расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳадди таҳаммулпазирӣ: “Чаро мусалмон нашудӣ?”

Ҷомеа / Дин

Ҳадди таҳаммулпазирӣ: “Чаро мусалмон нашудӣ?”

Коршиносон заиф будани таҳаммулпазирии динии ҷавонони тоҷикро аз надоштани донишҳои хуби исломӣ, шинохти ғалату иғвоангези дину фарҳангҳои дигар бекорӣ, фақр ва таҳоҷуми фарҳанги бегона аз хориҷ медонанд.  Аммо мақомот мавҷудияти ин падидаи манфиро рад мекунанд. Мо кӯшиш кардем сабабҳои заифии таҳаммулпазирӣ ва роҳҳои рушди онро аз коршиносону намояндаҳои ақалиятҳои динӣ пурсем.

“Аз мани масеҳӣ фосила мегиранд”

Павел Холови 39-сола масеҳӣ аст. Ӯ дар шаҳри Ҳисор ба дунё омада, дар ятимхона ба воя расидааст. Падараш тоҷик ва модараш белорус ҳастанд. Павел мегӯяд, дини масеҳиятро бо маслиҳати дӯстони масеҳияш, ки ба ятимхона ба хабаргирии ӯ меомаданд ва дертар баъди хондани китобҳои динӣ ҳангоми адои ҷазо дар зиндон, қабул кардааст. Ҳоло дар шаҳри Роғун зиндагӣ мекунад ва иқтисодчӣ аст. Бештари дӯстон ва ҳамкоронаш мусалмон ҳастанд, аз ин рӯ, дар суҳбат бо онҳо талош мекунад саволҳои марбут ба динро нодида бигирад.
Ба гуфтаи ӯ, таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон ба минтақаҳои алоҳида вобаста аст. Масалан, дар як минтақа аз сабаби вуҷуди исломи радикалӣ сатҳи таҳаммулпазирӣ камтар аст, дар минтақаи дигар, мардум нисбатан таҳаммулпазиртаранд. Бо вуҷуди ин баъзе нафарон ба хотири дӯстӣ бо ӯ маҷбуранд андешаву ақоидашро таҳаммул кунанд. Дар баробари ин мегӯяд, ҳастанд ҷавононе, ки таҳсилдидаанд, дорои маълумотанд ва онҳо ба ақоиди ӯ эҳтиром доранд ва таҳаммулпазиранд.
Павел Холов
“Бештари дӯстон медонанд, ки мусалмон нестам. Баъзеҳо, махсусан одамони миёнасол чизе намегӯянд. Аммо ҳамкорони ҷавон, вақте аз дини ман огаҳ мешаванд, мепурсанд, ки “чаро мусалмон нашудӣ? Охир, Ислом дини ростин ва ҳақиқат аст?” Дар чунин ҳолатҳо аслан талош мекунам бо онҳо баҳс накунам. Вале баъзе вақт посух медиҳам, ки дини ростин аз таълимоти он вобаста аст ва аз ин рӯ, дини ҳар як кас барои худаш дини ростин аст”,- мегӯяд Павел.
Ба мисли Павел намояндаҳои адёни дигар, назири масеҳият ва баҳовиҳо бар инанд, ки ҷавонони Тоҷикистон таҳаммулпазир нестанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд ҷавонон бо онҳо бархурди шадид надоранд, вале дар маҷмӯъ, эҳсос мешавад, ки ба хотири динашон худро аз онҳо канор мегиранд ва ё ҳамеша талқин мекунанд, ки «чаро мусулмон нашудӣ?».

Ягонагӣ дар якрангӣ нест!

Дар ҳамин ҳол  намояндаи ҷамъияти баҳоиёни Тоҷикистон Наргис Ғафорӣ мегӯяд, «таассубу нажодпарастӣ асос ва сарчашмаи ҳамдигарнофаҳмиву таҳаммулнопазирӣ аст».
Ба гуфтаи ӯ инсоният замоне ба ҳамзистии мусолиматомезу ваҳдат мерасад, ки барои решакан кардани таассубу нажодпарастӣ талош кунад ва дар симои ҳар як шахс, новобаста аз дину ранги пусташ инсонро бубинад.
“Гуногунии фарҳанг, забон ва ойин бойигарии инсон аст. Ягонагӣ дар одам будани мост. Мо бояд талош кунем, ки тамаддуни ягонаи ҷаҳониро бисозем. Ягонагӣ дар якрангӣ нест, ягонагӣ дар гуногунрангӣ аст”, - мегӯяд Наргис.

