хавфу хатаре дорад. Дар замони худ маҳз мавқеъҳо ва ақидаҳои якдигарро ба куллӣ истиснокунандаи тарафҳои муқобил, ки дар он байн тоифаҳои маҳалгаро нуфузи хосса доштанд, ҷомеаро тақсим карданд ва боиси ҷанги бародаркуш шуданд.
Агар хоҳӣ, ки шоирро то ба охир кашф намоӣ, ба ватанаш рав, навиштааст Ҳёте. Барои шинохти ҳар чӣ бештари Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадор ва инсон низ мебояд ба замон ва маконе, ки маншаи умру кору аъмоли ўст, чашм андозем.

…Тоҷикон ба яке аз шохаҳои қадимтарини оилаи халқҳои ориёӣ мутааллиқ ҳастанд, ки ҳазорсолаҳо дар воҳаҳои ҳосилхези Осиёи Марказӣ, дар сари Роҳи абрешим зиндагонӣ мекарданд, вале аз қазову қадар борҳо дар миёни оташи ҷангҳои офатбор низ афтода буданд. Марзу буми Осиёи Марказӣ, ки дар он ва даштҳои ҳамҷавор аз қадимулайём халқҳои эронитабори забону урфу одатҳояшон ба ҳам наздик маскан доштанд, аз хуни рехтаи истилогарон ва «наҷотдиҳандагон»-и бешумори аҷнабӣ лолагун гардида буд. Дар баробари ин, аз ҳамон давраҳо заминаи маънавии ин куҳандиёр ба меъодгоҳи таърихӣ ва тамаддуни пурғановати Шарқ ва Ғарб табдил ёфт. Аз паси пардаи дуду оташ, ки майдонҳои ҳарбу зарбро фаро гирифта буданд, табодули байналмилалии фарҳангӣ ҷараён дошт.

…Алҳақ, садаи даҳум барои миллати мо асри тиллоӣ маҳсуб мегашт. Барои мо, тоҷикон аҳамияти фарҳангиву таърихии он давра ба андозаест, ки асри понздаҳум барои итолиёиҳо, шонздаҳум барои инглисҳо, ҳабдаҳум барои франсавиҳо, ҳаждаҳум барои олмониҳо, нуздаҳум барои русҳо ва бистум, эҳтимол аз рўйи бисёр нишонаҳо - барои амрикоиён дорад. Тазаккури фақат ҳамин чиз кофист, ки худи ғояи гуманизм (одамият) дар муҳити фарҳангиву таърихии Аҷам, сарзамини аҷдодии мо бархостааст.

Ягон тасодуф нест, ки баъд аз он, ки истиқрори сулҳ ба даст омаду раванди дигари боз ҳам душвору мадид - мустаҳкамкунии давлатдории миллӣ ва ба ҳайси як воҳиди мустақил ботадриҷ пайвастани кишвар ба ҷомеаи кунунии ҷаҳонӣ шурўъ шуд, Президент Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёиёни тоҷикро дар роҳи худогоҳии давлатдории миллӣ ба асри даҳ - замони шукуфоии давлати Сомониён кашид.
Маҳз дар ҳамин давра шакл гирифтани давлатдории халқи тоҷик, принсипи ҳамзистии осоишта ва ҳамсоягии нек рукни асосии сиёсати давлатӣ гашт, ки ба рўҳу анъаноти мардуми сулҳпарвари фарҳангдўст ва барои табодул ҳамеша омода пурра ҷавобгў буд.

