расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хотироти Лоренс: аз Тоҷикистони шӯравӣ, "падари тоҷикаш" ва шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг

. / Ҷомеа

Хотироти Лоренс: аз Тоҷикистони шӯравӣ, "падари тоҷикаш" ва шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг

Ба ифтихори 89-солагии шарқшиноси варзидаи олмонӣ Манфред Лоренс, ки яке аз мубаллиғони Тоҷикистон дар хориҷ буд

Сурат: аз Интернет
Ин матлаб хотироти яке аз нахустин донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шарқшиноси варзидаи олмонӣ, донишманди соҳибэътибори забони форсӣ дар дунё, яке аз муқаққиқони варзидаи забони мо, донишманде, ки аз Тоҷикистон ва мардуму аҳли имлу таҳқиқаш дар ҷаҳон ҳамеша симои мусбат тарсим карда буд, Манфред Лоренс аст, ки имрӯз 89-сола мешаванд. Албатта агар уме бевафоӣ намекарду ин донишманди варзида миёни мо мебуданд. Ин матлаб аз ҷониби сафири донишманди Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо ба ифтихори Рӯзи забон дар Тоҷикистон тарҷумаву нашр, ки хотироте моломол аз меҳру самимияту ифтихору муҳаббату раҳмат аст. Дар ин матлаб дар мавриди шахсиятҳое бихонед, ки Лоренс аз онҳо ба унвони касоне ном мебарад, ки дар сохтани шахсият ӯ дар Тоҷикистон саҳмгузорӣ кардаанд

Сафарномаи донишҷӯе аз Ост-Берлин 

Солҳои тӯлонӣ бо устоди Донишгоҳи Ҳумболдт шарқшинос Манфред Лоренс робитаҳои дӯстӣ доштем. Сари як пиёла чой ва пироги хонагӣ, ки устод хеле моҳирона омода мекард, атрофи рушду такомули забон, бахусус тадқиқоти паремиологии ҳар ду забон суҳбатҳои тӯлонӣ мекардем. Донандаи як зумра забонҳо, чақ-чақӣ ва мусиқинавози варзида буд. Ба синну солаш нигоҳ накарда нақшаҳои зиёд дошт. Он замон ҳар ду нияти сохтани як барномаи транскрипcияи матнҳои классикӣ ба хати тоҷикиро дар сар доштем. Мехостем «китоби таълими забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ» таҳия кунем. Бори охирин вақте ба аёдаташ рафтам, дигар бемору дардманд шуда буд. Он замон аз устод Лоренс хоҳиш кардам, барои як китоби дар ҳоли анҷомёбӣ хотироти даврони донишҷӯии худ дар Тоҷикистонро бароям рӯи коғаз биёрад.  Манфред Лоренс ба ваъдааш вафо кард. Маводи бо мошини ҳуруфчинӣ ва бо забони олмонӣ навиштаашро бароям тақдим карду иҷозатам дод ки онро нашр кунам. Аз ин баъд дидори устод бароям номуяссар шуд. Хабари маргашро замоне шунидам, ки аллакай дохили тайёра будам.
Бо инобати таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ, мехоҳам ин сафарномаи устодро дар шакли фишурда ва бо забони тоҷикӣ бароятон пешниҳод намоям. Ҳадаф аз рабти Рӯзи забони тоҷикӣ ба сафари Манфред Лоренси он замон як донишҷӯи олмонӣ ба Тоҷикистон, ки солҳои 50-уми асри гузашта, нахустсолҳои душвори Ҷанги сард, агар заррае ба маҳзи ҳақwи устодӣ доштани ӯ рабт дошта бошад,  дар маҷмӯъ инъикоси меҳнату заҳматҳои устодони тоҷики он замон баҳри рушди забони тоҷикӣ, ва муаррифии онҳо ба насли ҷавон мебошад, чун мароми муаллиф аз ин матлаб низ маҳз ибрози арҷу сипоси эшон ба онҳост. Гузашта аз ин, агар умр бевафоӣ намекард, пагоҳ яъне 6 октябр устод ба синни мубораки 89 мерасиданд. Пас, шурӯъ мекунам.

