расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » ВИРУСИ БЕХАБАРӢ АЗ ТАЪРИХИ ХУД: “ИСМОИЛИ СОМОНӢ” НОМ КАРДАНИ АРАҚ МАГАР ҶОИЗ АСТ?

. / Дин

ВИРУСИ БЕХАБАРӢ АЗ ТАЪРИХИ ХУД: “ИСМОИЛИ СОМОНӢ” НОМ КАРДАНИ АРАҚ МАГАР ҶОИЗ АСТ?




Надонистани таърихи худ низ вирус аст.
Ин навъ вирус роҳи нафаскашӣ нею роҳи тафаккурро маҳкам мекунад.
Шуши як шахс нею шуши миллатро хароб месозад.
Магар истифодаи номи бузурги Исмоили Сомонӣ (р) дар шишаҳои арақ (сарчашмаи палидиҳову яке аз бадтарин ҳаромҳо) таҳқир ба муқададсоти миллат ва помол намудани номи бузурги гузаштагони миллат нест?!
Амири худотарсу худохоҳ, бо тақвову ҳофиз ва ровии аҳодиси набавӣ, имоми мардум дар намози ҷумъаву ҷанозаҳо...
Амире, ки чун болои асп мерафту агар садои азон ба гӯшаш мерасид, аз камоли эҳтиром ба ин нидои қудсӣ аз асп поин мефаромад ва ҷое нишаста то ба охир садои муаззинро гӯш меандохт ва дуъо карда сипас савори аспи худ мешуд.... 
Магар ин бемаърифативу бехабарӣ аз таърихи худ нест, ки ба номи бузургаш арақе, ки созандаву фурӯшандаву бардорандаву нӯшандаашро Худо лаънат гуфта аст, номгузорӣ шавад?!
 
