расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Академик Бобоҷон Ғафуров ва мазҳаби исмоилия

. / Ҷомеа

Академик Бобоҷон Ғафуров ва мазҳаби исмоилия

Дар ҳошияи баҳси доғи имрӯзҳо дар мавриди исмоилиён дар китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров.

Муовини вазири маориф ба сокинони ВМКБ китоби "Тоҷикон"-ро тақдим мекунад
Зиндагии мусолиматомези тоҷикони ҳанафӣ ва исмоилӣ дар Тоҷикистон намунаи нодире аз ҳамзистии бидуни низоъву нигаришҳои хусуматомези мазҳабҳо дар сатҳи олами ислом аст. Вале сари чанд вақте баъзе аз фурсатталабон мехоҳанд ин ҳамоҳангиву ҳамзистии нодирро барҳам бизананд ва баҳсҳои мазҳабиро доғ бикунанд. Хусусан баъди дигарбора нашр ва ба тамоми хонаводаҳои Тоҷикистон тақсим шудани китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ин баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ шуд. Бархеҳо ин баҳсро матраҳ карданд, агар Ғафуров дар баробари исмоилиён  дидгоҳҳои таҳқиромез дорад, чаро китоби ӯ ба исмоилиён ҳам тақсим шуд?!
Матлаби зер аз донишманди саршиноси риштаи исмоилияшиносӣ, муҳаққиқи барҷастаи Институти тадқиқоти исмоилии Лондон, доктор Отамбек Мастибеков аст, ки талоши аз нигоҳи илмӣ ва бидуни ғарази мазҳабӣ баҳо додан ба дидгоҳҳои Ғафуров нисбат ба исмоилиён дар "Тоҷикон" аст.
***
Вақтҳои ахир дар сафҳаҳои иҷтимоӣ дар мавриди китоби академик Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон”, баҳсҳои оммавие миёни исмоилиёни Тоҷикистон ва берун аз он доғ шуд. Масъалаи асосӣ ин аст, ки чаро дар ин китоб буҳтонҳое алайҳи исмоилиён ҷо дода шудааст, вале сарфи назар аз ин ҳама ин китобро дар Бадахшон паҳн мекунанд?
Дар аввал хамӯширо ихтиёр намудам, чун донистам кори касонест, ки мақсадашон нооромии Тоҷикистон ва иғво миёни адёну фирқаҳои гунонун аст. Аммо чун дидам мавзӯъро гаштаву баргашта, худ пинҳону бо дасти баъзе ҷавонон ба баҳсои тунд даъват мекунанд, зарур шуморидам чанд нуктаро дар ин ҷо иброз кунам, чаро ки дар чунин маврид хамӯшӣ ихтиёр кардан ё бетарафӣ, гуноҳ аст.
Баъзе аз мунаққидон, ки дониши динӣ ва илмиашон на чандон устувор аст, барои дигарон тавсия медиҳанд, ки он саҳифаҳоро (саҳ. 450 – 451) сӯзонанд, ё тамоман ин китобро нобуд кунанд. Дар ибтидо ба таври ошкоро гуфтаниам, ки сӯзондани сафҳа ё нобуд кардани китоб хоси мазҳаби исмоилӣ набуд ва нест. Новобаста ба он, ки дар масири таърих ҳазорҳо китоб зидди мазҳаби исмоилия навишта шудаанд, ҳамаи ин китобҳо то ба имрӯз ҳам дар китобхонаҳои исмоилиён маҳфузанд.