Дебоча

Баъди хатми факултаи эроншиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин (он замон Олмони Шарқӣ) ман соли 1957 барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон роҳхат гирифтам. Қарор буд ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (минбаъд ДДТ, ҳоло ДМТ) ба сифати унвонҷӯ-аспирант забон ва адабиёти тоҷикро омӯхта, бо ҳаёти мардуми як кишвари шарқии дур аз Олмон ошно гардам ва ниҳоят барои кори илмиам маводи лозим ҷамъоварӣ кунам.
Президенти Тоҷикистон аз хидматҳои бемисли Лоренс қадрдонӣ мекунад
Сафар ба Тоҷикистон, ки 5 ҳазор километр дур аз зодгаҳам қарор дорад, нахустин сафари ман ба хориҷи кишвар буд ва чи аз лиҳози инсонӣ ва чи аз лиҳози илмӣ ба ҳаёти минбаъдаам нақши муассир гузошт. Дертар ман имкон доштам чандин маротиба бо ҳадафҳои корӣ ва хусусӣ ба Тоҷикистон сафар кунам. Нахуст фарзандам замоне ба дунё омад, ки худ дар Тоҷикистон будам. Аммо нахустсафарам барои мураттаб сохтани фаъолияти минбаъдаи илмиам нақши ҳалкунанда бозид.
Ҳар дафъа ки порае аз ҳаёти худ дар Тоҷикистонро ба ҳамсар ва фарзандону дӯстонам ҳикоя мекардам, бароям тавсия медоданд, ки роҷеъ ба таассуротам аз сафар, донишгоҳ, устодону ҳамсабақон ва шаҳри зебои Душанбеву атрофи он ёддошт нависам. Аслан худам ҳам мехоҳам  таассуротамро аз ҷашну маросимҳои тоҷикӣ, сафарҳоям ба дигар шаҳрҳо, оид ба иштирокам дар ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Шаҳртус ва ғ. дар шакли китоб гирд орам. Чи хел вақт тез мегузарад, ман бошам ҳанӯз ҳам тасмими худро ниҳоӣ накардаам. Аз як ҷониб кори ҳаррӯза, ҳаёти оилавӣ ва вазъи сиёсӣ он замон то ҳол бароям даст надод, то ин ҳадафам амалӣ шавад.
«Барои матлабе ки аз ман хоҳиши навиштанашро кардед, ман бо эҳтимоли зиёд имкони инъикоси пурраи он ҳама таассурот ва дарҷи ашхоси ошноро надошта бошам. Шояд ёдрас кардани ҳамаи он нафароне ки дар асл бароям таассуроти нек гузоштаанд, ғайри имкон бошад. Ба ҳар ҳол, аз сафарам қариб ним аср гузашт. Шояд баъзеашон дар қайди ҳаёт набошанд. Аммо хотироти ман нисбати он нафарон ҳамеша боқӣ хоҳад монд».
Аз Берлини Шарқӣ ба Душанбе бо қатора
18 сентябри соли 1957 қаторае, ки ман 5 рӯз пеш дар Маскав ба он нишастам, ба истгоҳи роҳи оҳани Сталинобод расид. Бо қарор гирифтани қатора дари он кушода шуду дар раҳрав садои зане баланд шуд, ки бо забони буррои олмонӣ маро мепурсид: «Шумо ҳаминҷоед, ҷаноби Лоренс?» Ин садои тарҷумон Флора Михайловна Меҳринг буд, ки бо намояндаи донишгоҳ ба пешвози ман омада буданд. Номи ин хонумро аз он сабаб ёдрас карданиам, ки ӯ дар таблиғи забони олмонӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда дошт. Ҳангоми дар Душанбе қарор доштанам ман борҳо ба шӯъбаи забони олмонии ин донишгоҳ меомадаму бо устодон робитаи хуб доштам.
