расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони ҳамлаи террористӣ боздошт шуд

Ҷомеа / Ҳаводис

Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони ҳамлаи террористӣ боздошт шуд

Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ба гумони омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шуд. Дар ин бора рӯзномаи туркии “Ҳуррият” хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар Истанбул хадамоти вижаи Туркия ду узви ДОИШ* - як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд.
“Боздоштшудаҳо қасди як ҳамлаи террористиро дар Истамбул доштанд”, - гуфтаанд мақомоти амниятии Туркия.
Ҳангоми кофтуков мақомоти амниятӣ дар манзиле, ки гумонбарон зиндагӣ мекарданд, либоси пулис, чароғ, ғилофи корд ва таппонча пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки яке аз онҳо боздошт ва дигаре ихроҷ шудааст.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Алӣ Йерликай, вазири корҳои дохилии Туркия, ҳафтаи гузашта тақрибан 200 гумонбари даст доштан дар гурӯҳи террористии ДОИШ* боздошт шуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 28-уми январ дар яке аз калисоҳои католикӣ дар Истанбул ду марди мусаллаҳ аз силоҳ оташ кушода, як нафарро куштанд.
Баъдан хабаргузории ВВС иттилоъ дод, ки мақомоти Туркия дар ин ҳамла шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”* иртибот доранд, гумонбар донистаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.