Аз таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки борҳо аз тарафи истилогарони аҷнабӣ ранҷу озор дидааст, вале ҳаргиз ба рисолати миллии худ хиёнат накардааст, сабақҳои дўстӣ ва ҳамсоягии нек бармеояд. Тоҷиконро ба ин чиз қабл аз ҳама мероси ғании маънавӣ, фарҳанг, муттасилии анъанаҳо ҳидоят менамояд. Онҳо ҳаргиз шаъну шараф ва ифтихори миллии худро доғдор накардаанд.
Туркҳо дар асри XI кўшиши зиёд ба харҷ доданд, то ки давлати тоҷиконро ба худ мутеъ созанд, аммо дар айни замон принсипҳои идораи давлат, анъанаҳо ва расму ойини тоҷиконро пурра қабул намуданд, забони давлатӣ низ ҳамоно тоҷикӣ буд. Ба қавли шарқшиноси шинохтаи маҷор Герман Вамбери, тоҷикон баъд аз гирифтории асорат низ нисбати истилогарони худ мақоми мутамаддинсозиро ишғол менамуданд.

Ғояи ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён дар соли 1999 аз ибтидо барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ равона шудааст ва ягон даъвои дигаре дар Осиёи Марказӣ надорад. Беҳуда нест, ки ҳангоми матраҳи ин ғоя дар вохўриҳо бо зиёиён, занон ва ҷавонон, Президент Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки ҷуғрофияи сиёсии гузашта ба ҳеҷ ваҷҳ, набояд ба воқеияти ҳаё-ти кунунӣ таъсир расонад.
Баъди муваф-фақ шудан ба ис-тиқлолияти дав-латӣ, вақте ки имкони ташак-кули шаклҳои нави идоракунии сиёсӣ ва иқти-содӣ даст дод, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президент бо мамониатҳои зиёди объективӣ рў ба рў шуд, ки хоси давраи гузариш аз ҷомеаи тоталитарӣ ба демократӣ мебошанд ва ҳар касе, ки дар худ ҷасорат пайдо кардаву зимоми киштии раҳнаёфтаро ба даст мегирад, бояд онҳоро аз сари роҳи худ дур кунад.
Ҳоҷати гап ҳам нест, ки ба Эмомалӣ Раҳмони аз бозиҳои сиёсӣ бохабар ҳангоми ба сари қудрат омадану ба гирдоби муборизаҳои сиёсӣ ворид шуданаш чи мероси гароне монда буд. Вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ аз касофати буҳрони шадиди давлат боз ҳам мураккаб гардида, сохторҳои конститутсионӣ қариб ки амал намекарданд, ҳокимият фалаҷ гашта буд.

Барои ин давраи мубҳам ҳамчунин авҷ гирифтани фаъолияти унсурҳои ҷинояткор ва дар ҳоле ки мухолифони Эмомалӣ Раҳмон шикасти ўро нигарон буданд, талоши сиёсатмадорони худхоҳ барои ҳокимият хос буд.
Вале пешгўиҳои сиёсатмадорони кўтоҳназар пуч баромад, зеро онҳо як чизи муҳимро сарфи назар карданд – Эмомалӣ Раҳмонро халқ дастгирӣ мекунад, халқе, ки вай аз байни он баромадааст. Ин чиз, алалхусус, дар вақти интихоботи Президент, ки аксари кулли овозҳоро гирифта буд, хеле возеҳу равшан аён гардид. Дар Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе бошад (дар панҷ сол чунин анҷуман се маротиба барпо шуд), аз ҷониби як нафар меҳмони хориҷӣ сухане рафт, ки аҳли толор бо мавҷи қарсак истиқбол намуданд. Он сухан ин буд: «Эмомалӣ Раҳмон - Президенти ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст».
Вақт бо шасту ҷадал пеш меравад, аммо роҳу равише, ки Конститутсия муқаррар намудааст, бетағйир мемонад. Тоҷикистон бо роҳи бунёди давлати демократӣ, ки ба иқтисоди бозаргонии тавъам бо адолати иҷтимоӣ асос ёфтааст, устуворона пеш меравад.