Яке аз воқеаҳои фараҳбахшу фаромушношуданӣ ҳеҷ аз хотирам намеравад. Ин воқеа баъди чаҳор соли ба Олмон баргаштанам дар рӯзи ҳимояи кори илмиам дар шаҳри Берлин рух дод. Миёни иштирокчиён дар толор як нафар омӯзгорзани тоҷик низ ҳузур доштааст, ки чанде пеш барои такмили ихтисос ба Берлин омада будааст. Баъди ҳимояи бобарори кори илмиам ин зан аз ҷой бархосту дар назди комиссияи санҷишӣ ба сари мани дар ҳайратафтода ба ҷои «каллапуши докторӣ» тоқии тоҷикӣ пушонд. Бо эҳтимоли зиёд ин яке аз омӯзгорони ҳамон шӯъбаи забони олмонии донишгоҳ буд.
Аз зинапояи қатора поён шуда истода будам, ки маро дар баробари дигар намояндагони донишгоҳ як зани ситорагам бо гулдаста пешвоз гирифта бо забони тоҷикӣ хайрамақдам хонд. Ман ки дар Берлин чанд сол боз забони форсӣ таҳсил кардаву худро донандаи забон меҳисобидам, аслан чизе нафаҳмидам.  Албаатта ин вазъ бо гузашти чанд моҳ тағйир ёфта бошад ҳам, ҳанӯз дар нахустин рӯзи ба Тоҷикистон расиданам мавзӯи кори илмиам мушаххас гардид. Он вақт ман ба хулосае омадам, ки дар мавзӯи «Фарқият миёни забони тоҷикии муосир ва забони форсӣ дар Эрон» рисолаи худро нависам. Гуфтаги барин, ман бо ин зан дар сафарҳои минбаъда чандин маротиба сӯҳбатҳои судманд доштам. Номи ӯ Мукаррама Қосимова, роҳбари кафедраи забони тоҷикӣ дар ДДТ буд. (Профессор Мукаррама Қосимова, забоншиноси маъруфи тоҷик, муаллифи китоби "Матни классикӣ", рӯзи 2-юми октябри соли 2020 дар сини 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Равонашон шод бод!)

Хобгоҳи пур аз олимон

Моро ба хобгоҳе бурданд, ки дар кӯчаи ба номи Куйбишев ҷойгир буд. Мегуфтанд, ки ин ҷо қаблан яке аз вазоратҳо ҷой гирифта буду акнун  унвонҷӯёну кормандони ҷавон бо оилаҳои худ зиндагӣ мекунанд. Намояндаи хобгоҳ хонум Галина Сахарова аспиранти ҷавонеро ба ман муаррифӣ кард, ки дар бобати илмҳои таърих пажӯҳиш мекард. Ин ҷавони тоҷик ва ҳамсинну соли ман, ки оянда яке аз дӯстони наздику самимии ман дар Тоҷикистон гардид, Мансурхон Бобохонов буд.
Лоренс бо дӯсти тоҷикаш профессор Мансурхон БобохоновАкс аз бойгонии хонаводагии Бобохонов
Аз Бобохонов ман дар бобати таърихи Тоҷикистон, роҷеъ ба ҳаёти мардуми таҳҷоӣ ва моломоли анъанаҳои исломӣ бисёр чизҳоро омӯхтам. Дертар ман бо оила ва хешовандону дӯстонаш ва дигар нафарон аз миёни мардуми одӣ шинос шудам. Баъди ба Олмон баргаштанам ман бо эҳсосоти форам ба наздиконам нақл мекардам, ки ҳамчун узви як оила дар Конибододоми Тоҷикистон эътироф шудаам. «Падари тоҷикам» (манзураш падари дӯсташ Бобохонoв) вақти гусели ману ҳамсарам ба Олмон хеле ашк рехта буд. Чунин ашкрезии як нафар пирамард аз ҳама чизи дунё дида арзишмандтар аст-агарчи он таҷассумгари меҳру муҳаббат ва ғояти дустии самимӣ буд.  Мо ба забони тоҷикӣ суҳбат мекардем, ҳатто бо гузашти чандин солҳо низ, вақте Мансур бо хонумаш Зебо меҳмони ман дар Берлин буданд, суҳбатҳои мо бо забони тоҷикӣ сурат мегирифтанд.

