расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Меҳмонро бо табар кушт

. / Ҳаводис

Меҳмонро бо табар кушт


Табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

 Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.
Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори «Панҷшанбе» хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.
Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.
«Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.