Ислоҳоти куллии иқтисодӣ ривоҷ ёфта, муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифтааст. Хусусигардонии моликияти давлатӣ бомуваффақият идома дорад. Шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ пайдо шуданд.
Сарзамини Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок ниҳоят ғанӣ мебошад. Дар натиҷаи таҳқиқи мунтазами геологии ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои фаровони маводи сўзишворӣ ва конҳои сангҳои қиматбаҳо, маводи сохтмонӣ, фулузоти ранга ва нодир кашф гардидаанд. Ҳоли ҳозир бештар аз 400 кони канданиҳои фоиданок кашф шуда, тақрибан 100-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки аз онҳо 40 навъи маводи маъданӣ ва сўзишворӣ истихроҷ мешавад. Аз ҷиҳати захираи мис, нуқра, тилло, қўрғошим, руҳ, висмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг, обҳои минералӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ҳамчунин захираҳои бузурги намак ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд.
Канданиҳои фоиданоки мамлакат ганҷи бебаҳоянд, аммо фақат истифодаи оқилона, пурсамар ва сарфакоронаи онҳо, чунон ки Эмомалӣ Раҳмон мудом таъкид менамояд, заминаи ободонии кишвар шуда метавонад. Муҳити мувофиқ, ки тайи солҳои охир ба вуҷуд оварда шудааст, ба маблағгузориҳои хориҷӣ дар кори азхудкунии васеи канданиҳои фоиданоки кишвар мусоидат хоҳад кард. Боиси қаноатмандист, ки дар як муддати кўтоҳ беш аз 240 корхонаи гуногуни муштарак арзи вуҷуд намуд. Онҳо асосан бо дастгирии ширкатҳои хориҷӣ пайдо шуданд. Чунончи, корхонаи муштараки британиягиву тоҷикии «Зарафшон» барои истеҳсоли даҳ тонна тилло пешбинӣ шудааст. Корхонаи амрикоиву тоҷикӣ, ки ба истеҳсоли молҳои чармин махсус гардонида шудааст, ҳамчунин фабрикаи кешбофии Кореяи Ҷанубиву тоҷикии «Кабоол Тоҷиктекстайлз» ва ғайра низ ба ин мисол шуда метавонанд.

Мувофиқи Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ то солҳои наздиктарин кишвар бояд дар соҳаҳои муҳим - кишоварзӣ ва энергетика соҳибистиқлол гардад.
Ба деҳқонон тақсим карда додани 75 ҳазор гектар замин (дар мамлакате, ки 93 фоизи қаламрави он аз кўҳ иборат аст, ин иқдом воқеъан инқилобӣ буд) низ аҳамияти бузург дорад, зеро баъд аз ин истеҳсоли ғалла ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ чандин карат афзуд. Ин таҷриба собит менамояд, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва оқибатҳои он, тақсими замин ба деҳқонон дар боздоштани пастравии истеҳсолот, авҷ гирифтани ташаббускорӣ аз поён нақши муҳим гузошта метавонад.
Пешравии босуръати минбаъдаи ҷумҳурӣ бе тараққиёти энергетика амри маҳол аст. Маҳз барои ҳамин Президент ташаббускори тезонидани бунёди истгоҳи барқи обии Сангтўда дар рўди Вахш гардид, ки барои тараққиёти Тоҷикистон уфуқҳои тоза мекушояд ва ҳоло неруи арзони он бар манфиати кишвар истифода мешавад.

Арзи вуҷуд намудани аҳзобу ҳаракатҳои нави сиёсӣ, миқдори зиёди ташкилоти ғайридавлатӣ қосиди ҷомеаи ояндаи шаҳрвандӣ мебошанд. Озодии виҷдон мазмуни воқеӣ гирифт ва ба ҳуқуқи демократии тамоми аҳолӣ табдил гардид.
Вале бешак, комбёии бузургтарини он давра пешрафти музокираи байни тоҷикон ба сўйи сулҳу салоҳ мебошад, ки баъд аз се сол ба он, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳусни хотима бахшид. Ин ҳуҷҷат аз анҷоми муқовимат дар миёни тоҷикон башорат дод…
Барои касе пўшида нест, ки музокироти байни тоҷикон, пеш аз ҳама, бо саъю талоши Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳи пойдор дар ҷумҳурӣ, қатъ шудани амалиёти ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ризоияти миллӣ шурўъ гардида буд. Дар натиҷаи нахустин вохўрии ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати умури хориҷаи Русия барпо гардида, ки аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 идома ёфт. Аслан, ин қадами аввалин ба сўйи мақсади дерина, ба сўйи сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ буд.