Аз таҳсил то пахтачинӣ

Рӯзи дигар маро ректори донишгоҳ пазируфт.  Намедонистам чи тавр сипоси худро ба Солеҳ Ашӯрович Раҷабов иброз намоям. Сарвари донишгоҳе ки дар он зиёда аз 2000 нафар таҳсил мекарданд, бешубҳа масъулияту вазифаи бисёр дошт, вале новобаста аз ин ӯ вақт пайдо карда бо ман суҳбат мекарду аз муваффақиятҳоям пурсон мешуд.
Ректор барои пайдо кардани ҷойи истиқомат, барои тамошои масҷид ва мулоқот бо намояндагони олии уламои исломӣ бароям мусоидат мекард, ки барои он солҳои мушкил хайрхоҳии фавқулода ҳисоб меёфт.  Ӯ ҳатто иҷоза дод, ки ман аз ҳисоби донишгоҳ ба Самарқанду Бухоро ва Тошканд, маркази фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ сафари омӯзишӣ анҷом диҳам. Нафареро ки он замон маро зимни сафар ба шаҳрҳои болозикр ҳамроҳӣ мекарду бо хешовандону дӯстонаш шинос намуд, ҳангоми сафари навбатиам ба Тоҷикистон (1970) вохӯрдам. Субҳонқул Мухторов аллакай декани факултаи математикаи ДДТ таъин гардида буд.
Агарчанде ман он замон ба ҳеҷ як ҳизбу ҳаракат тааллуқ надоштам, аммо маро Котиби ҳизби донишгоҳ Рустам Юсуфбеков - марди наҷиби ишкошимӣ ба ҳузур пазируфт. Ҳанӯз ҳам овози нарму каме гирифтаи ӯ дар гушам садо медиҳад, ки дар ҳар як ҷашну маросимҳои донишгоҳӣ ба муносибати ман, дӯсти берлинӣ, қадаҳ мебардошт.
Бо Котиби комсомоли донишгоҳ Раҳим Додихудоев, ки бо изҳори таассуфи амиқ хеле бармаҳал моро тарк намуд, риштаҳои дӯстии мо хеле мустаҳкам гардид. Мо чандин дафъаҳо чи дар Душанбе ва чи дар Бамбергу Берлин вохӯрдем. Охирин ҳамкории мо роҳбаладии як нафар унвонҷӯи афғон буд, ки дар бобати омӯзиши забони шуғнонӣ – забони модарии Раҳим таҳқиқот мебурд.
Рӯзи нахустини баъд аз расида омаданам маро бо роҳбаладам шинос намуданд. Додоҷон Тоҷиев – роҳбари кафедраи забони тоҷикӣ. Мо ҳафтае як маротиба вохӯрда оид ба махсусиятҳои грамматикаи забони тоҷикӣ суҳбат мекардем. Бозор Тилавов – он замон омӯзгори ҷавон - ба утоқи ман дар хобгоҳ омада бароям дарси тоҷикӣ медод ва матнҳои мураккабро мефаҳмонд.  Бозор Тилавов ба унвони доктори илмҳои филология расида, солҳои охир ҳамчун фолклоршинос дар Академияи Илмҳо фаъолият мекард.
Ба ман ҳамчунин тавсия доданд, ки дар машғулиятҳои соли чоруми таҳсили филология (шарқшиносӣ) низ иштирок кунам, ки барномаи таълимии он бароям хеле ҷолиб буд. Маро «ҳамсабақонам» базудӣ ҳамчун «бачаи худӣ» қабул намудаанд. Бисёре аз онҳоро дар сафарҳои минбаъдаам вохӯрдам, ки аллакай дар мансабу вазифаҳои баланд фаъолият мекарданд. Чунончи, дӯстонам Юнусов ва Кароматуллоева дар китобхонаи давлатӣ, файласуф Мусо Диноршоев, ки ҳамроҳаш ба сафари Ҷилликул рафта будам, Акбар Ҷураев, ки ҳанӯз дар давраи донишҷӯияш ба фаъолиятҳои актёрӣ машғул буд, ҳама дар вазифаҳои ҷиддӣ фаъолият мекарданд. Дигаронро аз қабили арабшинос Аҳмадҷонов, ки мо шӯхиомезу бародарона «Муллоараб» меномидем, дар Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳо фаъолият мекард.