Назарҳои манфии Ғафуров дар бораи исмоилия

Акс аз шабакаҳои ҷитмоӣ
Дар мавриди китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ҳаминро гуфтаниам, ки ин китоб қабл аз ҳама аз нуқтаи назари илмӣ навишта шудааст ва дувум зидди исмоилиён ҳам нест, он чунон ки, баъзеҳо мехоҳанд онро чун василае барои барангехтани низоъ истифода кунанд.
Албатта дар ин китоб муаллиф ҷиҳатҳои манфиро бо забони тунд тасвир намудаанд, вале ҷиҳатҳои мусбатро чунон донишмандона ба қалам додаанд, ки на ҳар саре тавони дарки онро дорад. Инро Бобоҷон Ғафуров шояд амдан карданд, то курсинишинони зидди дини он замон аз ҷанбаи дувуми мавзуъ бехабар монанд, он чунон ки имрӯз низ аксарият аз он бехабаранд. Ин нуктаҳои мусбат, ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи маънӣ, дар ин ду саҳфа ду баробар бештар аз нуқтаназарҳои манфианд. Банда низ дар ин ҷо танҳо ин ду саҳфаро (450-451) таҳлил хоҳам кард.
Мухолифон набояд даъво кунанд, ки танқидҳои муаллифро нодида гирифтам, бадин хотир онҳоро аввал зикр хоҳам кард, ки барои ҳамагон айёнанд ва хело ҳам зуд ба чашм мерасанд. Барои мисол: Исмоил “Аз тарафи падараш Ҷаъфари Содиқ мардуд гардидааст”; “Аксари мардум ба ин макри воизони исмоилӣ бовар мекарданд”; “Соли 1092 Низомулмулк ба дасти террористони исмоилӣ кушта шуд” (ҳамаи инҳо дар саҳ. 450).
Аввал бояд ёдоваршуд, ки маъхази ҳамаи ин танқидҳо хело ҳам қадимтар аз нуқтаназарҳои Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Инҳо тавтиъаҳое ҳастанд, ки дар садҳо китоби дигар, ки пеш аз Бобоҷон Ғафуров бар зидди исмоилиён навишта шудаанд, сабт гардидааст. Исмоилишиноси маъруфи рус, Иванов дар ин бора хуб фармудаанд: “Агар дурӯғ дар тӯли солҳо вирди забонҳо такрор ба такрор гардад, ба ҳақиқат мубаддал шавад”.  Чунин даъвоҳо, ҳанӯз  то асри ХХ шакли ҳақиқатро гирифта буданд. Маҳз аз асри ХХ сар карда, олимони бетарафи ғайримусулмоне чун Семёнов, Бобринской, Иванов, Бертелс, Луис, Стерн, Ҳодҷсон, Корбин, Ҳолм, Валкер, Маделунг ва ғайра ин масъалаҳоро зери суол монданд ва тадқиқотро беғаразона оғоз карданд. Аммо ин мавзӯи алоҳида аст ва намехоҳам зиёд сухан дар ин ҷо аз ин боб гӯям. Фақат як иқтибос аз Бернард Луис оиди онҳое кӣ зидди Исмоилия то асри ХХ навишта буданд, басанда аст, ки мегӯяд: “Мақсади асосии онҳо такзиб ва маҳкум намудан буд, на ин ки фаҳмидан ва ё фаҳмондан.” Аммо БобоҷонҒафуров аз зумраи донишмандоне буд, ки тадқиқоти дуҷониба карданд.

