расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Қаблан судшудаҳо боз даст ба ҷиноят заданд

. / Ҳаводис

Қаблан судшудаҳо боз даст ба ҷиноят заданд

1073
Барои ҷинояти дуздӣ - ҷиноят ба муқобили моликият дар моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси мактуби роҳбарияти корхонаи ҶДММ «Моҳир-семент» дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ оиди аз тарафи шахсони номаълум дуздида шудани ноқилҳои барқӣ, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои муайяну дастгир намудани ҷинояткорон як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ доир намуда, ду нафар сокинони ноҳияи мазкурро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.
Инҳо Шукуров Муҳсин, соли таваллудаш 1999, ки қаблан 4 маротиба суд шудааст ва Сафаров Саидҷафар, соли таваллудаш 1997, ки пеш як маротиба бо моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, мебошанд.
Ин ду нафар аз он ки солҳои тулонӣ адои ҷазо карда бошанд ҳам, аз ин ба худ хулосаи лозимӣ набароварда, боз такроран даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд.
Маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардаашонро дар эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, боз дар пайи нақшаҳои нави ҷинояткорона мегарданд.
10741075
Шаби 22-юми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, аз рӯи маслиҳати пешакӣ ба суроғаи ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷ. Балхӣ рафта, аз торикии шаб ва набудани одамон дар гирду атроф истифода намуда, бо тариқи пинҳонӣ вориди саҳни ҳавлии корхонаи ҶДММ «Моҳир-семент» гашта, аз он ҷо 250 метр ноқилҳои барқиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки бо ин амалашон ба корхона 28 ҳазору 750 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Нисбати гумонбарон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.