Инҳо ҳама воқеан дӯстони асилу ҳақиқӣ буданд. 4 октябри соли 1956 ман ҳамроҳи онҳо барои 2 ҳафта ба ҷамъоварии пахта рафтам. Сафар дар болои мошини боркаши болояш кушода дар ҳавои ҳанӯз ҳам гарму ғуборолуд барои ман барин шахси ноозмуд осон набуд. Аммо баъди ин сафар ман дарк кардам, ки пахта барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ аҳамияте дораду бо чӣ тарз он ҷамъоварӣ мешавад.  Рӯзи нахустин ман бо пешбандаки пахтағундорӣ қатори дигарон ба саҳро рафтам, аммо баъдан бо изҳори хайрхоҳӣ бароям гуфтанд, ки ҳамчун аспирант мавқеи «муаллимро» дораму ба масъулиятам аз пахтачинӣ дида бештар назорат аз болои дигарон дохил мешавад. Ман ки бе ин ҳам ёрои иҷрои уҳдадории ҳар рӯзаи ҷамъовариро надоштам, аз ин ҳолат хурсанд шуда, ба донишҷӯён ёрӣ медодам.
Ба ҷуз аз дарсҳои Тоҷиев ман инчунин дар машғулиятҳои назариявии Соҳиб Табаров (адабиёти муосир), Ш. Ҳусейнзода (адабиёти ниёгон ва вазни шеър) ва профессор Ниёзмуҳамедов иштирок мекардам. Донишҷӯёни соли сеюми факулта дар доираи фани лаҳҷашиносӣ ва ҷамъоварии вожаҳои хоси лаҳҷаҳо маро бо худашон ба деҳаи Роҳатӣ бурданд. Ин чорабиниҳои гуруҳӣ, омӯзишҳои муштарак, бахусус робитаи бевосита бо мардуми таҳҷоӣ барои корҳои илмӣ ва фаъолиятҳои ояндаам хеле арзишманд буданд. Табаров он замон ҳамчун проректор оид ба илм дар роҳбаладии кори илмии ман низ то андозае иштирок дошт. Бахусус бояд профессор Ҳилол Каримовро  қайд кунам, ки новобаста аз масъули дигар кафедра буданаш ҳамчун донандаи хуби забони тоҷикӣ пайваста ба ман дар таҳияи кори илмиам дар мавзӯи «Рушди забони тоҷикӣ» кӯмак мекард.  Умуман, дар дипломи ман, ки 14 июни соли 1958 судур шудааст, соядаси устодон С.А. Раҷабов, С.Ш. Табаров, Д.Т Тоҷиев ва Ҳ.К. Каримов меистад.
Хонаи Лоренс дар Олмон, ки тоҷикӣ ороста шудаастАкс: Радиои Озодӣ
Ногуфта намонад, ки аз кормандони Академияи илмҳо, профессор М. Фозилов, Абдулғанӣ Мирзоев, ки ӯро соли 1964 дубора зимни баргузории Конгреси байналмилалии шарқшиносон дар Деҳлӣ дидам, хеле сипосгузорам.
Бояд қайд кунам, ки доираи дӯстии ман танҳо миёни тоҷикшиносону эроншиносон маҳдуд набуд. Ҳангоми танаффусҳои нисфирӯзӣ, мо дар ҳавлии донишгоҳ дар ошхонае, ки муваққатан дар ҳавои кушод сохта буданд, бо кормандону омӯзгорон оши палов, шашлик ва ё шурбохӯрон суҳбат мекардем. Чун ягона меҳмон аз ин қисмати Аврупо будам, бо камоли майл ба ҳамсабақону таваҷҷуҳмандон дар бораи кишвари худам ҳам, ки он замон (то 3 октябри соли 1990) танҳо як қисми Олмони имрӯзаро дар бар мегирифт, ҳикоя мекардам.
