расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Абдураҳмон Абдуманнонов: Бобоҷон Ғафуров шахсияти нотакрор аст

. / Ҷомеа

Абдураҳмон Абдуманнонов: Бобоҷон Ғафуров шахсияти нотакрор аст

Дар арафаи 111-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров перомуни ҳаёт ва фаъолияти эшон бо адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абдуманнон суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем
Бобоҷон Ғафуров ва «Институти Ғафуров»
– Устоди муҳтарам, чун суҳбати мо аз номномаю корномаи аллома Бобоҷон Ғафуров аст, биёед, аз дидору суҳбатҳои рӯ ба рӯятон бо Бобоҷон Ғафуров оғоз намоем. Дидору суҳбатҳои Шумо бо Бобоҷон Ғафуров кай, дар куҷо, бо чӣ сабаб баргузор гардида буд?
– Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи мунаввартарин чеҳраҳои сиёсӣ, илмӣ ва мардумии халқи тоҷик на танҳо дар асри XX, балки умуман дар таърихи миллати мо маҳсуб мешавад. Хизматҳои созандаи ӯ барои давлат ва халқи Тоҷикистон, хусусан миллати тоҷик, тақвияти соҳаҳои гуногуни ҳастии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС, барои ташкилу пешрафти илму маориф дар ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои миллӣ, муаррифии гузаштаву имрӯзи халқи тоҷик ба ҷаҳониён, нишон додани саҳми миллати мо дар ташаккул ва инкишофи тамаддуни башарӣ, парвариши тафаккури миллӣ ва ҳисси ватандӯстии халқи тоҷик мавриди қадрдониву ситоиш аст.
Бар ман чандин бор ҳангоми таҳсил дар аспирантураи Институти шарқшиносии шаҳри Маскав муяссар гардидааст, ки аз суҳбати гарму самимии Бобоҷон Ғафуров баҳравар шавам. Моҳи сентябри соли 1970 маро аз Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон барои идомати таҳсил дар аспирантура ба Институти шарқшиносии АИ ИҶШС ба шаҳри Москва фиристоданд.
Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС академик Бобоҷон Ғафуров буданд ва эшон чунин одат доштанд, ки ҳар аспирант ё таҷрибаомӯз (стажёр) ва ё унвонҷӯеро, ки аз Тоҷикистон ба он Институт мерафт, ба ҳузур мепазируфтанд ва бо ӯ ҳамсуҳбат мешуданд. Муҳтавои суҳбатҳои на он қадар тӯлонияшон ин буд, ки мегуфтанд: Шумо фаромӯш накунед, ки тоҷик ҳастед, обрӯву эътибори халқатонро ҳам дар одоби муомилаву муошират ва ҳам дар кӯшишу ғайрат дар ҷодаи илм ҳифз намоед, агар баланд бардошта натавонед, ақаллан риоя кунед ва паст назанед; ба баъзе намояндагони халқҳои дигар, ки дороянд, дар бозору тиҷорати Маскав мавқеъ доранд, ба аспирантура аз рӯи ҳавою ҳавас дохил мешаванду ин мӯҳлатро хуш мегузаронанд, тақлид ва таассуб накунед, омӯзед, вақтро беҳуда нагузаронед, танҳо ба меҳнат ва дониши худ такя кунед.
Воқеан домулло Ғафуров марди шарифи хоксор буданд. Вақте ки ба бинои институт ворид мешуданд, аввал бо ду пиразане, ки дар тарафи рости фойе дар ҷолибосӣ (гардероб) кор мекарданд, дастӣ салом ва ҳолпурсӣ мекарданд. Сипас ба роҳрави дарози ошёнаи якум мегузаштанд, ки дар охири он зинапоя ба ошёнаи дуюм ва қабулгоҳи директор воқеъ буд. Ҳангоми аз роҳрав гузаштани домулло Ғафуров мардуми дар он ҷо ҳузурдошта ба деворҳои ду тарафи роҳрав ҷафс шуда, рост меистоданд ва эшон бо сари ба як ҷониб ҳамоил, бидуни нигаристан ба рӯйи касе, бо ҳар нафар дастӣ салом мекарданду ба утоқи кории худ мерафтанд.
Аллома Ғафуров зоҳиран одами туршрӯй менамуданд, вале аслан шахси нарму меҳрубон буданд, вақте ки ба қабулашон мерафтед, новобаста ба чи кас буданатон, аз ҷой хеста лангон-лангон ба истиқболатон меомаданд ва ҳангоми гусел низ то дами дари утоқ мегуселониданд.
Ҳангоме ман бори аввал  ба дидорашон даромадам, аз собиқаи корӣ ва идрорпулӣ (стипендия)-ам пурсон шуданд. Чун собиқаи корӣ надоштам ва идрорпулӣ ҳам ба миқдори кам буд, пешниҳод карданд, ки баъзан ҳамчун тарҷумон дар  ҷараёни пурсишҳои тафтишот кор кунам. Аз он пас касонеро, ки дар марзҳои кишварҳои гуногун бо ҳар гумонбари ба ҷиноят боздошт мешуданд ва аз баски забони русиро намедонистанд, суд ба Институти шарқшиносӣ барои тарҷумон муроҷиат мекард ва ман бо пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров ва ёвари эшон Анатолий Гребнев дар толорҳои суд тарҷумонӣ мекардам. Ба ин восита дар Маскав маблағе дармеёфтам.