Аз рўйи инсоф бояд бигўем, ки Эмомалӣ Раҳмон хеле барвақт аз оғози музокирот ҳанўз вақте ки вакили парлумон буд, барои пешгирии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон чанд қадами ҷиддӣ бардошт. Ҳанўз соли 1992 ў ду маротиба ба ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя, ба шаҳри Бишкек сафар намуда, бо собиқ президенти Қирғизистон А.Акаев вохўрда буд, то вазъияти баамаломадаро баррасӣ намояд ва бо дастгирии ў диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба фоҷиаи дар Тоҷикистон рухдода ҷалб намояд.
Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор таъкид сохта буд: «Мо барои музокирот бо ҳамаи неруҳое, ки умеди раҳонидани Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ доранд, омода ҳастем».
Ў ба қавли худ ҳаргиз хиёнат накард, балки бо аъмоли ҳамарўзааш азму иродаи қавии худро собит менамуд.
Ба ин зуҳуроти аҷоиб таваҷҷуҳ кунед. 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Сардори давлат интихоб мешаванд. Баъд аз чаҳор сол, боз дар моҳи ноябр бо афзалияти зиёд дар интихоботи президентӣ ғалаба мекунанд, ҳамзамон Конститутсияи пешниҳоднамудаи ў аз ҷониби халқ пазируфта мешавад. Панҷ сол пас моҳи ноябр ва боз дар таърихи рўзи 16-ум гурезаи охирин ба Ватан баргашт… Инро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Тасодуф? Мувофиқ омадани ҳодисаҳо? Шояд. Вале дар ин муназзамӣ як рамзе низ ба назар мерасад, ки гувоҳи сарнавишти олист ва аз матонату устуворие, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хешро ба амал мебарорад, шаҳодат медиҳад.

Зери чархи кабуд ҳеҷ чиз абадӣ нест. Ҳар як сиёсатмадор ба қадри ҳиммати худ ба рафти воқеаҳо таъсир мерасонад ва дар таърихи кишвар нақше аз худ мегузорад. Чунин нақшро, ки дар ёди пасояндагон ҷовидон мемонад, Эмомалӣ Раҳмон, аллакай ба таври хеле устувор гузоштаанд. Ў ба он муваффақ шуд, ки аз сари нангу номус ҳамватанони гурезаи худро, ки бар асари ҷанги бародаркуш дар ғарибӣ афтода буданд, ба Ватан бозгардонад. Ин пеш аз ҳама, он мардуме буданд, ки дар хоки Афғонистон дар хаймаҳо умр ба сар мебурданд, вале тоҷикони ғарибгашта дар ақсои дигари ҷаҳон низ кам набуданд.
Дар таърихи бисёр кишварҳое, ки ҷанги ҳамватаниро аз сар гузарониданд, гурезаҳо ва муҳоҷирон зиёд буданд. Ҳеҷ кадом аз ин кишварҳо пас аз басанда шудани ихтилофу низоъҳои миллӣ гурезагони худро баргардонда натавонист. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин муваффақ шуданд.
Ба мисли Президент ИМА Авраам Линколн, ки дар замони худ барои ягонагии ҷомеаи амрикоӣ талошҳо варзида буд, Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки суннатҳои давлатдорӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистонро маҳфуз дорад. Ин бузургтарин хизмати ў дар назди халқи хеш, наслҳои оянда мебошад.
Баъд аз соҳибихтиёр шудан Тоҷикистони маҳбубро беш аз 150 мамлакати ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва миёни онҳо алоқаи зичи дипломатӣ барқарор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон тараққиёти минбаъдаи худро ба инкишофи робитаҳои ҳаматарафа бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кулли мамлакатҳое, ки омодаи ҳамкории судманди тарафайн мебошанд, марбут медонад.

