расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Интихоботи Амрико: Тоҷикистон аз он чӣ сабақ бигирад?

. / Ҷаҳон

Интихоботи Амрико: Тоҷикистон аз он чӣ сабақ бигирад?

Сурат: news.rbc.ua
Интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди марҳилаи асосии худ шуд. Ду номзади асосӣ-Доналд Трамп ва Ҷозеф Байден (Ҷо Байден) шона ба шонаи ҳамдигар барои соҳиб шудан ба мақоми аввал дар ИМА талош доранд. Натиҷаи рақобати ин ду нафар на танҳо барои худи Амрико, балки барои тамоми ҷаҳон қобили таваҷҷуҳ аст. Чун дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ ИМА ҳамчун як кишвари абарқудрат нақши калидӣ дорад ва бисёриҳо мехоҳанд донанд, ки раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар чӣ касе хоҳад буд ва ӯ чӣ сиёсати наверо пеш мегирад. Аз сӯйи дигар баъди 10 рӯз дар Тоҷикистон ҳам интихоботи президентӣ дорем. Албата фазо, қоидаҳои бозӣ, шеваи баргузорӣ ва натиҷагирии ин ду интихобот бо ҳам қобили қиёс нестанд, вале интихоботи Амрико метавонад барои Тоҷикистон сабақҳое дошта бошад.

Чаро интихобот дар Амрико муҳим аст?

Моҳи март бо як гуруҳ аз рӯзноманигорон аз Осиёи Марказӣ ба ИМА сафаре доштем. Ҳадафи боздид шиносоӣ бо маъракаи пешазинтихоботии Амрико буд. Натиҷаи ин сафар барои мо ҳайратангез буд, чун бо чашми худ медидем, ки мардум чигуна бо шавқ ба овоздиҳӣ мераванд ва интихоби президентӣ оянда дар Амрико чигуна бо шуру шавқе мегузарад. Баръакси бархе кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки бо вуҷуди гирифтани хабарнома мардум камтар ба интихобот мераванд ё як узви оила ба ҷойи ҳама раъй медиҳад.
Интихоботи президентӣ дар Амрико як маъракаи бисёр муҳим буда, дар чаҳор сол як маротиба баргузор мешавад. Маъракаи интихоботи президенти оянда дар ИМА чанд вижагиҳое дорад, ки дар интихоботҳои дигар кишварҳо онро дидан намешавад.

“Интихоботе, ки ҳанӯз як сол аз муҳлат оғоз мешавад”

Агар дар дигар давлатҳо, бахусус кишварҳое мисли Тоҷикистон корзори интихоботи президентӣ ҳамагӣ ду-се моҳ қабл аз интихобот шуруъ шавад, пас ин кор дар Амрико ҳанӯз як сол қабл аз интихобот ва ҳатто барвақтар аз он оғоз мегардад.
Ҷамъи ҳаводорони Трамп дар Королинаи ШимолӣАкс: М. Юсуфзода
Баъзе ҳамсуҳбатони мо дар Амрико мегуфтанд, ки бо анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ, ҳизбҳо барои интихоботи оянда омодагиро шуруъ мекунанд. Маъракаҳои асосии интихоби президент дар Амрико ҳанӯз як сол қабл аз вақти баргузории интихобот оғоз мешавад. Масалан агар интихоботи навбатии президенти Амрико моҳи ноябри 2020 баргузор шавад, пас ҳанӯз аз тирамоҳи соли 2019 ҳизбҳо ба пешбарии номзадҳои худ оғоз карданд. Табиӣ аст, ки таблиғи номзадҳо ва барномаҳои онҳо ҳам ҳанӯз як сол қабл аз интихобот оғоз мешавад.
Шуру шавқеро, ки мо дар маъракаи интихоботи президентии ИМА дидем барои мо гуруҳи рӯзноманигорон аз Осиёи Марказӣ ҷолиб буд. Чун дар кишварҳои ОМ ба истиснои Қирғизистон мо мебинем, ки интихоботҳои президентӣ якнавохт, аз рӯи як сенарияи муайян ва бидуни номзадҳои мухолиф мегузаранд.

