расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон, ки аз 1 феврали соли 2021 намозгузорӣ дар масоҷидро иҷозат дод, таъкид кардааст, ки роияи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмӣ мебошанд
 Ситод мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.
Таъкид шудааст, ки шаҳрвандон  дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, изҳор доштааст, ки албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд.
“Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00  бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид   шаванд”, - изҳор доштааст Ҷаъфаров дар суҳбат бо “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад, зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст. 
“Вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба  ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол  сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд”, - тавзеҳ додааст Ҷаъфаров.
Ӯ таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.
“Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад”, - таъкид намуд мақомдори Вазорати тандурустӣ.

Read more: https://sputnik-tj.com/health/20210124/1032683377/Namoz-niqob-qoida-masjid-Tojikiston.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.