Ҳамаи ин тамоюлҳо аз ҷониби чандин ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки аз минбари баланди он суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо додааст, тақвият ёфтанд. «Оламу оламиён, - таъкид мекунанд Президент Эмомалӣ Раҳмон, - огоҳӣ ёфтанд, ки ҷаҳду ҷадали кишвари кўҳсори мо на аз рўйи хешпарастӣ ва суди яклаҳзаина аст, балки ба хотири осоиштагӣ, ҳамсоягии нек ва бунёдкорист, қасди ишғол намудани мақоми сазовор дар радифи мамлакатҳои мутамаддин аст».
Шаҳрвандони Тоҷикистон имони комил доранд, ки кулли орзу ва омоли фархунда ва пуршаъну шарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ҷомаи амал хоҳанд пўшид. Зеро қадамҳои қатъӣ дар ин роҳ аллакай ниҳода шудааст.

Баъди атои Худо гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбуб бунёди нақби Анзоб (баъдан бо пешниҳоди Роҳбари давлат нақби Истиқлол номида шуд) нахустин сохтмоне буд, ки бо ҷаҳду талош ва кўшишҳои шахсии Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Сардори давдат дар рўзи ибтидо ёфтани иншооти мазкур, яъне 20-уми майи соли 1999 чунин гуфта буданд:

“Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳ кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд, ки дар байни Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чор фасли сол ба рўйи мардум кушода бошад. Бигузор падарону модарон ва бародарону хоҳарони мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигузор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди туннели Анзоб кўпруки заррине гардад, ки чун давоми силсилаи “Шоҳроҳи абрешим” қисмати шимоли мамлакатро бо пойтахти он бипайвандад. Бигузор рафтуои мардум аз шарофати ин роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте ки дар иҷлосияи ХVI-уми таърихии Хуҷанд Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон, Сардори давлат интихоб шуданд, ба халқи азияткашидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ карданро бо амри дили пок ҳадафи асосӣ, шоҳроҳи ягонаи сиёсии худ қарор доданд. Биноан аз ҳамон минбаре, ки бори аввал ҳамчун Роҳбар суханронӣ доштанд, бо сари баланд изҳор намуданд:
“Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомўш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намегузорам”.

Роҳбари ҷавони кишвари тоҷикон ин суханонро аз мағз-мағзи ҷисму ҷони худ гуфта буданд. Дар ин барномаи давлатсозии ў эҳсоси ҷасорату ғайрати бузург, ғамхории бепоёнаш нисбат ба мардумони Ватан ифода меёфтанд. Метавон гуфтан, ки минбаъд кулли лоиҳаҳои созандагӣ ва бунёдкории ин родмарди бузург дар ду шаҳсутуни пурқудрати ҷасорат ва ғамхорӣ устувор гардиданд.
Сохтмони нақби Анзоб солҳои ҳаштодуми қарни гузашта шурўъ гардида буд. Умуман, ин сохтмони муҳимро дар замони шўравӣ барвақт анҷом додан имкон дошт, зеро дар ҳамон давра аҳамияти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ғайраро молик буд. Лекин бо кадом иллате оғози сохтмони онро ба дарозо кашиданд ва оқибат бо шурўъ гардидани нобасомониҳо тамоман қатъ намуданд.

Сарвари давлат бо ғаюрӣ ва ҷасорати хоси худашон сохтмони нақби Анзобро ҳамагӣ ду сол баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ оид ба сулҳи тоҷикон шурўъ карданд. Дар ин айём ҳанўз иқтисоди ҷумҳурӣ ҳоли заъфе дошт. Васоити техникии аз замони шўравӣ мерос монда, чандон муқтадир набуд, нақбканон маошашонро мунтазам намегирифтанд. Вале онҳо аз самти шимол ва ҳам аз самти ҷануби нақб Президенти шуҷоъ ва ҷасури мамлакатро дар паҳлуяшон дида, бо ҷўшу ғайрати бесобиқа, талошу заҳмати зиёд мекарданд, то Ватани азизамон обод бошад. Нақбканон ҳар замон бо дидани Сардори давлат ба ояндаи нек дилпур буданд.