Назарҳои мусбати Ғафуров дар бораи исмоилия

Акнун ба таҳлили ҷанбаҳои мусбати “Тоҷикон” дар мавриди исмоилия мепардозем, то мавзӯъ аз таҳлили яктарафа иборат набошад.
Он чунон ки дар боло тазаккур додем, дидгоҳҳои мусбат ва тавсифии Бобоҷон Ғафуров, дар мавриди исмоилия ва исмоилиён нисбат ба ҷанбаҳои таҳқиромез ба маротиб қавитаранд. Ақидаи академикии Бобоҷон Ғафуров бо чунин ҷумла оғоз меёбад: “Исмоилиҳо аз фалсафаи Юнон истифода бурда, системаи томи таълимоти ратсионалиро инкишоф медиҳанд ва ба ин васила зиёиён, бисёр матафаккирон ва ходимони барҷастаи давлатиро ба тарафи худ мекашанд” (саҳ. 450). Дар ҳамин як ҷумла муаллиф се хусусияти бисёр бузурги таълимоти исмоилиёнро шарҳ додааст.
Нахуст, Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки доиёни исмоилӣ, дар муқоиса бо дигар воизони мазоҳиби гуногун, дониши худро на танҳо бо маъхазҳои динӣ, балки фаротар аз он, бо фалсафаи Юнон ва илмҳои дигари дақиқ мустаҳкам мекарданд. Ин худ талаби Расули Акрам (с) аст, ки дар ҳадисе фармудаанд: “Утлубу ал-илм ва лав фӣ ал-Син, фа ин талаб ал-илм фариза ала кулли муслим» (Илмро талаб кунед, ҳатто агар дар Чин ҳам бошад ва талаби илм фарз аст барои кулли мусулмонон).
Бобоҷон Ғафуров маҳз ҳамин нуктаро паси парда нишон доданд. Баъдан, мутафаккир мегӯяд, ки исмоилиён “системаи томи таълимоти ратсионалиро инкишоф медиҳанд”, ки ин худ бузургтарин дастовард барои ҳар як мазҳаб аст, агар ба чунин комёбие бирасад. Илова бар ин, агар мутафаккире чун Бобоҷон Ғафуров, инро дар китоби миллӣ-таърихӣ эътироф кунад, боз ҳам гувоҳе бар ҳақиқати сухан аст. Дар зоҳир ҳар як мазҳаб метавонад даъвӣ кунад, ки таълимоти эшон ратсионалӣ аст, лекин агар мутафаккире аз мазҳаби дигар онро эътироф кунад, он тамоман чизи дигар аст, ки далолат бар ҳақиқат будани он аст. Дар ҳар як ибораи фавқуззикр моҳияти илмӣ ниҳоят барҷаста аст.
Тақсими "Тоҷикон" дар ВМКБ
Аввалан Бобоҷон Ғафуров ибораи ‘системаи том’-ро истифода мекунад, ки он мушаххас аст, яклухт аст ва қавӣ аст, ки дар дохили он тардид нисбат ба ҳамдигар нест. Сониян, ибораи ‘таълимоти ратсионалӣ’-ро ба кор мебарад, ки он система дар дохили таълимоти ақлонӣ аст ва пойдевори он система ақл аст. Ва солисан ақидаро бо хабари ‘инкишоф медиҳанд’ ҷамъбаст мекунад. Дар ин ҷо академик Ғафуров намегӯяд, ки исмоилиён фалсафаи Юнонро меомӯзанду халос ва ё аз он кӯр-кӯрона пайравӣ мекунанд ва ё тавассути он барои худ системаи муайян месозанду дар тӯли қарнҳо аз он истифода мекунанд. Балки таъкид мекунад, ки онро ‘инкишоф медиҳанд’. Маҳз ҳамин аст сирри пешравии ин мазҳаб.