Ин ҳам аз ҷумлаи он рафторҳои некашон буд, ки бисёр меҳмоннавоз буданд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки касе аз эшон малӯлу ранҷур набошад ва махсусан тоҷиконеро, ки дар Маскав ба эшон бо масъалае муроҷиат мекарданд, кумак кардаву меҳмондорӣ мекарданд. Домулло ҳар сари сол барои табобати пояшон ба Осоишгоҳи дорои оби гарми ноҳияи Сариёғоч мерафтанд ва бо мардуми он ҷо дӯстию шиносоӣ пайдо карда буданд. Ҳар гоҳе аз рафиқону шиносони пайдокардаашон ба Маскав меомаданд, пеш аз сафар ба Бобоҷон Ғафуров хабар медоданд ва эшон бо додани имиқдоре пул, моро муваззаф менамуданд барои пешвозгирӣ, ҷойгир кардан дар меҳмонхона, таъмин намудани ғизову дигар чизҳои лозима ва сайругашту ҳал кардани масъалаи онҳо то ба гусел, ки мушкиле пеш наояд.
Ҳамзамон Бобоҷон Ғафуров бисёр хислатҳои нек доштанд. Боре дар маъракаи картошкачинӣ дар вилояти Маскав баҳсу ҷанҷоли мо ду тан аз ҳамватанон, бо хархашаю дастбагиребонӣ анҷомид ва хавфи дахолати милиса таҳдид мекард. Бобоҷон Ғафуров аз ҳодиса хабар шуда, бо гуфтугӯву оромбахшии ҷониби даъво, ҳардуи моро наздашон даъват карданд. Дар долонҳо аллакай пичир-пичири “Акнун ҳар ду тоҷикро аз аспирантура хориҷ мекунанд”, сайр дошт. Бобоҷон Ғафурович ҳар дуи моро рӯбарӯ шинонда, хеле панду насиҳат карданд, лек то ба охир ягон ҳарфе аз ҷангу сабабҳои он напурсиданд ва дар охир ҳамин қадар таъкид карданд, ки “мо – тоҷикон дар ин ҷо бисёр нестем, пас ба ҷойи ҷанг кардан, бояд якдигарро дастгирӣ кунем!”.
– Бидуни шак, рафтору кирдори аллома Ғафуров дар дараҷаи баланд буд ва хӯву хислати эшонро касе нест, ки наситояд. Ва дар ин замина эътибори он кас дар пояи худшиносии миллӣ аз  тахайюл ҳам афзун аст. Лек, шахсияти Ғафуров дар ангораҳои Шумо чӣ гуна нақш бастааст?
– Вобаста ба ин суоли шумо ёдовар шудани се лаҳза барои фаҳмидани эътибору мақоми Бобоҷон Ғафуров шояд аз аҳамият холӣ набошад.
Лаҳзаи аввал 15-уми ноябри соли 1973 воқеъ шуда буд. Дар он рӯз ман ва Валентина Дворянковаи афғоншинос — духтари шарқшиноси маъруф Николай Александрович Дворянков, дар Институти шарқшиносӣ рисолаҳои номзадиамонро дифоъ кардем. Бо маслиҳат ҳамон бегоҳ дар манзили Дворянков барои чанд нафар зиёфат оростем. Дар сари дастархон аз шарқшиносони маъруф И.С. Брагинский, Д.С. Комиссаров, Е.П. Челишев, Н.А. Айзенштейн (мутахассиси адабиёти турк), В. Б. Кляшторина (роҳбари илмии ман), Л. С. Переломов (доктори илми таърих, муҳаққиқи мероси Конфутсий, шавҳари Кляшторина), В. Б. Никитина (профессори МГУ) ва чанд тани дигар ҳузур доштанд. Баъди чанд нӯшбод суҳбат ба мавзӯи Ғафуров ва китоби ӯ «Тоҷикон» печид, ки он замон дар атрофаш дар доираҳои сиёсиву илмӣ гуфтугузори гуногун дар авҷ буд. Зимни ин мусоҳиба Переломов Л. С. ки корманди Институти Шарқи Дур буд, чунин гуфт:
— Медонед, ман корманди Институти Ғафуров (дар доираҳои илмӣ Институти шарқшиносиро он вақтҳо «Институти Ғафуров» мегуфтанд) нестам, лекин борҳо дар суҳбатҳояш будаам, то андозае ӯро шинохтаам ва дар тасаввури ман ӯ як шахсияти давлатсоз (государственник) аст, доираи институт барои андешаю мафкураи вай хеле тангу маҳдуд аст, барояш миқёси фарохтар ва майдони васеътар лозим…
Сипас шӯхиомез суханашро ҷамъбаст кард: шояд барои  ҳамин баъзан дилаш танг шуда, шумоёнро азоб медодагист…
Воқеан, он солҳо эътибори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС ба шарофати директори он академик Бобоҷон Ғафуров ба андозае буд, ки муносибатҳои сиёсиву дипломатии Иттиҳоди Шӯравӣ бо аксарияти кулли давлатҳои Шарқ тавассути ин институт сурат мегирифт. Ва шояд воқеан ҳам майдони Институт барои тафаккури ӯ тангӣ мекард.
