расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БОЗДОШТИ ДУ МАРДИ ҚАБЛАН СУДШУДА БАРОИ ДУЗДИИ 39 АСБОБИ ФИШОРСАНҶ

. / Ҳаводис

БОЗДОШТИ ДУ МАРДИ ҚАБЛАН СУДШУДА БАРОИ ДУЗДИИ 39 АСБОБИ ФИШОРСАНҶ

Ду сокини 56- ва 39-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи Душанбе ва Ҳисор бо гумони дуздии 39 асбоби фишорсанҷ (арзиши умумиашон – 62 ҳазору 400 сомонӣ) аз дохили мошини "Ҳундай” дастгир шудаанд.
Се сокини қаблан судшудаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба дуздии 250 метр ноқил аз корхонаи "Моҳир Семент” айбдор мешаванд.
Субҳи 24 сентябр бар асари ба дарахти тут бархӯрдани "Мерседес” дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиён як зани 43-солаи сокини ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод ҷон бохтааст.

Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми апрели соли 2020, тахминан соати 03:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи "Хундай”, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 39-адад таҷҳизоти фишорсанҷиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 62 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 56 ва 39-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбею Ҳисор, ки қаблан ҳардуи онҳо бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ мактуби роҳбарияти ҶДММ "Моҳир Семент”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ ворид гардидааст, ки санаи 22-юми сентябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз қаламрави корхонаи мазкур силки (кабел)-и тамғаи ТПП 100х2х0,4 250-метрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 28 ҳазору 750-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳелаварди ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавонони 21, 23-солаи сокинони ҳамин ноҳия ки бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 141 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.