ВИРУСИ БЕХАБАРӢ АЗ ТАЪРИХИ ХУД
_______________________
Надонистани таърихи худ низ вирус аст.
Ин навъ вирус роҳи нафаскашӣ нею роҳи тафаккурро маҳкам мекунад.
Шуши як шахс нею шуши миллатро хароб месозад.
Ин навъ вирус низ мисли Коронавирус сирояткунанда аст.
Масалан нафаре дуруғи таърихие мебофад ва дар ҷомеа онро паҳн месозад, он хурофа ба ақли дигарон роҳ ёфта реша мегирад.
Танҳо фарқи ин вирус аз Коронавирус дар он аст, ки шахси гирифторро набояд карантин карда танҳо гузошт, балки мебояд дар ҳамроҳии аҳли илму дониш гузошт то ӯро "табобат” кунанд.
Акси арақҳои дар поёнбударо дида ба хотири поси ному хидматҳои бузурги Амири худотарсу худоҷуй, Исмоили Сомонӣ (р) чанд ҳарфе аз сирати муаттари ӯ биоварам.
Магар истифодаи номи бузурги Исмоили Сомонӣ (р) дар шишаҳои арақ (сарчашмаи палидиҳову яке аз бадтарин ҳаромҳо) таҳқир ба муқададсоти миллат ва помол намудани номи бузурги гузаштагони миллат нест?!
Амири худотарсу худохоҳ, бо тақвову ҳофиз ва ровии аҳодиси набавӣ, имоми мардум дар намози ҷумъаву ҷанозаҳо...
Амире, ки чун болои асп мерафту агар садои азон ба гӯшаш мерасид, аз камоли эҳтиром ба ин нидои қудсӣ аз асп поин мефаромад ва ҷое нишаста то ба охир садои муаззинро гӯш меандохт ва дуъо карда сипас савори аспи худ мешуд.
Амире, ки дар ҷавонӣ улуми шаръи ва арабӣ, аз қабили сарфу наҳву ҳадису тафсиру фиқҳ...ро аз бар карда буду онро ривоят мекард.
Ин Амири бузургвор, ки намегӯем ба маю майнӯшӣ алоқамандӣ надошт, балки тайёр кардан, ё аз ҷое овардан ё фурӯхтану нӯшиданӣ ин палиди дар саросари давлаташ кори хилофи қонун буду барои айёшону майнӯшон муҷозот муқаррар буд. Зеро сарқонуни давлати ӯ ҳамон аҳкому қонунҳои Қуръон буд.
Исмоил ибни Аҳмад, ки дар даврони ҳукмрониаш адади мадрасоҳои диниро дар қаламрави давлаташ ба ҳазор расонида буд.
Магар ин бемаърифативу бехабарӣ аз таърихи худ нест, ки ба номи бузургаш арақе, ки созандаву фурӯшандаву бардорандаву нӯшандаашро Худо лаънат гуфта аст, номгузорӣ шавад?!
Агар халқи рус ба номи Николайҳояшон арақҳо доранд, ҳақ доранд, чун мероси ёфтаи онон аз аҷдодашон маю мастӣ аст.
Аммо мо тоҷикони тоҷдору диндор таърихи ба худ хоси худро дорем, ҳаргиз намесазад, ки куркурона тақлиди фарҳанги бегона кунему ба номи Оли Сомон майхонаҳо кушоему май истеҳсол намоем.
Як каме бузургони миллатамонро дурустар шиносему номи бузургашонро пос дорем хуб аст дӯстони азиз.
Ба хотири шинохти бештар аз ин шоҳи номвар қатраҳое аз баҳри бузургиву диндории ӯро аз забони муаррихони муҳаққиқ меорем то бидонем, ки Исмоили Сомониро ҳеҷ нисбате ба арақу арақнушӣ набуд.
Ин марди бузургвор на танҳо як сарлашкар ё шоҳи номвар, балки шахси ба ғоят диндору динпарвар, донандаи улуми шариат ва бунёдгари садхо масҷидҳову мадрасаҳо буд.
Имом Заҳабӣ, муаррихи номвар Исмоили Сомониро дар китоби худ – "Ал-Ибар фи ахбори ман ғабар” муаррифӣ намуда гуфта аст:
"Амири Хуросон ва Мовароуннаҳр, Исмоил писари Аҳмад, шоҳи фозил, донишманд ва сипаҳсолор, соҳиби тинати пок, эҳтиромгузору қадрдон нисбат ба уламои дин, одилу ҳалим ва шуҷоатманду соҳиброй, мулаққаб ба "Амири мозӣ”, ки ба илму дониш, алалхусус нисбат ба илми ҳадис ва аҳли он дилбастагии хоссае дошт.”
( "Ал-Ибар фи ахбори ман ғабар” ҷил 1, саҳ 429)
Муаррих ва шарқшиноси машҳури Венгрӣ, Арминия Вамбери (ARMINIUS VAMBERI) (1832-1913) дар китоби арзишманди худ "Таърихи Бухоро, аз асрҳои қадим то имрӯз" дигаре аз фазоли ин родмардро баён дошта гуфта аст:
