расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БА САРУ ГАРДАНАШ СЕ ТАБАР ЗАД... ОДАМКУШӢ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ ДАР ИСФИСОР

. / Ҳаводис

БА САРУ ГАРДАНАШ СЕ ТАБАР ЗАД... ОДАМКУШӢ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ ДАР ИСФИСОР

Як сокини 38-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 21 октябр дар хонааш дар ҳолати мастӣ барои пул муноқиша карда, ба сару гардани як сокини 32-солаи ҳамин ҷамоат се табар задааст.
Як сокини 34-солаи Норак рӯзи 24 октябр дар ошхонаи "Шоҳмансур” дар пойтахт як сокини 49-солаи Душанберо латтукӯб кардааст.
Рӯзи 24 октябр, соати 09:10 як кӯдаки 7-сола дар ҳудуди ҷамоати Кадучии ноҳияи Восеъ зери чархи мошини "Опел –Астра” ҷон бохтааст.
Шаби 25 октябр, соати 02:30 бар асари дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ба чуқурии 25 метр чаппа шудан ва оташ гирифтани мошини боркаши "Долун-Чакман”ронанда – сокини 38-солаи ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 26 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ба воситаи табар аз ҳаёт маҳрум намудани марди 32-сола
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 21-уми октябри соли 2020, тахминан соати 11:00, дар бозори мардикор, воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрда, дар яке аз ошхонаҳои бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри мазкур хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.
Сипас, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дар ҳолати мастӣ

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Норак, бо гумони қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 24-уми октябри соли равон, тахминан соати 20:00, дар дохили ошхонаи «Шоҳмансур», воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур, дар ҳолати мастӣ бо марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини осеби пушидаи косахонаи сар ва шикасти устухони бинӣ бардошта, дар маркази саломатии «Истиқлол» бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ноболиғ ва ронанда бар асари ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 24-уми октябри соли 2020, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра”, Бобоев Хайриддин Эмомалиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди "Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Кадучӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Қурбонов Иброҳим Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 2013, хонандаи синфи 1-уми МТМУ, сокини деҳаи Кадучиро пахш намудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин садама ноболиғи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 25-уми октябри соли 2020,тахминан соатҳои 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Долун-Чакман», Мирзоев Саид Ҷалолиддинович, соли таваллудаш 1982, ронандаи ҶДММ «Мирзо-ёр», сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба тарафи рости роҳ ба чуқурии тахминан 25-метр чаппа намудааст.
Мутаассифона, дар натиҷа, автомашинаи мазкур оташ гирифта, ронанда Мирзоев С.Ҷ. аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.