Аз дигар нафароне, ки номи онҳоро нагирифтам, хоҳиш дорам ки маро бубахшанд.  Бо гузашти анқариб ним аср ман ҳанӯз ҳам бо изҳори сипос ёди он рӯзҳо ва ҳамаи онҳо мекунам.
Душанбе - Маркази байналмилалии шарқшиносӣ
Донишгоҳи давлатии Душанбе ҳамеша маркази шарқшиносӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми сафарҳои минбаъдаи худ ман он ҷо олимони зиёдро аз гушаҳои мухталифи дунё вомехӯрдам.  Бо В. С, Расторгуева, А.З. Розенфельд, Д. С. Комиссаров ва бисёр нафарони дигар, ки дар ташаккули забони тоҷикиву форсӣ бисёр корҳои илмӣ анҷом додаанду ман бо онҳо ман дар оянда ҳамкорӣ доштам, маҳз дар Душанбе шинос шудам. Замони дар Душанбе қарор доштанам шарқшиносони он солҳо ҷавон В. И Лившитс ва Е.М Орански дар Тоҷикистон кор мекарданд. Мулоқоти ман бо профессор А.А. Семенов, марди пиронсоли бурутдор ва дар сар кулоҳи хасину дар тан куртаи хоси русӣ, ки бароям донандаи хуби таърихи Аморати Бухоро ба ҳисоб мерафт, фаромушношуданӣ буд.
Ман маҳз дар Тоҷикистон имкон доштам бо яке аз беҳтарин донандагони адабиёти тоҷик, олими чех Иржи Бечка шинос шавам. Ин шиносоӣ бо мурури замон ба дӯстии мустаҳкам табдил ёфт. Ман дар ҳамоишҳои байналмилалӣ роҷеъ ба забони тоҷикӣ маърӯза мекардаму Бечка бошад дар бораи адабиёти тоҷик баромад мекард. 
Баъди Тоҷикистон дар бораи Тоҷикистон
Cафари ман ба Тоҷикистон дар марҳалаҳои минбаъдаи ҳаётам таъсири амиқ гузошту маро водор кард, ки дар баробари забону адабиёти форс ба улуми Осиёи Марказӣ низ машғул шавам. Соли 1967 дар ҳамкорӣ бо устод ва дӯстам Бузург Алавӣ «Китоби дарсии забони форсӣ»-ро таҳия ва чоп кардем. Соли 1977 маро ҳамчун устоди забони тоҷикӣ ва забонҳои осетии донишгоҳи Ҳумболдти Берлин таъин карданд. Он вақтҳо мо хеле кӯшиш кардем, то дар ин донишгоҳ риштаи афғоншиносӣ низ таъсис ёбад. Соли 1987 ман профессори бахши шарқшиносии ҳамин донишгоҳ ва ҳамин тариқ масъули ҳама самтҳои бахши шарқшиносӣ гардидам, ки дар баробари форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ, пашту, осетӣ, курдӣ инчунин дигар забонҳои қадимаи эрониро низ дар бар мегирифт. Баъди муттаҳидии ҳар ду Олмон бо ташаббуси ман дар Донишгоҳи Ҳумболдт самти нави таҳсил зери унвони Илмҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки ман онҷо то соли 1993 ба таълими забонҳо, забон ва адабиёти тоҷик ва мардумони Осиёи Марказӣ машғул будам. Баъди ба нафақа баромадан кори маро шогирдонам давом дода истодаанд.
