расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад

. / Ҷомеа

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад

Аллакай шоми имрӯз ба хонаҳои сокинони баъзе маҳаллаҳо гармӣ дода мешавад.

Сурат: аз mir24.tv
Дар шаҳри Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад. Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” ҳанӯз 6 октябр ба кор даромада, лекин то имрӯз дар он танҳо неруи барқ истеҳсол мешуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, танҳо муддати 1 шабонарӯз дар МБГ “Душанбе-2” 350 мегаватт неруи барқ истеҳсол шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, аллакай шоми имрӯз ба хонаҳои сокинони баъзе маҳаллаҳои шаҳр гармӣ дода мешавад, лекин дар бораи маҳз ба кадом маҳаллаҳо дода шудани гармӣ маълумот дода нашуд.
“Ҳамаи манзилу корхонаҳое, ки ба низоми марказии гармидиҳӣ пайвастанд, муддати чанд рӯзи наздик бо гармӣ таъмин мешаванд”, - қайд кард ӯ.
Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-1”, ки барои кор аз гази Ӯзбекистон истифода мекунад, низ рӯзҳои наздик ба фаъолият мепардозад.
Қобили зикр аст, ки мавсими гармидиҳии соли 2019 даҳаи сеюми моҳи октябр оғоз гардида, нимаи моҳи марти соли ҷорӣ анҷом ёфт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.