Лаҳзаи дуюм ба дифои рисолаи доктории Баҳром Сирус дар соли 1971 алоқаманд аст. Олими 86-сола дар мавзӯи арӯз ва қофия дар шеъри тоҷикӣ рисолаи докторӣ дифоъ мекард.
Бобоҷон Ғафуров тибқи вазифаи директори институт ҳамзамон раиси Шӯрои дифоъ буданд, вале дар ҷаласаи Шӯро ками андар кам ширкат меварзиданд, маъмулан ҷаласаҳоро бештар муовинонашон раисӣ мекарданд. Аммо он рӯз худи Ғафуров омада, ҷаласаро оғоз карданд ва Сирусро ба аъзои Шӯро ва ҳозирин муаррифӣ намуда, гуфтанд, ки унвонҷӯйи имрӯза шахсияти одиву маъмулӣ нест, балки як инқилобчии машҳури эронист, бо Ленин мулоқот ва суҳбат кардааст, шахсияти таърихист… Аминам, ки аъзои Шӯро на танҳо рисолаи хуби пешниҳодшуда, балки синну сол ва хизматҳои дигари унвонҷӯро ба инобат гирифта, ба ҷонибдории ӯ овоз медиҳанд. Ғафуров суханрониашро тамом карда, аз дари паси саҳна баромада рафтанд. Дар толор дар қатори пеш аз қатори нишасти мо эроншиносони маъруф, муҳаққиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Муҳаммаднурӣ Усмонов ва Михаил Занд пахлӯи ҳам менишастанд. Баъди рафтани Ғафуров дарҳол Усмонов ба Занд гуфт (мазмунан): гумон мекунӣ, ки ӯ рафту тамом? На, ҳоло мераваду дар утоқи кораш касе чи мегӯяд, гӯш карда мешинад.
Лаҳзаи сеюм вобаста аст ба муҳоҷирати корманди Институти шарқшиносӣ, эроншиноси маъруф, муаллифи китоби нодиру аълосифати «Шаш қарни пуршараф» («Шесть веков славы») оид ба адабиёти асрҳои 9-15-и тоҷику форс Михаил Занд ба Исроил дар охирҳои соли 1971. Он солҳо Иттиҳоди Шӯравиро тарк кардани нафаре барои муассисае, ки ӯ дар он фаъолият дошт, хусусан барои роҳбарияти муассиса, гузашта аз ин, барои пайвандони ӯ (агар дар ин давлат монда бошанд) воқеаи фавқулодда, як навъ фоҷеа ва ба забони вақт «минуси калон» ба шумор мерафт. Зиёиёни тоҷик инро дар мисоли аз Шӯравӣ рафтани Азиз Улуғзода (с. 1969) ва ба чи балоҳо гирифтор шудани падари ӯ — Сотим Улуғзода хуб эҳсос кардаанд.
Он вақт Занд рафту дар институт як вазъияти ногувор ба вуҷуд омад, кормандон бо якдигар пичир-пичиру шипир-шипир мекарданд, вале ягон кас дар ин мавзӯъ гапи аниқе намегуфт. Ниҳоят, ҷаласа баргузор шуд ва мавзӯяш муҳокимаи рафтори ношоистаи Занди «хоин» буд. Аввал котиби ташкилоти ҳизбии институт, ҳизбиёни фаъол, сипас баъзе кормандони дигар, чунон ки ҳоҷиён ҳазору анд сол инҷониб ба сӯи шайтони номанзур санг мепартоянд, ба сари Занди ғойиб борони санги маломат рехтанд. Танҳо Муҳаммаднурӣ Усмонов бо оҳанги таассуфомез гуфт, ки бо Михаил Занд дӯст буду риштаи дӯстӣ канда шуд ва дар тасаввураш намегунҷад, ки Худо  накунаду рӯзе байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исроил ҷанг шавад, писарони онҳо ба сари якдигар бо туфанг битозанд.
Ҷаласаро Бобоҷон Ғафуров бо суханони зайл (мазмунан) ҷамъбаст кард: албатта, рафтори Михаил Занд ба шаъни институти мо иснод овард, ман ҳамчун роҳбари муассиса худро гунаҳкор ва хиҷолатзада ҳис мекунам. Ӯ рафиқи мо, корманди институти мо буд, аммо касе аз мо нияту нақшаи ӯро пай набурд, ки пеши роҳашро бигирем. Ин ҷо суханони дуруст ва маъқул гуфта шуданд, лекин афсӯс, ки пас аз вуқӯи воқеа. Занд рафт, ин рафтор, новобаста ба он ки мо чи мегӯем ва ӯ моро намешунавад, интихоби ӯ буд, муносибати мову шумо барои дигарон бояд сабақ шавад. Ман дигар гуфтание надорам.
Дар оҳангу муҳтавои суханони Ғафуров на ҳадафи маҳкум кардани Занд, балки бештар таассуф аз он эҳсос мешуд, ки як нафар олими чирадасти тоҷикшинос дигар бо мо нест.
Аз ин се лаҳзае, ки ёдовар шудам, то андозае метавон хулоса кард, ки дар муносибати кормандони институт нисбат ба Бобоҷон Ғафуров омезиши ҳиссиёти эҳтирому эҳтиёт тасаллут дошт. Байни ӯ ва олимони воқеан комёб муносибат бар эҳтироми мутақобила асос ёфта буд.