Ҷавонон маълумоти диниро аз интернет мегиранд

Ҷамолиддин Хомӯшов
Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки таълими фарҳанги таҳаммулпазирӣ барои ҷавонон мавзуи доғ аст, зеро вуҷуди фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар миёни ҷомеа ба як рукни аслии таъмини субот ва рушди ҷомеа табдил ёфтааст. Онҳо мегӯянд, фарҳанги таҳаммулпазириро на танҳо дар мактабу донишгоҳҳо, балки дар муассисоти томактабӣ низ таблиғ бояд кард, то ҷавон ба пайравони динҳои дигар эҳтиром қоил бошад.
Муовини раиси Шӯрои уламои кишвар Ҷамолиддин Хомушов мегӯяд, бо дарназардошти талаботи дини ислом мусалмонро зарур аст бо пайравони адёни дигар, ки бо онҳо дар як ҷомеа зиндагӣ мекунанд, эҳтиром қоил бошад. Ба гуфтаи Хомушов, яке аз шартҳои асосӣ барои мусалмон доштани имон ба тамоми пайғомбарони гузашта мебошад.
Қонунгузории Тоҷикистон барои барангехтани кинаву адовати миллӣ ва динӣ аз панҷ то ҳашт соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.
“Китоби муқаддаси мусалмонҳо — Қуръон ҳамеша ба пайравонаш таъкид мекунад, ки бо тамоми одамон, новобаста аз он ки кадом динро пайравӣ мекунанд, муносибати хуб дошта бошанд”,- таъкид намуд Хомушов.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили аслӣ ин аст, ки солҳои ахир ҷомеаи Тоҷикистон маълумот дар бораи дини исломро на аз уламои суннатӣ, балки аз интернет ва шабакаҳои моҳвораӣ дарёфт мекунанд.
“Дар чунин шароит хатари вуруди ғояҳои экстремистӣ миёни аҳолӣ афзоиш меёбад, ки метавонад сабаби коҳиши мизони таҳаммулпазирии динӣ гардад. Тавҳин ба ҳама гуна арзишҳои исломӣ метавонад сабаби бархӯрдҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шавад”,- мегӯяд Ҷамолиддин Хомушов.

“Вазъи таҳаммулпазирӣ ба он ҳадде нест, ки сарчашмаи низоъ бошад”

Рустам Азизӣ
Коршиноси масоили динӣ Рустам Азизӣ муътақид аст, ки вазъи таҳаммулпазирӣ дар кишвар ба он ҳадде нест, ки он сарчашмаи низоъ дар байни ҷомеа бошад. Ба таъкиди вай, мисоли ин сабт нашудани низоъҳои динӣ, қавмӣ ё миллӣ тӯли чанд соли охир дар кишвар аст. Вале гуфт, таблиғи андешаҳои бадбинӣ, хусусан дар фазои иттилоотӣ зиёд ба назар мерасад, ки сабаби асосӣ пеш аз ҳама сатҳи пасти дониш ва тасаввури шаҳрвандон дар бораи дин ва фарҳангҳои дигарон аст.
“Нишонаҳои таҳаммулнопазирие, ки имрӯз дар байни ҷавонон дида мешавад, аз надоштани шинохт, шинохти нодуруст ё шинохти ғалату иғвоангез аз намояндаҳои дину фарҳангҳои дигар сарчашма мегирад. Чунки вақте шахс дар бораи масъала огоҳ нест, ба он ё душман мешавад ё бадбинӣ мекунад. Вазъи таҳаммулпазирӣ дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа баробар аст ва танҳо объекти бадбинӣ ва нобоварӣ метавонад, ки фарқкунанда бошад”, - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи ӯ барои рушди таҳаммулпазирии динӣ дар байни ҷавонон бояд сатҳи маърифати онҳо баланд бардошта шавад, то ки шинохти онҳо аз дину фарҳангҳои дигар бештар гардад.
Рустам Азизӣ таъкид мекунад, ки фарҳанги таҳаммулпазирӣ яке аз нишонаҳои ҷомеаҳои дуниявӣ ва демократӣ аст ва ҳеҷ ҷомеаи динӣ ба таври пурра наметавонад, ки ҷомеаи таҳаммулпазир бошад, чунки меъёрҳои динӣ мардумро аз рӯи пайравӣ ба худию бегона тақсим мекунанд ва албатта, меъёрҳои бархӯрд ба онҳо, қоидаву қонунҳои бархӯрд бо намояндаҳои дин ва фарҳангҳои дигар фарқкунанда аст.
“Дар собиқаи таърихии мо ба ғайр аз андешаҳои ормоние, ки шоирону нависандагонамон гуфтанд, дар воқеияти таърихиамон ҷомеае, ки нисбатан таҳаммулпазир бошад, вуҷуд надошт. Бештар бояд ба арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, маданӣ ва дунявӣ такя кард, то ин ки сатҳи таҳаммулпазирӣ дар байни ҳамаи қишрҳо баробар рушд кунад”,- хулоса намуд Р. Азизӣ.

