расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳамкорӣ бо СММ ва як қатор давлатҳо: гуфтушунидҳои президент дар доираи конфронси об

Асосӣ / Президент / Ҷаҳон

Ҳамкорӣ бо СММ ва як қатор давлатҳо: гуфтушунидҳои президент дар доираи конфронси об

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, рӯзи 11 июн бо як қатор намояндагони кишвар ва созмонҳои хориҷӣ дидору гуфтушунид кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст ӯ бо раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис вохӯрда, ниҳоди муҳим будани Созмон ва нақши он дар қабули қатъномаҳои ҳаётан муҳимро зикр кард.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва СМ баррасӣ шуд: ба СММ барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва дастгирӣ аз тадорукоти Конфронси кунунии Душанбе изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо масоили қабул ва амалисозии барномаҳо, аз қабили “Барқарорсозии эътимод ва эҳёи ҳамбастагии ҷаҳонӣ”, “Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор”, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”-ро муҳокима намуданд.
Обшавии босуръати пиряхҳо мушкилоти дигар дар раванди тағйирёбии иқлим номида шуда, қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумӣ дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иқдоми саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфт.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат
Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба бахшҳои судовар чун кишоварзӣ  ва саноат, ба хусус саноати сабуку хӯрокворӣ, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.
Ба  роҳандозии содироти маҳсулоти алоҳидаи кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад дидору гуфтушунид кард.
Ҷонибҳо зимни баррасии маҷмуи масоили ҳамкорӣ алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстонаву судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ изҳор доштанд.
Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ, сармояву инноватсионӣ, маориф, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳимми тақвиятбахши муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Dan | Гости

    Как купить диплом в Москве – быстро и надежно купить диплом в москве о высшем образовании

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.