Барои тақвияти ин андеша лозим медонам, ки аз суханронии доктори илми филология В. М. Алпатов дар ҷашни 90 — солагии Бобоҷон Ғафуров (он вақт ӯ муовини директори Институти шарқшиносии AИ Россия буд) ду иқтибос биёрам: «Сам вид Б.Г. Гафурова вызывал у части сотрудников некоторый трепет. Его почти квадратная фигуратяжелая походка, его акцент и очень своеобразные интонации — всё вызывало и уважение, и некоторый страх. Но все зналичто в трудную минуту можно к нему обратиться, что он поможет и защитит»… «После Бободжана Гафуровича институтом руководил Е.М. Примаков, затем Г.Ф. Ким. Оба тоже показали себя как опытные администраторы и люди государственного мышления. И всё — таки, трудно отделаться от мысли о том, что по масштабу личности они как-то не дотягивали до Гафурова». [В масштабе века. Москва, 1999, — с. 138, 139].
Дар ҳамон ҷашн узви вобастаи АИ Россия, директори Институти забоншиносии АИ Россия В.М. Солнтсев оид ба нақши Б. Ғафуров дар пешрафти илми шарқшиносии ИҶШС ва миқёси шахсияти ӯ чунин гуфта буд: «По масштабности своей личности Б. Г. Гафуров как бы не вмешался в Институт востоковедения. Он возглавил институт, в котором было около 100 человек. Спустя два десятилетия, к моменту его кончины, в институте было уже свыше 800 человек и примерно — 150 в Ленинградском филиале… Он стремился развивать все направления востоковедной науки — от политологии до филологии» [Ҳамон китоб, с. 146].
Ва ниҳоят, наметавонам аз суханронии Анатолий Гребнев, шахсе, ки аз с. 1969 то охирин нафаси Бобоҷон Ғафуров на танҳо ёвар (референт), инчунин аз наздиктарин ва боэътимодтарини ҳамкорони ӯ буд ва дар тамоми сафарҳо ӯро ҳамроҳӣ мекард, иқтибосе наорам:    «Бободжан Гафурович был настоящим интернационалистом и всегда был ярким представителем родного ему Таджикистана. Направляясь на торжественный приём или за рубеж, он всегда надевал таджикскую тюбетейку, а на работе у него всегда был таджикский халат, которым он накрывался во время отдыха. Тюбетейку, особенно за рубежом, он бережно хранил вместе с документами в левом внутреннем кармане пиджака — ближе к сердцу» [Ҳамон китоб, с. 158 -159].
Бо ин ҳама гуфтаҳое, ки шахсан шоҳиди ҳол будам ва бо он ки аллома Ғафуровро дидааму то андозае шинохтаам, шахсияти домуллоро “шахсияти аср”, ки барои халқу миллаташ тамоми кӯшишу ғайрати худро фидо кард, муаррифӣ кунам, шояд хато набудагист.
Бобоҷон Ғафуров ва устод Айнӣ
– Ба фикри Шумо, барои аз Самарқанд ба Душанбе овардани устод Айнӣ саҳми Бобоҷон Ғафуров то чӣ андоза аст ва оё барои устод Айниро мутақоид намудан танҳо вазифаи баланди Бобоҷон Ғафуров нақш дошт?
– Устод Айнӣ пеш аз сарвари ҷумҳурӣ шудаи Ғафуров ҳам омаду рафти зиёд ба пойтахти Тоҷикистон доштанд, махсусан дар солҳои 30-юм, ки масъалаи тарҷумаи осори бадеӣ ва асарҳои марксизм – ленинизм ва баргардони китобҳои дарсӣ пеш меомад, ба Душанбе меомаданд ва бар он маҷолис сарварӣ мекарданд. Аммо бо он ки нашриёт дар шаҳри Самарқанд буд, эшон боз бармегаштанд ба манзили худ.
Бобоҷон Ғафуров на танҳо бо офаридани асари безаволу бунёдии «Тоҷикон» ному кори худро дар таърихи халқи тоҷик ҷовидонӣ намуд, инчунин дар тарбияти кадрҳои илму фарҳанг корҳои бунёдиро анҷом дод. Хусусан, муносибат ва ғамхориҳои ӯ нисбат ба устод Айнӣ як намунаест, ки шахсият ва тинати ин ходими давлатӣ ва арбоби барҷастаи илму маърифатро хеле равшану возеҳ ошкор менамояд. Дар ин ҷо овардани ду лаҳзаро аз ҷумлаи чунин муносибату ғамхориҳо бамаврид медонам, ки солҳои таҳсилам дар Маскав аз забони писари устод Айнӣ — Камол Айнӣ шунида ва дар рӯзномаи хотиротам сабт карда будам.
Моҳи апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Бобоҷон Ғафуров устод Айниро ба ҳузур пазируфта, пешниҳод мекунад, ки роҳбарии академияро ба ӯҳда гиранд. Баъд аз табодули назар устод пешниҳодро мепазирад, вале ҳангоми гусели ӯ Ғафуров ногоҳ, гӯё чизи фаромушкардаеро ба ёд оварда бошад, мегӯяд, ки устод, Академияи илмҳо як муассисаи муътабари ҷумҳуриявист, президентии академия вазифаи пурифтихор ва масъулиятнок аст, чӣ мешуд, ки як ариза барои шомил шудан ба Ҳизби коммунист менавиштед?
