расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАСАРРУФИ 152 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАНҲО ДАР ЯК МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

ТАСАРРУФИ 152 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАНҲО ДАР ЯК МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

ТАСАРРУФИ 152 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАНҲО ДАР ЯК МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 152 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дар муассисаи давлатии «Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич» хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ - хоҷагидорӣ дар фаъолияти муассисаи давлатии «Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич» муайян гардид, ки Отаҷонов М.Ш. аз 19 августи соли 2014 то инҷониб дар вазифаи мудири ин муассиса кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ маблағҳои давлатиро аз они худ кардааст.
Агентӣ мегӯяд: “Чунончи, Отаҷонов М.Ш. зимни фаъолияти хизматиаш моҳҳои феврал - апрели соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мудири ҶДММ “Садафи Ғончӣ”-и ноҳияи Деваштич Ҷӯраев Д.Г. амал намуда, ба воситаи ҷамъияти мазкур дар 5 ҳолат бо роҳи сохтакории борхатҳои хароҷотӣ маблағи 203 ҳазору 102 сомонии барои харидории маводи безараргардонӣ ҷудошударо нақдӣ кунонида, маблағи дар ихтиёрашон қарордоштаро аз рӯи таъйинот истифода набурда, аз он 152 ҳазору 248 сомониашро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ аз они худ карданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калонии моддӣ расониданд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.