Ошкор гардидани дуздии чорво аз дохили оғилхона
Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 6-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 48 ва 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.