Устод Айнӣ як лаҳза ба андеша мераванду сипас бо лаҳни нарм мегӯянд, ки Бобоҷон Ғафурович, худатон гуфтед, ки президентии Академияи илмҳо вазифаи бисёр пурмасъулият аст, синни ман ба ҷое расидааст ва ман шояд аз ӯҳдаи ин кор набароям, биёед, ягон олими ҷавонтарро ба ин вазифа таъйин кунед, ман, ҳар чи аз дастам ояд, ёрӣ мерасонам.
Б. Ғафурови закӣ фавран дарк кард, ки устод Айнӣ аз рӯи фаросат нахост пешниҳоди ӯро оид ба шомил шудан ба ҳизб руйирост рад намояд ва баҳонаи синну солро пеш овард. Ғафуров табассуми маънидоре карду устодро гусел намуда, андешид, ки сухан гуфта шуд, новобаста ба баҳонаи пешовардаи устод, пайе дар пардаи дилу хотири ӯ мегузорад. Бинобар ин, масъаларо бо зинаҳои болоӣ мувофиқа карду устоди солхӯрдаи ғайриҳизбиро ба вазифаи аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб намуд, ки ин иқдом дар он замон кори осон набуд.
— Лаҳзаи дуюм шояд ба муносибати Бобоҷон Ғафуров дар солҳои охири зиндагии устод Айнӣ вобаста бошад?  
— Бале. Лаҳзаи дуюм вобаста ба даргузашти устод Айнист, ки аз дурбиниву оқибатандешии аллома Бобоҷон Ғафуров гувоҳӣ медиҳад. Устод Айнӣ, ки аз соли 1917 дар Самарқанд мезист, ба он шаҳр хеле дил баста буд. Баъди президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуданаш ҳам бештари вақт дар Самарқанд иқомат дошт. Тибқи ҳидояти Бобоҷон Ғафуров дар Самарқанд яке аз ду мошини сабукрави КМ бо ронанда ва тамоми хароҷоташ аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри устод Айнӣ буд, мусофирати устод байни Самарқанду Душанбе тавассути вагони ҳукуматии қатора сурат мегирифт.
Моҳи апрели соли 1954 устод Айнӣ барои гузаронидани маҷлиси солонаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Душанбе омада, баъди чанд рӯзи маҷлис бемор мешавад. Агарчи дар Душанбе хонаи ободу барҳаво дошт (ҳоло ин бино Осорхонаи устод Садриддин Айнист), бо маслиҳату салоҳдиди Бобоҷон Ғафуров ӯ дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ва зери назорати муттасили духтурон қарор мегирад. Бемории устод рӯз ба рӯз авҷ мегирифт ва ӯ ҳар замон майли ба Самарқанд рафтан мекарду аз духтурон барои баромадан ба роҳ иҷозат мепурсид. Бобоҷон Ғафуров аз тамоми ҷузъиёти бемории устод воқиф буд ва медонист, ки ӯро рӯзҳои башумор мондааст. Бинобар ин, ба табибон супориши қатъӣ дода буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба устод иҷозати сафар надиҳанд. Зеро, аввалан, кӯфти раҳ фавти ӯро метезонид ва сониян, мехост, ки устодро худаш ҳамроҳи сокинони пойтахти Тоҷикистон ва намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба хок супоранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Устод Айниро аввал дар Боғи фарҳангиву фароғатии пойтахт (ҳоло Боғи устод Рӯдакӣ) ба хок супурданд, сипас ҷасади ӯ ба Боғи хоссаи устод Айнӣ кучонда шуд.
Дар ин маврид ба андешаам, ки шахсияти Бобоҷон Ғафуров нақши асосӣ дошт ва устод Айнӣ ҳам бар шахси Бобоҷон Ғафуров назари хосса доштанд. Аммо мақому курсии эшон низ ба ин кӯмак мекард.
– Абдулқодир Муҳиддинов, яке аз роҳбарони Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, устод Айниро ба таълифи шоҳасари “Намунаи адабиёти тоҷик” ташвиқу роҳнамоӣ карда буд, Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси роҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон устод Айниро ба роҳбарии Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон даъват кардаву водор сохтааст. Оё дар миёни ин ду рӯйдоди таърихӣ пайвандеву умумияте мебинед?
– Бобоҷон Ғафуров бар шахси устод Айнӣ эҳтироми хосса дошт ва дар фаъолияти озоду самараноки эшон шароит фароҳам овард. Абдулқодир Муҳиддинов низ ҳамчунин. Бар ин назарам, ки:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Бобоҷон Ғафуров ва Улуғзода, Турсунзода, Расулов
– Аз таърихномаҳо мехонем, ки дар вазифаи Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон (роҳбари ҷумҳурӣ – 1946-1956) кор кардани Бобоҷон Ғафуров осон набудааст. Аз як тараф, сиёсати сахти Сталин аз Маскав, аз тарафи дигар кинаварзиву бадхоҳиҳои баъзе нафарон аз ҳайати роҳбарии худи Тоҷикистон, ба мисли Котиби КМ ҲКТ Исоев, барои фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров халал ворид мекардаанд. Шумо сабабу омилҳои чунин ихтилофро дар чӣ мебинед?