Эмоми Аъзам таҳаммулпазиртарин эмом буд

Тавре ба назар мерасад, чанд соли охир мавзӯи таҳаммулпазирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи меҳварӣ аст ва ҳолатҳое ҳам ба чашм мерасад, ки бархеҳо барои ақидаҳои диниашон зери бадгуфтории корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан ҷавонон мегарданд.
Журналисти тоҷик Завқибек Саидаминӣ, ки бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба масъалаҳои динӣ ва таҳаммулпазирии ҷавонон менависад, вазъи таҳамулпазирии диниро байни ҷавонон хуб арзёбӣ намуд. Чунки ба гуфтаи вай, “то ҳол дар дохили кишвар ҳеҷ ҳодисае ба қайд гирифта нашудааст, ки нафаре бо нафари дигар ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар бо хотири дину мазҳаб баҳсу пархош карда бошанд”.
Ӯ гуфт, мутаасифона, замоне пайравони равияи “салафӣ”, ин корро карда буданд ва 10-12 сол пеш дар масоҷид бо дигар намозгузорон ҷанҷол карда буданд.
“Барои рушди таҳаммулпазирии ҷавонон бояд онҳоро бо мазҳаб, ақоид, дидгоҳ, таҳаммулпазирӣ ва шахсияти пешвои мазҳаби ҳанафӣ Эмоми Аъзам шинос кард. Чунки Эмоми Аъзам (Абуҳанифа) таҳаммулпазиртарин аз эмомон буд.
Ҳукуматро зарур аст, ки барои омӯзиши динии ҷавонону наврасони кишвар шароит фароҳам биёрад то онҳо аз мазҳаби худ огоҳ бошанд ва ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракати ифротӣ шомил нашаванд. Ҳукуматҳо бояд аз як ҷавоне, ки аз Ислом огоҳ аст ҳарос надошта бошанд, чунки ин ҷавон ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракати ифротиву террористӣ намепайвандад”, - гуфт  З. Саидаминӣ.
Ба таъкиди номбурда дар муқоиса бо калонсолон ҷавонони имрӯза таҳаммулпазиртаранд. Чунки аксари калонсолон дар синну соли ин ҷавононе, ки имрӯз аз пайи корҳову иҷрои масъулиятҳои динияшон ҳастанд, анҷом надода буданд. Аз ин рӯ, як навъ нисбати ҷавонон рашк доранд ва дар хурдтарин масъала бо вуҷуди он ки саводи динӣ надоранд бо ҷавонон дар баҳсу пархош мешаванд.

Калонсолон ҳам таҳаммулпазир нестанд

Лола Олимова акс аз CABAR.asia
Коршиносон ҳамчунин, мегӯянд, таҳаммулпазирии мазҳабӣ танҳо аз роҳи омӯзиши "исломи воқеӣ" имконпазир аст ва он дар шароити феълӣ барои ҳалли ихтилофоти мазҳабӣ лозим аст. Ба гуфтаи онҳо омӯзиши исломи воқеӣ имкон медиҳад, ки динситезӣ дар миёни ҷавонон аз байн бурда шавад.

Як сол пеш дар Душанбе бо ташаббуси Институти инъикоси Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар нахустин Ҷашнвораи байни динҳо – «Тоҷикистон хонаи мо» баргузор шуд, ки дар он  ҳудуди 150 созмону фирқаи динӣ ба хотири шиносоӣ ва истиқболи ҳамдигар гирди ҳам омада буданд.

