расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдори баландпояи Швейтсария мулоқот кард

Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдори баландпояи Швейтсария мулоқот кард

Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мансабдори баландпояи Швейтсарияро ба ҳузур пазируфт, менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ба гуфтаи манбаъ, сарвари давлат бо вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, вазири федералии молия Карин Келлер -Зуттер ва раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷордан мулоқот кардааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.
“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш номида шуд.




Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон1/9
Ҷалби сармояи Швейтсария ва технологияҳои муосири он ба рушди соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, фармасевтика, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, рақамикунонии иқтисодиёт зарур шумурда шуд.
Манбаъ менависад, ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин перомуни роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои дигари судовар, аз ҷумла сайёҳӣ, равобити зичи фарҳангиву башарӣ ва илму маориф табодули афкор намудаанд.
Аз ҳамоҳангиҳои доимӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ перомуни масъалаҳои калидии замони муосир изҳори қаноатмандӣ карда шуда, дастгирии доимии Швейтсария дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим таъкид гардидааст.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ муҳокима карда шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.