расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати навраси 16-сола дар Сангвор ҳангоми ангиштканӣ

. / Ҳаводис

Ҳалокати навраси 16-сола дар Сангвор ҳангоми ангиштканӣ

Бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор.

Сурат: Акси марбута
Сокини ноболиғи ноҳия Сангвор дар шарқи Тоҷикистон ҳангоми истихроҷи худсаронаи ангишт ҳалок шуд. Ҳодиса рӯзи 27 октябр рух дод.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, се нафар бародарон (соли таваллудашон 1989, 1990 ва 2003-юм), сокинони деҳаи Дараи Хайрони ҷамоати деҳоти Сангвор бо мақсади худсарона кандани ангишт дар кони “Заки-шулхи” воқеъ дар наздикии деҳаи Саркорони ҷамоати деҳоти Сангвор ба кор оғоз мекунанд.
“Ҳангоми кор бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ онҳо зери сангреза мемонанд, ки дар натиҷа навраси 16-сола ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар маълумоти Кумита.
Гуфта мешавад, кормандони шуъбаи Кумита дар ноҳияи Сангвор ва намояндагони ШВКД дар ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади наврасро аз зери сангҳо берун ва ба пайвандонаш супурдаанд.
Дар ин робита Кумита аз волидони ноболиғон даъват мекунад, ки фарзандонашонро аз дучор шудан ба ҳодисаҳои ногувор эмин нигоҳ дошта, ҳаёти онҳоро зери хавфу хатар нагузоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.