расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Зиндонҳои Тоҷикистон пур шудааст? Танқиди Омбудсмен аз фавт, беморӣ ва шароити нигоҳдории маҳбусон

Асосӣ / Сиёсат / Иқтисодиёт

Зиндонҳои Тоҷикистон пур шудааст? Танқиди Омбудсмен аз фавт, беморӣ ва шароити нигоҳдории маҳбусон

Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндонҳо, аз ҷумла аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳбусон, ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудан (ВИЧ), гирифторӣ ба бемории сил ва фавти маҳбусонро дар зиндонҳо интиқод кардааст.
Ба иттилои Омбудсмен, дар зиндонҳои кишвар қариб 600 нафар бештар аз меъёр маҳбус нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳод дар гузориши солонаи худ, ки соли 2024 нашр шуда, соли гузаштаро дар бар мегирад, навиштааст, ки яке аз     мушкилоти боздоштгоҳ ва маҳбасҳо дар кишвар аз доираи меъëр зиëд нигоҳ доштани маҳбусон мебошад.
Ба таъкиди ин ниҳод, “чунин вазъ ба вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оварда мерасонад, ки меъëри майдони истиқоматиро ба ҳисоби ҳар як шахс на кам аз чаҳор метри мураббаъ муқаррар намудааст”.
Санҷиши Омбудсмен маълум кардааст, ки дар маҳбас ё Муассисаҳои ислоҳиии ЯС 3/4 -ум 300 нафар, Муассисаи ислоҳии ЯС 3/7-ум 162 нафар ва Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-уми 136 маҳкумшуда аз меъëр зиëд нигоҳ дошта мешаванд.

350 кас ба ВИЧ олуда ва беш аз 100 нафар гирифтори бемории сил

Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронӣ кардааст, ки дар самти ҳифзи саломатии маҳкумшудаҳо ҳам мушкилот ба назар мерасад. Ин мавҷуд будани бемории сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВHMО) мебошад.

Ба иттилои Омбудсемен ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 350 нафар ба вируси норасоии масунияти одам (ВHMО) мубтало шуда, 101 нафар аз бемории сил ранҷ мебаранд.

Фавти 53 маҳбус аз бемории дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва саратон

Мушкили дигар ба гуфтаи ин ниҳод, фавти маҳкумшудаҳо мебошад, ки то ҳол нигароникунанда боқӣ мемонад.
Ваколатдор гуфтааст, ки соли гузашта 53 нафар дар зиндонҳо фавтидаанд, ки ин нисбат ба соли 2022 8 кас (соли 2022-юм 61 нафар фавтидаанд) камтар аст. Сабаби асосии фавти онҳо”бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва саратон мебошад”.

Беш аз 13,5 ҳазор зиндонӣ дар кишвар

Ба иттилои Омбудсмен, ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13  ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин, 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244  шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.
Ин ниҳод навиштааст, ки “нисбати шахсоне, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафтори намунавӣ нишон медиҳанд, чораҳои ҳавасмандгардони татбиқ карда мешавад”.


“Дар соли 2023 ҷиҳати таъсиррасонӣ ва тарбияи маҳкумшудаҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ ба муассисаҳои ислоҳии сукунат 1 445 (соли 2022 – 1 403) маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо гузаронида шуда, дар ин давра 174 (соли 2022 – 68)  маҳкумшуда шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шудаанд. Ҳамчунин, муҳлати адонагардидаи 12 маҳкумшуда бо ҷазои сабуктар (корҳои ислоҳӣ) иваз карда шудааст”, - омадааст дар гузориши Омбудсмен.

Роҳи ислоҳшавӣ-китобхонӣ

Ин ниҳод гуфтааст, ки яке аз роҳҳои ислоҳшавии зиндониҳо ташкили китобхона ва ба мутолиаи китоб ҷалб кардан аст.
Ба таъкиди онҳо, бо ин мақсад дар тамоми муассисаҳои ислоҳӣ китобхонаҳо ташкил карда шуда, махзани китобхонаҳо бо 52 886 адабиëти мазмуни таърихию ватандȳстӣ, бадеӣ ва хусусияти тарбиявидошта ғанӣ гардонида шудаанд.
Дар гузориш омадааст, ки сoли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 20 мурoҷиати хаттӣ аз сӯи маҳкумшудаҳo ва наздикoни oнҳo вoрид шудааст.
Мазмуни мурoҷиатҳo аз ҷумла “эҳтимoлияти лату кȳби маҳкумшудаҳo, дастрас нагардидани мурoҷиат ба унвoнии Омбудсмен, нoрoзигӣ аз натиҷаи тафтишoти парванда ва санади судӣ, ҷoйгир намудани маҳкумшуда ба муассисаи муoлиҷавӣ... таъин намудани ҷазoи сабуктар, oзoд намудан аз адoи минбаъдаи ҷазo, татбиқи бахшиши ҷазo, гузарoнидан ба муассисаи сукунатӣ” мебошад.
Санҷиши ин ниҳод дар тавқифгоҳи нигоҳдошти мувақкатии шуъба ва раёсатҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Бохтар, Кȳлоб, Рашт ва Лахш нишон додааст, ҷойи оббозӣ ва ҳоҷатхона ба таъмир ниёз дошта, ҷойи сайругашти дастгиршудаҳо бо болопȳш маҳкам нашуда,  дастгиршудаҳо танҳо аз ҳисоби волидайн ва хешу таборон бо хӯрок таъмин мешаванд.