Ғафуров мункири арзишҳои маънавии исмоилия нест

Чизи дигаре, киолим ба он таваҷҷуҳкарда, ин аст: “Зиёиён, бисёр матафаккирон ва ходимони барҷастаи давлатиро ба тарафи худ мекашанд”. Ин ҳам худ як исботи арзиши маънавии ин мазҳаб аст, ки бидуни дониши солиму ақоиди асоснок кас натавонад бо зиёиёну матафаккирону ходимони барҷастаи давлатӣ ҳатто рӯ ба рӯ шавад. Аммо инҳо тавонистанд онҳоро ба тарафи худ кашанд. Ва бояд дар ин ҷо ба як чизи дигар диққат кард, ки академик Ғафуров намегӯяд, ки онҳоро ба мазҳаби Исмоилия даъват мекарданд, балки мегӯяд ‘ба тарафи худ мекашанд’ – яъне онҳоро ба ҷустуҷӯи дониши ҳақиқӣ даъват мекарданд.
Бобоҷон Ғафуров аз фалсафаи ҳуҷҷати исмоилӣ – Носири Хусрав, хуб бохабар будаанд ва нағз мефаҳмид, ки ӯ дар ягон ҷо нагуфтааст, ки ҳаққиқат дар Миср, дар дарбори Мустансир аст ва равед ва онро аз он ҷо гиред, сарфи назар аз ин, ки Носири Хусрав худ ҳаққиқати хешро маҳз аз ҳамон ҷо дарёфт намуд. Вале дар таълимоти худ Носири Хусрав пайваста таъкид намуд, ки ҳаққиқатро тавассути дониш ҷустуҷӯ кунед ва дар ҳар ҷое, ки онро ёфтед, аз ҳамон ҷо гиред, “ва ҳар кӣ донотар шуд Худойро мутеъетар шуд ва ҳар кӣ донои тамом шуд ба неъмати ҷовидӣ бирасад” (Ваҷҳи дин, боби 3).
Ба ҳамин хотир донишманд Ғафуров ҳаматарафа огоҳ буданд, ки зиёиёну мутафаккиронро як бора аз як мазҳаб ба мазҳаби дигар даъват кардан берун аз мантиқ аст. Илова бар ин, зиёиёну мутафаккирон то худ барои қабули ягон мазҳаб мутмаъин нагарданд, кас натавонад онҳоро аз эътиқоди худӣ берун кунад. Мисоли равшан, худи Ҳаким Носири Хусрав аст. Хуллас, Бобоҷон Ғафуров доиёни исмоилиро бо зиёиёну мутафаккирону ходимони барҷастаи давлатӣ баробар дар як мизон мегузорад, ки ин барои ин мазҳаб ҷойи ифтихор дорад.
Ғафуров бо ҷамъе аз равшанфикрони тоҷик
Дар масъалаи шуҷоату футувати исмоилиён академик мефармояд: “Фидоиёни ин ташкилот бо чустиву чолокӣ ва ҷасорат ном бароварда буданд”. Муҳимтар аз ин барои тамоми таърихнигорон, аз замони Ҳасани Саббоҳ то ба имрӯз маълум аст, ки фидоиёни исмоилӣ бо ин чустиву чолокӣ ва ҷасорат мардуми бенавову камбағалон, занону кӯдакон ва амсоли инҳоро на ғорат мекарданд ва на мекуштанд ва Ғафуров ҳам дуруст мефармояд, ки одамони мансуб ба аъёну ашроф аз ханҷари онҳо метарсиданд.