–  Аслан кори роҳбарӣ худ осонӣ надорад, махсусан дар солҳои аввал. Аммо дар ибтидои солҳои 50-юм аллакай Бобоҷон Ғафуровро дастнишондаи Сталин дар Осиёи Миёна медонистанд. Ҳатто дар китоби ҷашнии бахшида ба 90-солагии Бобоҷон Ғафуров дар Маскав чопшуда – “В масштабе века”, ки маърӯзаҳои олимону профессорони Институт ҷамъоварӣ шудааст, ишора ҳаст, ки дар рӯзномаи “Правда” “Бободжон Гафуров прыбил в Ташкент”  хабар чоп шудааст. Ва дар идома меояд, ки беҳуда ин хабар ба чоп нарасидааст, зеро Б. Ғафуров намояндаи Сталин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.
– Дар идомаи ҳамин мавзӯъ. Аз вазифаи Раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барканор шудани Сотим Улуғзодаро (соли 1946) ташаббуси Бобоҷон Ғафуров ба қалам додаанд. Оё сабаби ин ташаббус танҳо барои “Ӯзбекфилм”-и ҷумҳурии ҳамсоя сенария навиштани Сотим Улуғзода буд, тавре, ки расонаӣ шудааст, ва ё омили дигаре ҳам вуҷуд дошта?
Бо ин вуҷуд, Сотим Улуғзода ғуруру виқори бар худ хос доштанд ва албатта, ин бар Ғафуров хуш намеомад ва шунидаам, ки ҳатто дар чанд маҷолис Улуғзода ба иззати нафси Б. Ғафуров расидаанд. Аммо ба пиндори банда ва он чи ки аз устодонам шунидаам, омили барканории устод Улуғзода на сенарияи эшон навишта буду на гуфтаҳои болозикри камина. Дар он шабу рӯз овозаҳо паҳн шуда буд, ки Тоҷикистон кадрҳои роҳбарии муваффақ ва чеҳраҳои шинохта надорад ва ба он вазирону санъаткоронро мисол меоварданд, минҷумла мегуфтанд сардафтари адабиёти муосирашон устод Айнӣ аз Бухорост ва имрӯза Раиси Правленияи Иттифоқи нависандагонашон ҳам зодаи ҳамин минтақа. Ин сару садоҳо, албатта, ба Ғафурови хештаншинос ва миллатпарвар хуш намеомад ва барои бастани пеши ин гуна овозаҳо, раиси Иттифоқи нависандагонро иваз карданд.
– Бо барканории Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода Раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардиданд ва тавре публитсисти хушқалам Шариф Ҳамдампур дар китоби “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров ва Сталин” (-Душанбе, 2018) менигорад “миёни аҳли адаб шӯҳрат ва маҳбубият надоштанд. Шӯҳрат ва маҳбубият самараи заҳмат ва кори вақт буд. Бобоҷон Ғафуров барои чун осмон оламгир шудани моҳи нав, пушту паноҳи Мирзо Турсунзода мешаванд. Дар сафарҳо бо худ мебаранд, дар ҷаласаҳо садрнишин месозанд, ҳамсуҳбати Садриддин Айнӣ мекунанд. «Тоҷикони ҷануб қобилияти бузурги ташкилотчигӣ доранд», — ҳамеша такрор менамуданд Бобоҷон Ғафуров” (-С. 67).
Ба фикри Шумо, чунин муносибати Бобоҷон Ғафуров дар масъалаи кадрҳои роҳбар оё танҳо тақозои он замон буд ва ё андешаи дурнамоеро низ дар пай дошт?
  – Ман гумон мекунам, ки ин гап асосе надорад, чун устод Турсунзода дар солҳои 30-юм аллакай маҳбубияти хосса доштанд ва чеҳраи шинохтаи назми тоҷик буданд. Дар ин солҳо шеъру манзумаҳои “Байрақи зафар” (соли 1932), “Ба эҷодкор” (1934), “Манзараҳои Хуҷанд” (1935), “Офтоби мамлакат” (1937), “Мамлакати тилоӣ” (1938), “Оҳанрабо” (1939), “Халқи далер” (1939), “Чаманистон” ва “Водии Ҳисор” (1940) ва даҳҳо шеърҳои эшон то оғози ҷанг ва “Писари Ватан” ва “Барои Ватан” дар солҳои ҶБВ мақому мартабаи устод Турсунзодаро муайян карда буд. Турсунзода чунон шахсияте буданд, ки он касро дӯст надоштан хело душвор буд ва бад дидани эшон аслан имкон надошт.
Интихоб шудани Мирзо Турсунзода бесабаб набуд: аллома Ғафуров чун пештар журналист буданд ва дар КМ ҲК Тоҷикистон чандин сол фаъолият доштанду дар ин замон Турсунзодаро хуб мешинохтанд, эшонро пурра омӯхта буданд ва аз истеъдоди он кас огаҳии комил доштанд, бинобар ин бидуни ҳеҷ дудилагӣ, Раиси ИНТ интихоб карданд.
 Омили дигарро дар он мебинам, ки устод Айнӣ насри нави моро асос гузоштанд ва Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон пайравӣ карданд ба устод ва насри моро ривоҷ доданд, аммо таърихан коми мардуми мо ба шеър ширин шудааст ва Турсунзода шоири назми нави мо буданду сабки хоссаи худро доштанд, раис интихоб шуданд, яъне бо вуҷуди шахсияи шинохта будан, чеҳраи нави шеърии эшон ҳам нақши бориз бозид.
