расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » "Бавария" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА шуд

. / Варзиш

"Бавария" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА шуд




Дастаи "Бавария" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо шуд.

Ин ғалаба барои «Бавария» дар Лигаи қаҳрамонҳо дар таърих шашум аст. “Бавария” аз рӯи шумори пирӯзӣ дар ин мусобиқаи пурнуфуз бо «Ливерпул»-и Англия мақоми севумро тақсим мекунанд. Аз ҳама бештар (13 бор) танҳо «Реал»-и Испания ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст. «Милан»-и Италия, ки 7 бор ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шудааст, дар мақоми дувум қарор дорад.
«Бавария» 11-умин бор дар финали Лигаи қаҳрамонҳо иштирок кардааст. Дар бозиҳои ҳалкунанда аз ҳама бештар (16 бор) танҳо «Реал» ширкат варзидааст. «Бавария» пеш аз ин дар финали мавсими 2012/13 иштирок карда, он замон бар «Боруссия»-и Дортмунд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
«Бавария» дар мусобиқаи гузаштаи Лигаи қаҳрамонҳо дар ҳамаи 11 бозӣ ғолиб омадааст, ки ба чунин натиҷа пештар ягон даста мушарраф нашудааст.
Дар марҳилаи гурӯҳи “Бавария” дуборӣ «Тоттенҳэм»-и Англия, «Олимпиакос»-и Юнон ва «Срвена Звезда»-и Сербияро шикаст додааст. Дар 1/8 финал бар «Челси»-и Англия, дар чорякфинал бар «Барселона»-и Испания, дар нимфинал бар «Лион»-и Фаронса ғалаба кардааст.
ПСЖ бори аввал дар финали Лигаи қаҳрамонҳо иштирок кард. Аз бошгоҳҳои фаронсавӣ дар ин мусобиқа танҳо «Марсел» соли 1993 ғолиб шудааст. «Бавария» ва ПСЖ бори даҳум дар доираи ин мусобиқа бо ҳам рӯбарӯ шуданд, дар панҷ бозӣ фаронсавиҳо ва дар чаҳор дидор олмониҳо ғолиб омадаанд. Аввалин бор соли 1998 дар финали мусобиқа ғолибони қаҳрамониҳои миллӣ ширкат кардаанд.
Нимҳимоятгари «Бавария» Томас Мюллер дар финали Лигаи қаҳрамонҳо бори чаҳорум иштирок карда, ду бор пирӯз шудааст.
Лигаи қаҳрамонҳо
Финал
“Бавария” (Олмон) - ПСЖ (Фаронса) – 1:0 (0:0)
Гол: Кингсли Коман, 59.
“Бавария: 1. Нойер, 17. Боатенг (то 25') , 27. Алаба, 6. Алкантара Т. (то 86') , 18. Горетска, 19. Дэйвис, 22. Гнабри (то 68') , 29. Коман К. (то 68') , 32. Киммих, 25. Мюллер, 9. Левандовски Р.

Иваз4. Зюле (аз 25') , 10. Коутинйо (аз 68') , 14. Перишич И. (аз 68') , 24. Толиссо (аз 86')

Бозигарони эҳтиётӣ: 26. Улрайх, 39. Ҳоффманн Р-Т., 2. Одриосола, 5. Павар, 21. Лукас Эрнандес, 8. Мартинес Х., 11. Кюизанс, 35. Зиркзее

Огоҳӣ: Дэйвис 28', Гнабри 52', Зюле 56', Мюллер 90'
ПСЖ: 1. Навас К., 3. Кимпембе, 4. Керер, 5. Маркинос, 2. Силва Т., 8. Паредес Л. ( то 64') , 11. Ди Мария (то 80') , 14. Бернат (то 80') , 21. Эррера (то 72') , 7. Мбаппе, 10. Неймар

Таъвиз6. Верратти (аз 64') , 23. Дракслер (аз 72') , 20. Курзава (аз 80') , 17. Чупо-Мотинг (аз 80')

Бозигарони эҳтиётӣ16. Рико С., 30. Булка, 19. Сарабия, 22. Диалло А., 25. Баккер М., 31. Дагба, 27. Гуйе И.Г., 18. Икарди

ОгоҳӣПаредес Л. 52', Неймар 81', Силва Т. 83', Курзава 85'
Рефери: Даниэле Орсато (Италия)
“Севиля” ғолиби Лигаи Аврупо шуд
“Севиля”-и Испания, ки рӯзи 21-уми август дар бозии ниҳоӣ бар “Интер”-и Италия бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, бори шашум барандаи Ҷоми УЕФА, аз он ҷумла чаҳор маротиба соҳиби Ҷоми Аврупо гардид.
Лигаи Аврупо
Финал
“Севиля” (Испания) “Интер” (Италия)  3:2 (2:2)
Голҳо: Лукаку Р., 5 (аз пеналтӣ) (0 : 1); Люк де Йонг, 12 (1 : 1); Люк де Йонг, 33 (2 : 1); Годин, 36 (2 : 2); Диего Карлос, 74 (3 : 2).
“Севиля: 13. Буну, 12. Кунде, 23. Регилон, 20. Диего Карлос (то 86') , 10. Банега, 14. Сусо (то 77') , 24. Хордан Х. (то 85') , 16. Навас Х., 25. Фернандо Р., 5. Окампос (то 70') , 19. Люк де Йонг (то 85')

Таъвиз: 11. Эл-Ҳаддодӣ (аз 70') , 22. Васкес (аз 77') , 15. Эн Носирӣ (аз 85') , 17. Гудель (аз 86')

Бозигарони эҳтиётӣ1. Васлик, 31. Хави Диас, 3. Серхи Гомес, 18. Эскудеро, 36. Хенаро, 21. Торрес О., 28. Хосе Алонсо

ОгоҳӣДиего Карлос 3', Банега 45'
Интер: 1. Ханданович С., 2. Годин (то 90') , 6. де Врей, 33. Д`Амброзио (то 78') , 95. Бастони, 5. Галярдини (то 78') , 15. Янг Э., 77. Брозович, 23. Барелла, 9. Лукаку Р., 10. Мартинес Л. (то 78')

Таъвиз: 24. Эриксен (аз 78') , 7. Санчес А. (аз 78') , 11. Мозес (аз 78') , 87. Кандрева (аз 90')

Бозигарони эҳтиётӣ27. Паделли, 13. Раноккия, 31. Пирола, 34. Бираги К., 37. Шкриниар, 12. Сенси, 20. Валеро Б., 30. Эспозито С.

ОгоҳӣБарелла 41', Бастони 55', Галярдини 73'
Рефери: Данни Маккели (Нидерланд)

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.