Шоҳ Исмоили Сомонӣ то ҳадде ба бунёди масоҷиду мадорис ва махсусгардонии вақфҳо барои он аҳамияти зиёд дошт, ки дар даврони ҳукмронии ӯ адади мадрасаҳо танҳо дар Бухоро бештар аз адади мадориси ҳама шаҳрҳои Осиёни миёна буд.
("Таърихи Бухоро, аз асрҳои қадим то имрӯз” Арминия Вамбери. Саҳ 109)
Исмоили Сомонӣ донандаи Қуръону аҳкоми фиқҳ буд ва намозҳои ҷанозаи уламои кишварашро худ имом шуда мехонд.
Имом Насафӣ (р) дар шарҳи ҳоли фақеҳ Абулайс Убайдуллоҳ ибни Сурайҷӣ Бухорӣ (р)оварда аст:
"Ӯ (Абу Лайси Сурайҷ) аз бузургмардони замон ва донандаи илми фиқҳ, ҳадис ва осор (ривоёт) буд. Ӯ зуҳри рӯзи панҷшанбе, соли 258 ҳиҷ ( 872 мил) вафот кард ва намози ҷанозаашро Амир Исмоили Сомонӣ гузорид.”
(Ал-Қанд фи зикри уламои Самарқанд. Насафӣ. Саҳ 455)
Имом Ибни Ҳаҷар дар "Табсирул-мунтабиҳ би таҳрири-л-мушбатиҳ” гуфта аст:
"Исмоили Сомонӣ мансуб ба шоҳ Аҳмад ибни Асад ибни Сомонии Бухорӣ аст. Амири Мозӣ Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонии Бухорӣ. Аз ӯ Абдуллоҳ ибни Яъқуби Бухории фақеҳ ва бародараш Наср ибни Аҳмад ва фарзандонашон ҳадис ривоят кардаанд.”
("Табсиру-л-мунтабиҳ би таҳрири-л-мушбатиҳ. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ. ҷил, 2, саҳ 801)
Муаррих Наршахӣ зикр карда аст, ки:
Ба қалъаи Бухоро саҳрое пайваст мешуд, ки онҷо ҳама найшакар мерӯид ва онҷо "Даштак” ном дошт. Амир Исмоил он саҳроро аз соҳибаш Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Толут ба қимати даҳ ҳазор дирҳам харидорӣ кард ва онро барои масҷиди ҷомеъ (и Бухоро) вақф гузошт.
(Таърихи Наршахӣ, саҳ 49)
(Замини вақф яъне замине, ки даромади ҳосили он барои масҷидҳо ё мадрасаҳо сарф мешуд)
азири одил, Низомулмулки Тӯсӣ (р) дар китоби машҳури худ "Сиёсатнома” мегӯяд:
"Аз ҷумлаи амирони Сомонӣ амире буд ба номи Исмоил инби Аҳмад, ки хеле одил ва дорандаи хисоли нек буд, аз ҷумлаи намоёнтарин хислатҳои ҳамидааш имони холис ба Худо ва эҳсон бар фуқаро буд.”
("Сират-ул- Мулук” ё "Сиёсатнома”- и Низомулмулки Тусӣ, саҳ 55)
Аллома Ибни Халдун (р) дар васфи ӯ гуфта аст:
"Исмоил ибни Аҳмад амире буд некхӯй, қадрдони аҳли имлу аҳли дин, одил ва нексират ва марде буд ҳалим.”
("Ал-Ибар” –и Ибни Халдун, маъруф ба Таърихи Ибни Халдун” ҷилди 3, саҳ 389)
Иловатан,
Ҳарки хоҳад бо ин амири боимону худоогоҳ бештар ошно шавад, илова намоем, ки фазлу бузургӣ ва диёнату тақводории ин шоҳи бузургворро илова бар имом Заҳабиву Ибни Ҳаҷар, Ибни Халдуну Насафӣ, инчунин имом:
Ибни Салоҳ дар "Табақот-ш-Шофиъия”, имомон, Ибни Асир дар "Ал- Комил фи-т- таърих ва Ибни Халликон дар "Вафаёт-ул-Аъён”, имоми ҳофиз Ассамъонӣ дар "Ал-Ансоб”, ҷуғрофидони исломӣ Истахрӣ, муаррихон, Наршахӣ дар "Таърихи бухоро” Қазвинӣ дар "Ат-тадвин фи ахбори Қазвин” ва Қашқаландӣ дар "Маосиру-аноқа фи маолими-л-хилофа” ва имоми ҳофиз Ал- Ҷузақонӣ дар "Ал-Аботил ва-л-манокир фи-ссиҳоҳи ва-л- машоҳир...ва ғайра зикр намудаанд.
Камоли ҳусни тадбираш чунон орост оламро,
Ки то даврон бувад боқи бар ӯ ҳусни сано бошад.
Раҳмати Ҳақ бар равони ин шохи некном бод!
Ба адлу карам солҳо мулк ронд,
Бирафту накуномӣ аз вай бимонд.
Аммо имруз касе гуяд:
Бирафту аксаш руи шишаи арак монд, магар нохуб нест?!
-----------------------
И,С.
24/03/2020


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.