расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”

Рӯзи 16 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори идории Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева, ки бо сафар дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар нишасти хабарии пас аз вохӯрӣ бо сарвари давлат Кристалина Георгиева изҳор намудааст, ки зимни мулоқот имконияти дар оянда тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории самарабахши Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
“Мо Барномаи нави ХБА барои Тоҷикистонро муҳокима кардем, ки ба самти дастгирии идомаи ислоҳот дар кишвар, беҳдошти фазои маблағгузорӣ, ҷалби сармоягузорон, истифодаи маблағҳои буҷетӣ баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, - иброз доштааст Георгиева. - Ин барномаи зарурӣ дар ҳолате амалӣ мегардад, ки Тоҷикистон сохтмони яке аз лоиҳаҳои, на танҳо барои кишвар, балки барои минтақа муҳим — НБО «Роғун»-ро идома дода истодааст. Ин иншоот манбаи тавлиди «энергияи сабз» барои рушди тиҷорати Тоҷикистон ва мардум мегардад”.





Эмомалӣ Раҳмон ва Кристина ГеоргиеваСуратҳо аз хадамоти матбуоти сарвари давлат1/2
Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки Хазина ба аъзои худ захираҳои молиявиро тавассути механизми маблағгузории имтиёзноки иқлимии «Воситаи рушди устувор» ба муддати 20 сол бо муҳлати имтиёзноки 10,5 сол пешкаш мекунад.
Георгиева гуфтааст, айни замон 18 кишвар аз ин имконият истифода мебаранд ва ХБА итминон дорад, ки ҳар чӣ зудтар Тоҷикистонро ҳам ба ин пайванд месозад.
“Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст. Рушди иқтисодӣ беш аз 8 фоиз ва таваррум яке аз ҳама пасттарин наздик ба 3 фоизро ташкил медиҳад. Қарзи давлатӣ нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 27 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҳама муҳим мардуми тоҷик муттаҳид ҳастанд ва барои пешрафти Тоҷикистон талош доранд”, - таъкид доштааст директори идории Хазина.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо Кристина Георгиева президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки “Тоҷикистон саҳми Хазинаро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар қадр мекунад”.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои судовари саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тақвияти неруи инсонӣ табодули назар карданд.
Кристалина Георгиева рӯзи 16 май ба Тоҷикистон ташриф овард. Ба ҷуз дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ, шиносоии ӯ бо ҷараёни сохтмони неругоҳи “Роғун” дар назар аст. Сафари директори идории ХБА рӯзи 18 май ба охир мерасад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.