Рақобати мушкил барои номзад шудан дар интихобот

Пешниҳоди номзад дар ҳар интихобот бахусус интихоботҳои президентӣ қадами аввалин аст. Ба фарқ аз интихоботҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ пешбарии номзад дар интихоботҳои президентии Амрико хеле пуршиддат мегузарад. Агар дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Шӯравии пешин номзадҳо дар анҷуманҳои ҳизбҳо ва бештари вақт бидуни рақиб пешниҳод шаванд, дар ИМА чунин нест. Дар ин кишвари он тарафи уқёнус, номзад барои иштирок дар интихоботи президентӣ бояд аввал чанд “интихобот”-и дигарро гузарад.
Дар Амрико асосан ду ҳизби пуриқтидор Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва Ҳизби демократ номзад пешбарӣ мекунанд ва барои номзад шудан аз ин ду ҳизб сиёсатмадорон марҳилаҳои душвореро мегузаранд. Ҳафт-ҳашт моҳ қабл аз интихобот ҳизби демократ ё ҷумҳурихоҳ номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ мекунанд. Масалан дар интихоботи президентии соли 2020 аз Ҳизби демократ Ҷо Байден, Берни Сандерс, Блумберг ва чанд нафари дигар мехостанд номзад шаванд. Дар асоси интихоботи дохилиҳизбӣ ва бо раъйи бештари тарафдорон Ҷо Байден ду рақибашро шикаст дод ва номзади Ҳизби демократ дар интихоботи моҳи ноябр шуд.
Моҳҳои феврал ва март дар Амрико маъракае бо номи “Сешанбеи бузург” баргузор мешавад, ки натиҷаи интихоби дохилиҳизбӣ дар иёлатҳо эълон мешавад. Дар рӯзи “Сешанбеи бузург” мо дар қаҳвахонае шоҳиди ҳаводории тарафдорони Ҷо Байден шудем. Натиҷаи интихоботи дохилиҳизбӣ дар иёлатҳо мустақиман пахш мешуд ва тарафдорони Ҷо Байден баробар дод зада,  бо нидои “Lets go Jo” хурсандӣ мекарданд.
Яъне дар интихоботи президентии Амрико мардум тасмим мегиранд, ки масалан имсол кадом нафар аз Ҳизби демократ номзад шавад ё аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ.
Аммо дар Тоҷикистон ва кишварҳое, ки сиёсати монанд ба онро доранд, баҳсҳои зиёдеро сари номзадҳои интихоботи президентӣ дида намешавад. Ҳатто қаблан метавон тахмин зад, ки ҳизбҳо боз ҳам номзадҳоеро пешбарӣ мекунанд, ки дар чанд интихоботи гузаштаи президентӣ бо раъйи ночиз шикаст хӯрда буданд.
Як қоидаи нонавишта дар ИМА ин аст, ки президентӣ феълӣ баъд аз чаҳор сол дубора аз ҳамон ҳизбаш номзад мешавад. Масалан дар интихоботи соли 2020 Доналд Трамп бе рақобати сахт дубора номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентӣ шуд. Пеш аз ӯ Барак Обама низ ду дафъа номзади демократҳо буд. Албатта чунин қоида ҳатмӣ нест ва мумкин аст яке аз ду ҳизби қудратманд дар Амрико аз пешниҳоди номзадии президенти амалкунанда худдорӣ кунад.  

“Таваҷҷуҳи зиёди мардум-аз муваффақиятҳои интихобот дар ИМА”

Муҳимтарин вижагии интихоботи президентӣ дар Амрико, ки мо шоҳидаш шудем, таваҷҷуҳи беандозаи мардум буд. Зимни сафар ба Амрико мо дидем, ки чигуна ҳазорон нафар бидуни хабарнома барои тарафдорӣ аз номзадашон меомаданд.
Дар яке аз чунин вохуриҳо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрико ба назди тарафдоронаш дар Каролинаи Шимолӣ омад ва соатҳо бо онҳо суҳбат кард. Дар ин суҳбати худ оқои Трамп ҳам дар бораи сиёсати дохилии кишвараш суҳбат кард ва ҳам аз рақибонаш дар Ҳизби демократ интиқод намуд.
Доналд ТрампАкс: аз Интернет
Дар айни чунин вохӯрӣ Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ дар вохурие дар иёлоти Вирҷиния сиёсати Доналд Трампро ба боди интиқод кашид. Ё Берни Сандерс дар Детройд дар иҳотаи зиёди тарафдоронаш гуфт, ӯ арзандтар аз Ҷо Байден барои номзад шудан аст. Чунин маъракаҳо бештар ба хотири ҷалби бештари мардум ба роҳ монда мешаванд.
Чизе, ки диққати моро беш аз ҳама ҷалб кард, ин гуруҳ-гуруҳ омадани мардум ба ин вохӯриҳо буд. Мо аз чанд нафари онҳо пурсидем, ки оё касе Шуморо ба инҷо даъват кардааст. Ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки танҳо дар бораи вохӯрии номзадҳо аз тариқи расонаҳои маҳаллӣ шунидаанд ва бидуни даъвати касе ба инҷо омадаанд.
Дидани чунин маъракаҳои сериздиҳом ҳайрати ман ва ҳамкоронам аз дигар кишварҳои Осиёи Марказиро бештар кард. Бо дидани ин вазъ, ба ёдам маъракаҳои пешазинтихоботии Тоҷикистон расид, ки барои пур кардани як толори хурди мактаб ё донишгоҳ талабагон ё донишҷӯёнро меоварданд. Чопи варақаҳои таблиғотии номзадҳо, ситодҳои пурҷӯши номзадҳо дар интихоботҳои президентии ИМА тақрибан чизи оддӣ аст. Ҳарчанд дар кишварҳои пасошӯравӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба ҷуз аз вохӯриҳо дар маҳалҳо таблиғоти густурдаи номзадҳо дида намешавад.