Дар ҳамон даврон ба ин сохтмон ба ёрӣ омадани бародарони эронӣ низ ба ваҷҳи соҳибтадбирию мудаббирии Роҳбари давлат амалӣ гардид.
Боре яке аз мо, муаллифони ҳамин мақола ба назди бинокорони ин сохтмони муҳташам сафари хидматӣ намудем. Пас аз ошноӣ бо кори пурзаҳмати нақбканон, шомгоҳ дар ошхонаи меҳмонсарои бағали кўҳи Анзоб ҳамроҳи мутахассисин ва муҳандисини тоҷику эронӣ чой нўшида, суҳбати тўлонӣ доштем.
Яке аз муҳандисини эронӣ дар ҳамон суҳбат чунин гуфт:

- Мо ба кулли ҷамоҳири Осиёи Миёна - Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ўзбекистон сафар намудем ва дидем, ки дар он кишварҳо корхонаҷот, роҳу пулҳо, фабрику заводҳо хеле зиёданд. Маълум мешавад, ки онҳо дар замони ҳукмронии шўравӣ барои ободонии мамолики худ кўшиши бисёр кардаанд. Вале роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободии Ватанашон камтар сайъ намудаанд. Яъне шумо нисбат ба ин ҷумҳуриҳо хеле қафо мондаед.

Мо, тоҷикон, ки дар маҳфил ҳузур доштем, аз ин гуфтаҳои барҳақ мутаассир гардидем.
Сипас, ба ин суханони бародари эронӣ яке аз муҳандисини тоҷик чунин посух дод:
- Акнун ин қафомониро Роҳбари донишманд, дурандешу ғаюри мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф хоҳанд кард.

- Худо кунад, ки чунин шавад,- ҳамовозӣ намуд бародари эронӣ.
Имрўз шукрона мегўем, ки он пешгўии муҳандиси тоҷик ба воқеъият табдил шудан дорад.
Дар кишвари мо ағбаи Анзоб (эрониён гарданаи Анзоб мегўянд) ва гирду атрофи он хосатан дар фасли зимистон хатарноктарин роҳи убуру мурур аст. Ягон соле набуд, ки аз ин роҳ хабари фоҷиавӣ нашунавем. Ҳазорон афсўс, ки ҳангоми сафар кардан одамон нобуд мешуданд. Хусусан дар наздикии минтақаи Майхура, саҳеҳтараш, аз гардиши васли рўди Сиёма ба рўди Варзоб то Майхўра ҳар сол то даҳ-дувоздаҳ нафар мусофирон зери тарма монда, ҷон ба ҷонофарин месупориданд. Барои ҳамин даҳшат мардум ин қитъаи ваҳим ва пуртаҳлукаро аз замонҳои пешин “Новаи мурдаҳо” номидаанд. Ҳар кас агар фасли зимистону вақти барфрезӣ аз ин ҷо мегузашт, яқинан аз тармаю шамоли сарди шадид ба ҳалокат мерасид. Зеро кўҳҳои баланд аз ду тараф дараро танг карда буданд, бинобар ин тарма аз ду самт бо даҳшат фурў мерехту ба роҳгузар ҳеҷ ҷойи халосӣ намемонд.

Агар тўли ҳафтод соли шўравӣ ҳамин роҳи махуфро хурду калон - ҳамагон медонистанд ва аз фоҷиаҳо воқиф буданд, аммо афсўс мегуфтанду мемонданд. Мутаассифона, аз роҳбарони ҳафтод соли ҳукмрони шўравӣ касе ҷуръат намуда, ин хавфу хатари даҳшатангезро бартараф накард.