Ғафуров ва баҳси куштани Нозомулмулук ва робитаи исмоилиёну ҳанафиён

Андар куштани Низомулмулк ба дасти фидоиёни исмоилӣ Бобоҷон Ғафуров шояд андаке саҳлангорӣ кардаанд. Инкор карданӣ нестам, ки яке аз фарзияҳои куштани Низомулмулк ба дасти фидоиёни исмоилӣ аст. Аммо бовар дорам, ки Ғафуров аз ду фарзияи дигар низ чун олим огаҳ будаанд: фарзияи дуввум он аст, ки Низомулмулк андар кашмакашҳои дохилӣ бо супориши Маликшоҳи I махфиёна кушта шуд; ва фарзияи саввум аз забони худи домоди Низомулмулк, Муқотил ибн Атиа ал-Бакрӣ аст. Ӯ дар китоби худ “Муътамара уламои Бағдод” менависад, ки Низомулмулк дар баҳси байни уламои шиъӣ ва суннӣ, ки бо дастури Маликшоҳи Салчуқӣ, дар зери назари Низомулмулк сурат гирифта буд, кушта шуд. Ба ҳар ҳол Бобоҷон Ғафуров шояд бо сабаби дур нарафтан аз мавзӯи аслӣ наметавонист ҳар се фарзияро дар як ахбори кӯтоҳ дар китоби “Тоҷикон” ҷой диҳад. Аммо ӯ ба таври кутоҳ метавонист гуфт, ки куштани Низомулмулк ба дасти фидоиёни исмоилӣ яке аз фарзияҳост. Ва ё шояд гуфта буд, вале баъдан онро дигар мураттибон аз китоб хат заданд.
Дар масъалаи робитаи ҳанафиён бо исмоилиён ба ин ҷумлаи зери Бобоҷон Ғафуров бояд хуб диққат дод, ки мефармояд:
“Таълимоти исмоилиён, умуман, ба муқобили ҳанафияи ислом буд, ки дар аҳди ҳукмронии Салчуқиён на фақат шарҳу басти озодонаи Қуръон ва масъалаҳои илоҳиётро, балки ҳама гуна таҳқиқоти илмӣ, ҳатто тадқиқи риёзиёт, ҳайат, тиб ва амсоли онро манъ карда буд, як шакли эътироз ба шумор мерафт”.
Нахуст бояд зикр намуд, ки ҳанафия ва исмоилия ду раванди гуногун ҳастанд, вале зидди ҳамдигар нестанд ва Ғафуров ҳам дар боло нагуфтааст, ки инҳо зид ҳастанд. Касоне, ки аз таъриху таълимоти Ислом бохабаранд, пас аз муносибату ҳамкориҳои Имом Ҷаъфари Содиқ (ваф. 765) ва Имом Абу Ҳанифа (ваф. 767) низ бехабар нестанд ва хуб огоҳанд, ки ин ду шахсияти таърихӣ ҳеч вақт рақиби ҳамдигар набудаанд. Баръакс чандин солҳо бо ҳамдигар ҳамкорӣ доштанд ва ҳатто шогирду устод ҳам будаанд. Бад ин хотир исмоилиён ва ҳанафиён дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазор сол, дар ҳамин сарзамини имрӯзаи Тоҷинистон якҷо ва паҳлӯ ба паҳлӯ зистанд ва хоҳанд зист, новобаста бо он, ки чандин бор душманони аҷнабӣ кӯшиш карданд дар миёни мусулмонони тоҷик низои мазҳабиро шӯълавар созанд, аммо ақли салим ғолиб омад ва душманон натавонистанд ба ҳадафи худ бирасанд.
Дар мактаби фиқҳии Имом Абу Ҳанифа ҳадди ақал чаҳор рукни муҳим, ба монанди: қиёс, раъй, иҷмоъ ва истиҳсон мавҷуданд, ки чӣ дар масъалаҳои шариат ва илоҳиёт, дар маҷмӯъ, ва чӣ дар масъалаи Қуръон, ба хусус, як фазои озоди фикрӣ ва ақлониро ба кор мебаранд. Аммо он чизе, ки мансабдорони салчуқӣ, ки низ худро ҳанафӣ мегуфтанд ва ҳама гуна озодиҳои фикриро на танҳо нисбат ба Қуръону илоҳиёт, балки нисбат ба илмҳои дақиқ манъ мекарданд, албатта исмоилиён ба он эътироз нишон доданд ва Бобоҷон Ғафуров ҳам дар боло ҳаминро таъкид кардааст. Ба ҳамин хотир мутафаккир Ғафуров ҳатто феълро, барои равшан будани фикр, дар замони гузашта - “буд” истифода намудааст. Лекин нагуфтааст, ки доктринаи исмоилия зидди мактаби фиқҳии ҳанафия аст. Ин ду чизи муҳим, мактаби фиқҳии ҳанафия ва мансабдорони салчуқии ҳанафӣ, аз ҳамдигар фарқи ниҳоят бузург доранд. Академик Ғафуров бошад дар ҷумлаҳои боло ҳанафиёни салчуқиро танқид намудааст, ки озодии фикрӣ ва ақлониро маҳв мекарданд, на исмоилиёнро, ки зидди онҳо эътироз нишон доданд.

