расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН ВА КОНИБОДОМ

. / Ҳаводис

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН ВА КОНИБОДОМ



Субҳи 24 август, тахминан соати 06:40, бар асари бархӯрди ду мошини "Лада-Ларгус” ва "Мерседес” дар ҳудуди ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон мусофири 77-солаи "Лада” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 24 август, соати 11, дар натиҷаи ба "Тойота-Ланд-Крузер” бархӯрдани "Опел-Астра” дар ҳудуди ҷамоати Лоҳутӣ дар роҳи Хуҷанд-Конибодом як мусофири 55-солаи "Опел” ҷон бохта, ронанда ва ду мусофири дигараш ҷароҳат бардоштаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 25 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияи Хуросон ва шаҳри Конибодом
Рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лада-Ларгус”, Ниязов Муҳаммади Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба қисмати тарафи рости автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс С-180”, таҳти идораи Ғаниев Кароматулло Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати шаҳраки Оби-киик, ки дар байни роҳ истода буд, бархӯрда ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Лада-Ларгус” Асланов Додоҷон, соли таваллудаш 1943, сокини шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Абдусалом Тулаганович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Лендкрузер», таҳти идораи ронанда Одинаев Мирҷон Донаевич, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абраева Бибисоро Эргашевна, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Холов А.Т. ва дигар мусофиронаш Иброимова Қизларгун Шомуратовна, соли таваллудаш 1961, Ахмедова Бозорой Қарҷоновна, соли таваллудаш 1967, сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
 src="https://www.facebook.com/plugins/video.php?href=https%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2FParvizTV%2Fvideos%2F2584834734953287%2F&show_text=false&width=734&height=734&appId" width="734" height="734" style="border:none;overflow:hidden" scrolling="no" frameborder="0" allowTransparency="true" allow="encrypted-media" allowFullScreen="true">

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза пирамарди 77-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми майи соли 2017, зани 45-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳеҷ ҷиноят бе ҷазо намемонад!

Ба ҳамагон маълум аст, ки подоши ҳар як ҷиноят ҷазост. Вале, зудбоварию соддагии баъзе аз шаҳрвандон ва бо роҳи муфт ба даст овардани маблағҳои пулӣ амалҳои нигаронкунандаи ҷомеа мебошанд.
Дар асоси аризаҳои пай дар пайи сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ ба ШВКД дар ноҳияи мазкур оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳояшон, зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар сокини ноҳияро ҳамчун гумонбар ба дуздӣ дастгир намуданд.
Мухторов Ҳалимҷон, соли таваллудаш 1985, бо маслиҳати пешакӣ бо Солеҳзода Ҷаҳонгир, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи мазкур, бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил ва расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрвандон, даст ба ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр задаанд.
Маблағи муфти ба даст омада аз ҳисоби ин кирдори зишт ин ду нафарро такрор ба такрор ба содир намудани ҷиноят раҳнамун месохт, то ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, шабона вориди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гашта, аз он ҷо чорвоҳои калони шохдор ва майдаи шаҳрвандонро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд ва бо ин кирдорашон ба шаҳрвандон 16 ҳазору 600 сомонӣ зарари моддӣ мерасонанд.

Ин ду нафар дар 4 ҳолати дуздии чорвоҳои мардум гумонбар дониста мешаванд.
Ҳолати ба миёномада баёнгари он аст, ки ҳеҷ як амали хилофи қонун бе ҷавобгарӣ намонда, парда аз рӯи ҳама гуна ҷиноят бардошта хоҳад шуд.

Гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Офоқ Қодириён


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.