“Системаи мушкили интихоботии Амрико”

Нуктаи дигари фарқкунанда дар интихоботи ИМА ин аст, ки президентро на мардум, балки коллекторҳо интихоб мекунанд. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон президенти оянда мустақиман аз ҷониби мардум интихоб мешавад. Аммо дар ИМА системаи интихоби президент дигар аст.
Ин тартиб чунин аст, ки ҳар иёлат бо назардошти шумори аҳолӣ овоздиҳанда доранд. Масалан Техас — 34, Ню-Йорк — 31, Флорида — 27 ва Пенсилвания — 21 овоз ё коллектор доранд. Номзадҳои интихоботи президентӣ барои ҳар иёлот коллекторҳои худро пешниҳод мекунанд. Ҳизб дар ҳар иёлоте, ки овози бештари мардумро мегирад, пас ҳамаи овози онҷоро соҳиб мешавад. Масалан агар ҳизби демократ дар иёлати Ню-Йорк ғалаба кард, пас 31 овози ин иёлат ба нафъи Ҳизби демократ аст.
Коллекторҳои овозгирифта моҳи ноябр ҷамъ шуда, сарвари давлатро интихоб менамоянд. Коллеҷи интихоботӣ аз 538 намояндаи 50 иёлот иборат аст.
Ҷо БайденАкс: аз Интернет
Худи масъулини ҳизбҳо ва коршиносони интихоботӣ дар ИМА иқрор мешаванд, ки системаи интихоботии ин кишвар бисёр мушкилфаҳм аст. Бархе коршиносон ин мавзуъро матраҳ мекунанд, ки президент бояд мустақиман аз ҷониби мардум интихоб шавад, на тариқи коллекторҳо. Аммо ҷонибдорони низоми ҳозираи интихобот дар ИМА ба дурустии он таъкид мекунанд.
Нуктаи охирини ҷолиб дар интихоботи президентии Амрико ин пешгӯинашаванда будани натиҷаи интихобот аст. Чизе, ки мо дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ намебинем, чун бештари интихоботҳо дар ин кишварҳо аз қабл пешгӯишавандаанд.
Аммо дар Амрико ҳатто бар асоси назарпурсиҳои пешазинтихоботӣ ё экзит-полл наметавон натиҷаи интихоботро пешгӯи кард. Борҳо шудааст, ки як номзад аз рӯи натиҷаҳои пурсиш ё экзит-полл пешсаф аст, аммо дар ниҳоят дар интихобот шикаст мехӯрад. Барои намуна дар интихоботи президентии соли 2016 чунин вазъ пеш омада буд, ки Ҳиллари Клинтон дар назарпурсиҳо аз Доналд Трамп пешсаф буд, аммо дар ниҳоят Трамп раиси ҷумҳури Амрико интихоб шуд.

Дар ин миён «сюрпризи октябрӣ» ҳам нақши муҳим дорад. Интихобунандагон дар ИМА бовар доранд, ки як моҳ қабл аз интихобот номзадҳо изҳоротҳои ғайричашмдошт мекунанд ва бо ин васила «шамолро ба тарафи худ мегардонанд.» Ин чизро дар ин ИМА «сюрпризи октябрӣ» медонанд.
Бо ин вазъ интихоботи президентии моҳи октябр дар ИМА имсол дар шароити вазнин мегузарад. Пандемияи коронавирус барои иқтисоди ин кишвар оқибатҳои ногувореро ба миён овард ва ба обрӯи Доналд Трамп таъсири манфӣ расонд. Ҳоло мунтазир мемонем, ки дар моҳи ноябр дари Кохи Сафед ба рӯи Ҷо Байден боз мешавад ё Доналд Трамп барои чаҳор соли оянда Амрикоро роҳбарӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.