Хулосаи Ғафуров аз исмоилиҳо дар «Тоҷикон»

Ба ҳамин хотир Бобоҷон Ғафуров дар ниҳояти боб чунин хулоса мекунад: “Нақши исмоилияи асрҳои IX-XI дар бобати нигоҳ доштани анъанаи афкори озод бағоят калон аст”. Пас биёед як бори дигар китоби “Тоҷикон”-ро бодиққаттар ва беғаразонатар бихонем ва пас аз он хулоса кунем.
Худи интихоб намудани мазҳаби Исмоилия барои рисолаи докторӣ нишонгари он аст, ки барои Бобоҷон Ғафуров ин мазҳаб як олам тадқиқот аст. Инро аз таҷрибаи худам медонам, ки ҳар як докторант дар қадами аввал андар интихоби мавзӯъ онеро интихоб мекунад, ки ба фикри худаш он мавзӯъ беҳтарин ва пурарзиштарин аст. Итминони комил дорам, ки барои Бобоҷон Ғафуров низ мазҳаби Исмоилия як меҳвари пурарзиш дар тадқиқоти илмӣ буд, ки ӯ лозим шуморид бештар аз панҷ соли ҳаёти илмии худро барои тадқиқоти ин мазҳаб сарф кунад.
Шояд гуруҳи хонандагон аз баъзе танқидҳои академик Бобоҷон Ғафуров дар баробари исмоилиён ранҷида бошанд, аммо бояд иқрор кард, ки илм бидуни тадқиқу таҳқиқу танқид илм нест. Бинобар ин, агар мо худамонро мазҳаби ботинӣ шумарем, дар қадами аввал бояд ҳар як мақола ва ҳатто ҷумлаву калимаро, фарқ намекунад он дар кадом мавзӯъ аст, чӣ аз нуқтаи назари зоҳир ва чӣ аз нуқтаи назари ботин, хуб бисанҷем, ҷустуҷӯ кунем, таҳлил кунем ва он гаҳ ақидаҳои худро бо меъёрҳои илмиву адабӣ баён кунем.
Дар муқоиса бо Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Ғазолӣ (1055-1111) шаш китоб зидди исмоилиён навишта буд, аммо банда рисолаи магистерии худамро дар Донишгоҳи Лондон дар мавзӯи “Истеъмоли тасаввуф дар Қуръон: муқоисаи Ғазолӣ ва Румӣ” навиштам ва басе хурсанд ҳам шудам, ки дар баробари бисёр норозиятиҳо бо Ғазолӣ, паҳлуҳоеро аз афкори Ғазолӣ омӯхтам, ки дар ҳеч як китобҳои исмоилиён онро надида будам. Танқидро набояд таҳдид, балки чун таълим қабул намуд.
Дар фуровард барои тамоми хонандагони гиромӣ комёбиҳои беҳтаринро дар ҷустуҷӯи илм таманно дорам ва умед дорам, ки дар оянда сабуриро дар дониш барои худ чун фарз қабул кунем. Сабурӣ дар дониш, ин яъне таҳамул бар танқид, ҷустуҷӯ андаруни ақида ва тадқиқи беғаразона пеш аз каломе, ки бар забон ояд.
***
Отамбек МастибековАкс аз бойгонии муаллиф
Маълумотномаи "АП": Доктор Отамбек Мастибеков дар ҳоли ҳозир муҳаққиқи нусхаҳои хаттӣ ва феҳрастнигори манбаъҳои форсӣ, арабӣ ва русии шубаъи маҷмуъаҳои вижаи Пажуҳишгоҳи тадқиқоти исмоилии Лондон аст. Ӯ ҳамчунин бунёдгузор ва мудири Мактаби шеъри ибодӣ (Мактаби мадҳияхонӣ)-и Хуруғ низ мебошад.  Пеш аз ин Отамбек  корманди илмии шуъбаи Осиёимарказии Пажуҳишгоҳи тадқиқоти исмоилӣ буд. Дараҷаи дуктуроро дар риштаи илоҳиётшиносӣ ва диншиносии Мактаби мутолеъоти шарқӣ ва африқоии  (SOAS) Донишгоҳи Лондон дар соли 2009 дарёфт кардааст. Мастибеков ҳамчунин дараҷаи магистерро дар бахши исломшиносӣ аз SOAS ба даст овардааст. Хатмкардаи риштаи забону адабиёти форисву арабии Донишгоҳи Хоруғ, Коллеҷи техники Душанбе ва  Донишгоҳи техники Бишкеки Қирғизистон аст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.