Ҳабибулло Саидмуродов, Мирсаид Миршакар, Манфред Лоренс ва Солеҳ Ашӯров, ДушанбеАкс: Радиои Озодӣ
Дар даврони пирӣ кас барои андеша вақти кофӣ дорад. Ҳар замоне ки даврони ҷавониро пеши назар меорам, симои дӯстонам, Тоҷикистон ва лаҳзаҳои сафарам дар ин кишвар пеши назар меоянд. Эҳ, чӣ қадар давраҳои хуб буд.  Ман ба Тоҷикистони офтобӣ ва мардуми наҷиби он сулҳ ва некӯаҳволии афзоянда таманно дорам. Ба ҳама нафароне ки дар таҳияи кори илмии ман саҳм гузошта бароям дӯстиву садоқати бемисл ато карданд, миннатдорам.
Манфред Лоренс, Берлин, соли 2017.
Манфред Лорентс баъди баргаштанаш солиёни дароз профессори кафедраи шарқшиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин буд, ҳамзамон тарҷумони расмии роҳбари онвақтаи Олмони шарқӣ барои забонҳои тоҷикиву форсӣ ба ҳисоб мерафт. Зимни фаъолият ӯ роҳбари ҳайати таҳририяи тарҷумаи китобҳои С. Айнӣ (Марги судхур, Ёддоштҳо)-ро ба ӯҳда дошт ва муаллифи даҳҳо мақолаву гузоришҳои пажӯҳишӣ, тарҷумони зиёда аз 100 ҳуҷҷати таърихӣ, ҳикояву афсонаҳои мардуми форсу тоҷик мебошад.
Шахсан, бароям боиси сарфарозӣ аст, ки заҳмату меҳнатҳои як нафар шарқшиноси олмонӣ, ки баъди ҳамагӣ як соли таҳсил дар Тоҷикистон ин қадар меҳру муҳаббат нисбати кишвари мо дошт, аз мадди назари роҳбарияти кишварамон дур намонд.
Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари расмии худ ба Олмон дар ҳошияи як мулоқоти расмӣ дар ҳузури ҳамватанон ва зиёиён профессор Манфред Лорентсро барои саҳми босазояш дар рушд ва таблиғи забон ва адабиёти тоҷик дар хориҷи кишвар бо ордени «Дустии халқҳо» сарфароз гардонд. Қаблан ӯ бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллӣ ва донишгоҳи славянӣ қадрдонӣ гардида буд.
Манфред Лоренс моҳи майи соли 2017 аз олам чашм пӯшид. Китобхонаи хусусии ӯ бо хоҳиши худаш ба Сафорати Тоҷикистон тақдим гардид.
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист,
к-аз ақибаш зикр хайр зинда кунад номро.

Ба ҷойи охирсухан

Турфа тазоде.  Кас вақте ба саргузашти ин шарқшиноси олмонӣ шинос мешавад, беихтиёр ба худ савол мегузорад: Чӣ қадар кас бояд пешаи худро дӯст дорад, ки ба ин ҳама маҳдудиятҳо дар андешаи навовариву кашфу дастовард бошад. Новобаста аз душвориҳои баъдиҷангии он замон, дурии роҳ, нобуди воситаҳои алоқа олимону алоқамандон ҳазорҳо чақримро пушти сар карда ба кишварҳои якдигар сафарҳо мекарданду пажӯҳишҳо анҷом медоданд. Олимони тоҷики замон низ ба маҳзи имкони мусоид дар таблиғи забону уфру одати худ буданд, ҳадди аққал кушиш мекарданд бо имконоти мавҷудаи вақт робитаҳо барқарор кунанду кишвари худро муаррифӣ намоянд, барои насли оянда чизи наве меофариданд, забонро суфта мекарданд, истисноҳоро шарҳ медоданд, усулҳои нави таълим меофариданд.
Новобаста аз маҳдудиятҳои низоми он замон, афзалияти забони ҳукмрон, аҳли зиё дар андешаи ҳифзу такмили забони модарӣ, баҳрагирӣ аз кашфиёти олимони дигар кишварҳо ва таблиғи забони худ қарор доштанд. Басо чолиб аст, ки таваҷҷуҳи ҳар ду кишвар нисбати забону фарҳанги якдигар баъди хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ афзоиш ёфт.
