расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДУЗДИ ДАР НАМОЗИ ҶУМЪА

. / Ҷомеа

ДУЗДИ ДАР НАМОЗИ ҶУМЪА

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Азим Абдураҳмонов, сокини 24-солаи шаҳри Бохтар хабар дод, ки дар ҳолатҳои дуздӣ дар масоҷиди ҷомеи вилояти Суғд айбдор мешавад. 
Тибқи иттилои ВУД, Азим Абдураҳмонов, ки муваққатан барои кору зиндагӣ ба Суғд рафтааст, вақти намози ҷумъа аз кисаи намозгузорон телефону маблағ медуздидааст. ВУД тавзеҳ додааст, ки айбдоршаванда замоне даст ба дуздӣ мезадаст, ки намозгузорон болопӯшҳояшонро дар овезаҳои таҳоратхона мегузоштаанд. Муттаҳам тайи як ҳафта - аз ҷумъа то ҷумъа ду бор дар масҷиди ҷомеи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як бор дар масҷиди марказии Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд дуздӣ карда, дар маҷмуъ беш аз 2500 доллари амрикоӣ ва телефонро гирифтааст, - гузориш дод ВУД.  подробнее тдж: https://oila.tj/news/duzdi-dar-namozi-uma

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.