Вале Роҳбари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кори шарофатмандонаро дар солҳои аввали давлатдориашон ба некӣ анҷом доданд. Алҳол мусофирон дар байни Дашти Кабудаи рўди Сиёмаю Майхўра аз якчанд туннелҳо мегузаранд. Маҳз ҳамин туннелҳо роҳгузаронро аз тармаҳои бо лою сангҳои бисёрҳазортоннагии аз қуллаҳои кўҳ фурўрез ҳифз менамоянду наҷот мебахшанд.
Лоиҳаи нақби Анзоб дар замони шўравӣ тарҳрезӣ шуда, аммо сохтмони туннелҳои алайҳи тарма дар он зикр наёфта буд. Ин туннелҳои наҷотбахш маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидаанд. Зеро Барномаи давлатсозии Президенти мамлакат тавре ки гуфтем, бар ду шаҳсутуни пурқудрат устувор аст: ҷасорат ва ғамхорӣ!

Чунин қиссаҳоро мо дар бораи нақбҳои Шаҳристон, Хатлон, Озодӣ ҳикоят карда метавонем, ки бо рисолату шуҷоати беназири Пешвои миллат эъмор гардидаанд. Аслан ба шарофати сиёсати созандагии Сарвари давлат саросари Тоҷикистон обод гардида, роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, майдонҳои варзишӣ, корхонаҳо қасрҳои фарҳангӣ, манзилгоҳҳо сохта шудаанд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам роҳбари ҷасур, далер, шуҷоатманд ва ғамхори халқ, парастори ятимон, барҷомондагон, пиронсолон мебошанд.
Тавре ки сокинони солхўрдаи ноҳияи Мурғоб ҳикоят мекунанд, дар замони ҳокимияти шўравӣ аз ашхоси рутбааввали ҷумҳурӣ фақат як кас, роҳбари фидокори тоҷикон, котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, шодравон Турсун Ўлҷабоев тобистони соли 1960 ба Мурғоб омада, ба ҳаллу фасли муаммоҳои ноҳия иқдом варзида будааст.

Дар давраи фақат даҳ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб се маротиба сафар кардаанд. Ҳар як сафари Сарвари давлат ба ноҳияи дурдасттарини ҷумҳурӣ Мурғоб хеле муҳим, таърихӣ ва фаромўшнашаванда ҳисобида мешавад.
Баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва ба амал омадани нобасомониҳо дар ҷумҳуриамон шароити зиндагии сокинони ин ноҳияи дурдаст ва баландкўҳ боз ҳам душвор гардида буд. Зеро ҳамон вақт аз маркази кишвар ба мардуми ноҳия ҳеҷ ёрию мадад намерасид. Лекин сокинони ноҳия душвориҳоро пушти сар карда, ҳаргиз ноумед намешуданд ва бовар доштанд, ки оқибат сулҳу оромӣ барқарор мегардаду ҳукумати марказӣ ба ёрӣ меояд.

Дар ҳақиқат, бо ташрифи Сарвари доно, ғаюр, далер, олиҳиммат ва хирадманди давлатамон, хушбахтона, чунин рўз фаро расид. Ҷаноби Олӣ зарурат ва муҳимии тараққиёти хоҷагии халқи ин минтақаро афзалтар шумурда, бо вуҷуди пуркориашон бори аввал соли 1995 ба ноҳияи Мурғоб сафар намуданд. Пеши назари худамон бояд тасаввур бикунем, ки он сол чӣ гуна замоне буд, ҳанўз садои машъуми тирандозӣ дар қаламрави кишвари азизамон ба гўш мерасид. Ҳамон вақт дар дашти Аличур бо сабаби бад шудани вазъияти обу ҳаво чархболи Сардори давлат ногузир ба замин фуруд меояд. Ва Президент тавассути мошинҳои шахсӣ минтақаи душворгузарро тай намуда, ба маркази ноҳияи Мурғоб, ба назди мардум, ки интизораш буданд, ташриф фармуданд. Сокинони ноҳия Сарвари давлат, фарзанди барўманди миллатро бо рўҳбаландӣ ва эҳтироми бузург пешвоз гирифтанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари аввалинашон заруртарин муамморо ҳал карданд, ки ин гарм намудани бемористонҳо, боғчаю мактабҳо, хонаҳои мардум ва идораҳои давлатӣ буд. Бо супориши Сардори давлат барои ҳалли ин масъала маблағ гузаронида шуд ва бо ҳамон маблағ ангишт ва дигар маводи сўхт харидорӣ гардида, одамон аз мушкилот раҳоӣ ёфтанд. Воқеан, зимистони минтақаи Мурғоб баробари манотиқи шимоли дури Русия буда, сардии ҳаво ба манфӣ 50 дараҷа мефарояду аз он ҳам сардтар мегардад ва зарур аст, ки тақрибан соле даҳ моҳ утоқҳои истиқоматӣ гарм карда шаванд.
Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафари дуюмашон аз шароити душвори пиронсолони ноҳия огоҳ гардида, бо амри худ ҳаҷми нафақаи солхўрдагони Мурғобро 2,5 баробар афзун намуданд.