Журналист ва масъули ин ҷашнвора Лола Олимова гуфт, ки дар маҷмӯъ, вазъи таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон он қадар бад нест.
“Дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳама бо дигар миллатҳо хуб муносибат мекунанд, нисбат ба дини дигар таҳаммул мекунанд. Аммо агар чуқуртар бингарем, пас дарки фарҳанги ғайр дар Тоҷикистон то андозае бад шудааст. Ҷомеа мазҳаб ва ҳатто либоси дигаронро маҳкум мекунад, фарҳанги бегонаро қабул намекунанд. Ин ҳама аз сатҳи пасти маълумот, маданият ва тангназарӣ аст”,- мегӯяд Лола Олимова.
Ба андешаи мавсуф онҳое, ки маълумоти хуб доранд, бо технологияҳои муосир шиносоӣ доранд, аз интернет фаъолона истифода мебаранд, мафкураи васеъ доранд ва онҳо нисбати дигарон таҳаммулпазиранд. Вале қисми дигар, ки мутаассифона, маълумоти кам доранд ва тарбияи хуб надидаанд, мафкураашон танг аст, таҳаммулпазир нестанд ва сафи онҳо зиёд аст.
Ба таъкиди коршинос таҳаммуплпазирӣ ба синну сол вобаста ба намуда, дар байни калонсолон ҳам ашхосеро вохӯрдан мумкин аст, ки таҳаммулпазир нестанд.
“Мо, тоҷикон аз фарҳанги хеш ифтихор дорем, аммо дар асл аз он фарҳанг то имрӯз кам чиз мондааст. Фарҳанги ниёгон ва анъанаҳои худро эҳё бояд кард. Наҷоти ҳама гуна ақидаҳои ифротӣ ва таҳаммулнопазирӣ дар фарҳанги ниёгони тоҷикон аст. Лекин он бе  истифодаи технологияҳои муосир ва дониши нав ба даст намеояд. Танҳо ба фарҳанг, технология ва донишҳои нав ва албатта тарбияи хуби фарзанд такя намудан лозим аст. Танҳо инҳо метавонад, таҳаммулпазирии ҷавононро рушд диҳад”,- гуфт коршинос Олимова.

"Ҳасту нест"- и таҳаммулпазирии динӣ 

Созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон ва кишварҳои Ғарб чандин маротиба Тоҷикистонро барои маҳдуд сохтани озодиҳои динӣ мавриди интиқод қарор доданд. Барои мисол, соли 2015 Департаменти давлатии ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард уҳдадориҳояш барои эҳтироми бовар ва озодиҳои диниро риоя кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки соли 2009 дар Тоҷикистон қонун дар бораи озодиҳои виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қабул гардид. Он ҳама гуна таблиғоти ғояҳои диниро берун аз доираи ҷамъиятҳои динӣ манъ мекунад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мавқеи расмии худро дар мавриди ташдиди авзоъ дар ҷомеа нагуфтанд. Аммо созмонҳои динӣ ва ниҳодҳое, ки ин муносибатҳоро ба танзим медароранд, бар инанд, ки мизони таҳаммулпазирии ҷомеа коҳиш наёфтааст. Ба андешаи мақомдорон, адами бархӯрд ва низоъҳо миёни пайравони адёни мухталиф баёнгари мавҷудияти таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеа мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • ก้อนโตรออยู่ | Гости

    ทาง เข้า สล็อต pg เกมสล็อตออนไลน์ พร้อมที่ จะพาทุกท่าน PG SLOT บันเทิงใจ ในลักษณะของ เกมส์ บนโทรศัพท์ มือถือ และก็ยังไม่หมด เพียงเท่านี้ ในเกมนั้นยังมี โบนัส ก้อนโตรออยู่  

    123goalออนไลน์ที่น่าเชื่อถือ เพื่อเข้าเล่นเกมส์ออนไลน์ได้อย่างมีประสิทธิภาพและสนุกสนานมากขึ้น ด้วยการเลือกเล่นเกมส์ที่คุณชื่นชอบและมีความชำนาญในการเล่น นอกจากนี้ คุณยังสามารถใช้ฟังก์ชั่นต่างๆ ใน PG SLOT

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.