расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дар Душанбе масъалаи омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд

Сиёсат / Иқтисодиёт

Дар Душанбе масъалаи омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд

Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, хусусан омодагӣ ба Форуми навбатии сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар қарор дошт.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон фаъолияти ширкатҳои покистонӣ дар Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, саноат, даъвати ширкатҳои покистонӣ ба Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, имконият ва имтиёзҳои сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон мусоҳибон татбиқи тарҳи минтақавии «CASA -1000»-ро  дар самти рушди ҳамкории ояндаи энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Darrenwek | Гости

    read https://galxe-app.org/2023/11/19/galxes-remarkable-success-in-education-a-story
    -of-achievement-and-growth/

    Related Site https://galxe-web3.com/2023/11/19/taking-control-galxe-passport-revolutionizes-
    personal-data-management/

  • Lamarcat | Гости

    additional info https://orbiter-finance-bridge.com/2023/11/18/a-closer-look-at-orbiter-finance-
    facilitating-quick-and-secure-asset-transfers/

    visit this site https://orbiter-finance.at/2023/11/19/breaking-barriers-transforming-the-financ
    ial-landscape-with-orbiter-finance/

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.