расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Президенти Тоҷикистон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа дар Эрон иштирок кард

Асосӣ / Президент / Ҳаводис

Президенти Тоҷикистон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа дар Эрон иштирок кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-уми май барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба шаҳри Теҳрон сафар кард.

Ӯ аз нақши арзишманди Сайидиброҳим Раисӣ дар густариши дӯстӣ ва рушди ҳамкории дуҷониба ёдовар шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш иштирок кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ изҳор дошт.




Суратҳо аз хадамоти матбуоти сарвари давлат1/6
Гуфта мешавад, зимни изҳори ҳамдардӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нақши арзишманди шодравон Сайидиброҳим Раисӣ дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Эрон ёдовар шуд.
Зимни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир ҳамчунин алоқамандии ҳарду ҷониб ба идомаи босубот ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.