– Бо вуҷуди солҳои тӯлонӣ паҳлӯи ҳам дар роҳбарияти ҷумҳурӣ будан (солҳои 1946-1955) ва минбаъд, муносибати Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҳамвору яксон набуда, гоҳо ихтилофнок низ будааст. Аз ҷумла муаллифи китоби боло зикршуда Шариф Ҳамдампур навишта, ки “Ҷаббор Расулов кӯшиш мекард аз суҳбат бо Бобоҷон Ғафуров канораҷӯйӣ кунад” (-С.61). Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ҳатто суҳбати кӯтоҳи роҳбари ҷумҳурӣ бо олими “хоки Ватан кашида аз Маскав ба Душанбе барои мурдан баргашта” пеш аз маргаш, ба хотири муроот бурдааст. Шумо дар ин бора чӣ меандешед?
Дар муносибати ин ду роҳбарҳои ҷумҳурӣ пастиву баландиҳои назаррасе бошад, маълум набуд. Бобоҷон Ғафуров бо вуҷуди он, ки дар Маскав фаъолият доштанд, аммо дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бисёр фаъолона ширкат меварзиданд. Дар АИ Тоҷикистон бо ташаббусу роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров ва иштироки олимони Шӯравӣ ва кишварҳои Шарқу Fapб соли 1968 Конфронси байналмилалӣ оид ба таърих, археология ва маданияти давраи Кӯшониён баргузор гардида буд. Баъди нӯҳ соли он боз ҳам дар Душанбе баргузор намудани Симпозиуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои этникии Осиёи Марказӣ дар аҳди қадим (соли 1977; дар арафаи баргузории ин симпозиум аллома Ғафуров аз олам даргузашт) аз ҷониби ӯ иқдомоте буданд, ки ба ҷалби таваҷҷӯҳи олимони ватаниву хориҷӣ ба омӯзиши муҳимтарин ва ториктарин давраҳову масъалаҳои таърихи халқи тоҷик нигаронида мешуданд. Бобоҷон Ғафуров солҳои дар Москва ба сифати директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС кор карданаш низ пайваста дар фикри ватани аслияш — Тоҷикистон, омӯзиши ҳарчи амиқтари таърихи халқи тоҷик ва ҷалби таваҷҷӯҳи марказҳои эроншиносии ҷаҳон ба масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги тоҷикон буд.
Ин ду намуна, ки ёдрас шудам, маҳз бо ибтикору ташаббуси аллома дар пойтахти кишвар ба роҳ монда шуда буд ва дар ин солҳо Ҷаббор Расулов вазифаи Котиби якуми КМ ҲКТ (роҳбари ҷумҳурӣ)-ро бар ӯҳда дошт, метавонист, агар ки хусумат ё малӯлие байнашон бошад, пеши роҳи баъзе иқдомоти домулло Ғафуровро гирад ва бисёр, ки нашуд, халале ворид созад, вале баръакс, ҷонибдорӣ мекард. Бино бар ин асос, банда бар онам, ки байни Ғафуров ва Расулов бошад ҳам ягон нофаҳмии хурдест, вагарна ҳеҷ мушкилии ҷиддие нест.
– Бобоҷон Ғафуров ба муҳоҷирати дохилӣ назари гуногун доштаанд, яъне, кӯчонидани мардуми кӯҳистонро ба водии Вахш амри зарурӣ ҳисобанд, кӯчонидани аҳолии Яғнобро ба Мирзочӯли Тоҷик ҷонибдор набуда, балки ба хотири ҳифзи забони қадимаи яғнобиҳо, зидди ин иқдом будаанд ва шояд масъалаи мазкур ихтилофи назар бо Ҷаббор Расуловро вусъат бахшида бошад?
Дар ҳар ду суханронии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 90-солагӣ ва 100-солагии Бобоҷон Ғафуров оид ба ин масъала муфассал таваққуф шудааст. Ҳамин қадар ишора кофист, ки агар Б. Ғафуров ҳамин корро намекарданд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Вахш чӣ нобасомониҳое намешуд.
Лекин дар масъалаи кӯчонидани аҳолии Яғноб, ки худ осорхонаи таърихии зиндаи тоҷик аст, шояд зид буда бошанд. Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олими таърихдон, албатта ин масъаларо аз роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ беҳтар медонистанд.
Бобоҷон Ғафуров ва қиссаҳои “Тоҷикон”
– Вақте номи Бобоҷон Ғафуровро ба забон мегирем, беихтиёр китоби “Тоҷикон”-и аллома, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳукмронии шиори интернатсионализм дар он, навиштаву аз тариқи Нашриёти бонуфузи илмии “Наука” чоп шудааст (соли 1972), ба ёд мерасад. Дар бораи ин шоҳкитоб аз ҳамон сол то ба ҳол, бо ифтихору гоҳо бо ғазабу бо ғараз, менависанду мегӯянд. Шумо, ки он солҳо дар муассисаи илмӣ фаъолият доштед ва албатта, аз он қиссаҳо огоҳ ҳастед, чӣ бардошту таассурот доред?