6 ҳуҷраи иловагӣ барои маҳбусони якумрӣ

Омбудсмен дар бахше аз гузориши худ аз беҳтар шудани шароити зиндониён дар баъзе аз маҳбасҳо ситоиш карда, аз ҷумла гуфтааст, барои маҳбусони якумрӣ “шаш ҳуҷраи иловагӣ, 10 таҷҳизоти обгармкунӣ сохта ба истифода дода шуда, шароит барои шустушȳи бадан бо оби гарм, гармкунии хуҷраҳо, оби нȳшокӣ ва мутолиаи китоб ва рȳзномаю маҷаллаҳо таъмин карда шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели имсол “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.
Аз он пеш рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба наздиконаш шикоят кардааст, ки танҳо дар як утоқ то 60 нафарро бе дастрасии кофӣ ба об нигаҳ медоранд.
Дар ҷараёни мурофиа, ӯ бо ирсоли номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор дошт, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти тафтишотиро ба дӯш бигирад.
Вале дертар, Абдуқаҳҳор Тағозода, додраси Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфта буд, шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар робита ба шиканҷа шуданаш тасдиқи худро наёфт.

Камера насб кунед! Тавсияҳои Омбудсмен

Омбудсмен бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар зиндонҳо тавсияҳо пешниҳод кардааст.
Аз ҷумла, бештар истифода намyдани чораҳои ҳавасмандгардонии шартан пеш аз мyҳлат аз адои ҷазо озод намyдан, aндешидaни чоpaҳо ҷиҳaти бо ҷои коp тaъмин нaмудaни зиндониҳои собиқ ва насби камераҳо дар “ҷойҳои зapуpӣ”-и маҳбасҳо мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Richardtom | Гости

    Читайте полезные статьи на актуальные темы, связанные с недвижимостью, например покупка частного дома или покупка недвижимости.

    Интересуетесь недвижимостью? Наш портал - ваш надежный гид в этой сфере. Здесь вы найдете множество полезных статей на такие темы, как квартиры в новостройке от застройщика, а также приемка квартир без отделки. Подробные аналитические материалы, экспертные мнения и простые рекомендации — все это доступно у нас!

  • DarinMew | Гости

    Хотите быть в курсе всех новых тенденций на рынке недвижимости? На нашем ресурсе вы найдете полезные статьи на такие темы, как коммерческая недвижимость, а также загородная недвижимость. Узнавайте первыми о самых актуальных предложениях и важных советах от экспертов!

    Наш сайт предлагает вам самые интересные информационные статьи на такие темы, как налог на имущество, а также договор аренды квартиры.

    Изучите интересные статьи на важные темы, связанные с недвижимостью, например декларация о доходах или стоимость ремонта квартиры.

    Читайте полезные статьи на актуальные темы, связанные с покупкой жилья, например налоговый вычет, а также аренда коммерческой недвижимости.

    Изучите интересные статьи на актуальные темы, связанные с недвижимостью, например ипотечные кредиты или продажа земельного участка.

  • Annis | Гости

    Хотите быть в центре спортивных событий? https://taplink.cc/varmatchtv - varmatch tv предоставляет доступ к самым горячим матчам и турнирам со всего мира. varmatch tv скачать varmatch tv ios приложение varmatch tv скачать varmatch tv трансляция временно недоступна

  • Wilmer | Гости

    Знаете ли вы, что Алису можно "разбудить" голосом? Эта функция превращает ваше взаимодействие с умным помощником в настоящий разговор. Как это сделать? Читайте здесь: https://taplink.cc/kak_aktivirovat_alisu_golosom как активировать алису голосом как активировать алису голосом на андроиде как активировать алису голосом на телефоне как активировать яндекс алису голосом

  • Dominick | Гости

    Подключение Яндекс Станции Лайт - простой процесс, который можно выполнить за несколько минут. Сначала включите устройство в розетку и дождитесь, пока оно загрузится. Затем установите приложение Яндекс на свой смартфон и следуйте инструкциям на экране. Подробную инструкцию можно найти здесь: https://teletype.in/@golosai/iandeks-stantsiia-lait-kak-podkliuchit. После успешного подключения вы сможете наслаждаться всеми возможностями вашей новой умной колонки. как подключить яндекс станцию мини лайт как подключить яндекс станцию лайт к компьютеру как подключить яндекс станцию лайт к ноутбуку умная яндекс станция лайт как подключить

  • Yong | Гости

    Ищете универсальное решение для управления торрентами? Mediaget может стать вашим идеальным выбором. Эта программа не только обеспечивает быструю загрузку, но и предлагает встроенный медиаплеер для мгновенного воспроизведения ваших файлов. медиа джет Кроме того, Mediaget включает в себя каталог контента, помогая вам находить интересные материалы без необходимости искать на внешних сайтах. скачать mediaget с официального сайта mediaget скачать на пк скачать mediaget на пк

  • Dollie | Гости

    Раскрой мир безграничных развлечений с Fry TV! Скачивай приложение по ссылке https://taplink.cc/skachatfrytv и смотри то, что нравится, где и когда угодно. fry tv скачать скачать русский fry tv fry tv аналог скачать fry tv для андроид тв

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.