Лоренс бо сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо
Соли 1966 дар Ҷумҳурии Демократии Олмон повести «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ ба забони олмонӣ, соли 1979 дар кишвари он замон Чехословакия асари Ф.  Муҳаммадиев «Дар он дунё» ба забони чехӣ ва худи ҳамон сол дар Полша китоби Бобоҷон Ғафуров ба забони полякӣ тарҷума ва нашр шуданд.
Дар Душанбе китобхонаи фурӯши китобҳои олмонӣ (назди тарабхонаи Гулдаста) таъсис ёфту дар Берлин ба тарҷумаи асарҳои Айниву Муҳаммадиев шурӯъ карданд. Агар олмониомӯзони ҷавон дар Душанбе интизори шумораи навбатии маҷаллаи JUMA буданд, дар Берлин барои таълими забони тоҷикӣ кафедраҳо таъсис дода (Берлин, Бамберг) устодони тоҷикро даъват мекарданд.
Магар эътироф, ибрози ному насаби пурраи олимони тоҷик аз тарафи як олими олмонӣ бо гузашти ним аср, таъкиди ҷузъиёти ҳар як мулоқоту суҳбат бо онҳо ва огаҳӣ аз ҳаёти минбаъдаи онҳо худ тимсоли ҳурмату арҷгузорӣ нисбати забону фарҳанги халқи тоҷик нест? Магар талоши ҳар ду ҷониб барои бақои забону таблиғи он фазилати хосу фавқулода нест?
Технологияҳои муосир ва ҳаёти имрӯза барои роҳаттар анҷом додани ин корҳо чӣ қадар шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд. Саволе ба миён меояд, ки то чӣ андоза хоҳишу мароми мардум нисбати забон ва фарҳанги хеш боқӣ монда ва то чӣ миқдор омодааст, баҳри рушду нумуъ ва таблиғи он иқдом намояд.
Дар ҳоле ки мардуми кишвари ҳамсояи мо Афғонистон дар натиҷаи кашмакашиҳои 40 соли охир сарсарону саргардон ва пароканда дар чор гушаи дунё гаштаанд, мо дар китобхонаҳои ҳамагӣ ду донишгоҳи Олмон зиёда аз 40 луғату фарҳангҳои дузабонаву бисёрзабонаи олмониву дарӣ ва тарҷумаи садҳо асарҳои шоиру нависандагони афғонро пайдо кардем. То ба имрӯз ҳамагӣ 2 луғати олмонӣ- тоҷикӣ вуҷуд дорад. Ҳатто ба миқдори шумораи ангуштони як даст тарҷумонони эътирофшуда барои забони тоҷикӣ-олмонӣ пайдо кардан мушкил аст.
Даҳҳо нафар тоҷикон имрӯзҳо кишварҳои Аврупоро макони зисти худ қарор додаанд. Шоиру забоншиносу тарҷумону коршиносу таҳлилгар, ки ту гуфтӣ, ҳама бутони ҷаҳон анҷуман ороста, дар андешаи бақои миллату меҳананд. Афсӯс, ки ин анҷуман имрӯз рисолати худро як тараф гузошта, саропо атрофи сиёсат тамаркуз кардааст.
Дар ҳоле ки мутобиқсозии хати (графикаи) забони тоҷикӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ҳанӯз ҳам такмил наёфтааст, луғати электронӣ барои ислоҳи матнҳо вуҷуд надорад, санҷиши граматикии забони тоҷикӣ дар режими онлайн нест, транскрипсияи китобҳои куҳна ба забони тоҷикӣ, ҳуруфчинии матни тоҷикӣ тавассути садо, табдили садо ба матн, таҳияи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таълими забон дар режими онлайн ва ғ. бахшҳое ба ҳисоб мераванд ки заруранд ҳар чи тезтар рушду нумуъ ёбанд. Баррасии ин мавзӯҳо дар баробари рушду таблиғи забони тоҷикӣ метавонанд ҳамчун манбаи даромади молии ҳар як забоншиноси мусаллаҳ бо технологияҳои муосир гарданд. Имконе, ки месазад болояш андеша кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.