Замоне, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз чоп баромад, мо дар Маскав, дар Институти шарқшиносӣ таҳсил мекардем. Дар Институти шарқшиноси ба ғайр аз ҷумҳуриҳои соҳили Балтика, дигар аз ҳама ҷумҳуриҳоҳо намояндаҳо – устодону донишомӯзон буданд. Чопи китоби “Тоҷикон” он шабу рӯз дар долону толорҳо ва ҳар кунҷу канори Институт шӯру валвале афрохта буд, ки фаромӯшношуданист. Баъди хабари паҳн шудани китобе бо номи миллати тоҷик бисёриҳо бетоқат шуданд, зеро ин дуввумин китобе буд баъд аз китоби В. И. Абаев бо номи “Осетины”, ки бар номи миллате дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба чоп мерасад.
Он рӯзҳо ҳам дар доираҳои илмӣ ва ҳам дар доираҳои сиёсӣ гапу калочаҳои зиёд паҳн шуданд ва мегуфтанд, ки дар Кумитаи Марказӣ масъалаи Ғафуровро бо ин “миллатчӣ” буданаш ҳатман мебинанд. Бар ҳар куҷо, ки имкон дошту дасташон мерасид, бадхоҳон эътирозу шикояти худро навиштанд, аммо чун аллома бар худ далелу ҳуҷҷат доштанд, тавонистанд аз худ ва китоби худ ва аз миллати тоҷик ҳимият кунанд.
– Дар бораи тарҷума ва нашри шоҳкитоби “Тоҷикон” дар Тоҷикистон, ки солҳои 1983 ва 1985 ба табъ расидаанд, низ гапу гузори зиёде буд. Яке аз тарҷумаи носаҳеҳ мегуфту дигаре аз ихтисору таҳрири ноҷойи он. Аз назари Шумо оё он гапу гузор ва айбҷӯиву айбмониҳо ҳақиқат доштанд?
Тарҷумаи китоби “Тоҷикон”- ро ду нафар – Абдулқодир Маниёзов ва Нусур Холмуҳаммадов ба ӯҳда гирифта буданд. Ман он замон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ муовини устод Маниёзов будам ва аз ҷараёни кори тарҷума хуб огаҳӣ доштам. Онҳо ҳар бобро тарҷума мекарданд ва бо ҳам нишаста, дигарбора аз таҳрир мегузаронанданд, махсусан устод Маниёзов ба ин кор бисёр нозуконаву бодиққат муносибат мекарданд. Дуруст аст, ки он солҳо мегуфтанд, баъзе ҷойҳои китоб носаҳеҳ тарҷума шудааст ва баъзе ҷойи дигараш қобили қабул нест, аммо ин фикри онҳост ва шояд дуруст гӯянд, аммо инро бояд дар хотир дошт, ки ҳар китоб соле аз чопаш гузашт, таҳрир металабад, зеро забон як организми зинда аст, ҳамеша дар инкишоф, дар таҳаввул, дар татаҳҳур аст. Дар он солҳо тарҷумаи “Тоҷикон” хело хуб буд ва устод Маниёзов ҳам дар кори тарҷума, нутқ ва забон бисёр шахсияти варзида буданд, аммо чун забон ҳамеша дар ҳаракат аст, ин рӯзҳо бар замми шоҳкитоби “Тоҷикон”, ки тибқи фармони Пешвои миллат бар ҳар як хонавода тӯҳфа карда мешавад, ҳамаи китобҳое, ки то солҳои 90-ум аз чоп баромаданд, бар чопи нав аввал аз таҳрир гузарад кори хубе мешавад.
         – Пас аз 37 соли нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров муҳаррири масъули китоб Б. А. Литвинский даъво ба миён овард, ки ӯ ҳаммуаллифи асари мазкур аст. Ҳарчанд пас аз вокунишҳои фаврӣ Литвинский мусоҳибаашро “таҳрир” кард ва ҳарчанд дар матбуот ҷавобҳои сазоворе низ рӯ ба рӯ шуд, вале Шумо ин қиссаро чӣ гуна шарҳ дода метавонед?
       – Албатта имкон ҳаст, ки аллома Ғафуров аз аввал то ба охир қоғазу қалам гирифта ҳар ҳарфро нанавишта бошанд. Мумкин аст баъзе мавод бо супориш ва ё хоҳишу дархости Ғафуров ҷамъоварию навишта шуда бошанд ва баъзе қисмҳо бо тавсияву назардиҳиву роҳнамоии устодону профессорони Институт ва дӯстону наздикон шояд рӯйи варақ омада бошад. Он гуна, ки гуфтед, замоне овозаҳои гӯиё ҳаммуаллифии профессор Литвинский паҳн шуд, аммо баъдан ҷавоби муфассали худи эшон дар матбуот чоп шуд ва бо он ки ҷавоби амиқтари Акбари Турсон дар матбуоти русӣ пахш шуд, боз баъдан дар маърӯзаи бахшида ба 90-солагии Б. Ғафуров шахсан Литвинский пурратар баён намуданд ва ҳеҷ даъвое надоштанашонро бештар шарҳ доданд, лекин сад дар сад гуфта метавонам, ки ғояву мундариҷаву мазмуни асар маҳсули андеша ва омӯзишу тадқиқи аллома Ғафуров аст.
Суҳбатнигорон:
Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,
Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.