Сарвари давлат бори сеюм ба ноҳияи Мурғоб сафар карда, вобаста ба сохтмони шоҳроҳи Мурғоб-Қулма-Сиёҳсангон ва рў ба тараққӣ ниҳодани минтақа бо квотаи президентӣ масъалаи тайёрии кадрҳои маҳаллиро ҳал намуданд. Акнун аз ин ноҳияи дурдаст духтарону писарони зиёд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил доранд. Як иддае аз онҳо таҳсилотро хатм намуда, дар хизмати халқу Ватан омода ҳастанд ва заҳмат мекунанд. Гурўҳи калони фарзандони ноҳия дар таълимгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистони бародар мехонанд, ки онҳо низ бо квотаи президентӣ ба ин шараф сазовор шаванд.
Духтари сарбаланди диёри Мурғоб Овагул Ислаева, ки бо квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсилро ба анҷом расонида, бо табобати беморони ноҳияи худ машғул аст.
Сокинони ноҳияи Мурғоб донистанд, ки ваъдаҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на дар сухан, балки дар амал буда, воқеияту ҳаққонияти онро бо чашмони худ диданд. Биноан онҳо аз ғамхориҳои Сарвари давлатамон хеле сипосгузор буда, Пешвои миллатро ҳамчун роҳбари содиқ, хирадманд, дурандеш, бузургмарди каёнифитрат самимона эҳтиром менамоянд.

Боз ҳам суханони муҳандиси эронӣ ба ёд меоянд, ки аз имконоту иқтидори даврони шўравӣ барои ободонии ҷумҳуриамон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя камтар истифода бурданамонро бо таассуф мушоҳида кардааст.
- Акнун ин қафомониро Роҳбари донишманди мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф хоҳанд кард,- муҳандиси тоҷик ба таассуфи бародари эронӣ ҳамин тавр посух гуфта буд.
Имрўз шукрона мегўем, ки он қафомонии замони Шўравӣ дар ҷумҳурии мо босуръат бартараф шуда истодаанд.

Аз замони таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба арсаи роҳбарии Ватан зуҳур намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсиятҳои зайл зимомдорони кишвар буданд: Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ўлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов.
Албатта, дар солҳои роҳбарии чор нафари аввал имконияти сохтмону ободонӣ хеле ночиз буд, ин фаҳмост. Лекин замони панҷ нафари охирро бо даврони бисту сеюмин соли ҳукуматдорию давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқоиса намоем, тафовут аз замин то осмон аст! Воқеан ҳам саҳми Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии кишвар беназир аст!
Аз ин рў, посухи муҳандиси тоҷик комилан саҳеҳ мебошад. Дар ҳақиқат Роҳбари донишманд, ҷасур ва ғамхори тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қафомонии ҳафтодсолаи шўравиро дар Тоҷикистони азиз бартараф карданд.

Табиист, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро қабул кард. Интихоби Пешвои миллат зарурати давлатдории навини тоҷикон буда, ин талабу хоҳиши умумии халқ аст.

Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан, барои халқ ва миллати мо хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурўпошӣ наҷот додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ў пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сўйи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шурўъ гардидааст.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аст.

Фаттоҳзода Саидмурод Самад, доктори илмҳои фалсафа

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.