Носирҷон Салимӣ: «Китобҳои дарсӣ ва илмиро бо назардошти навигариҳои ин соҳа бояд омода ва нашр намоем»

ДУШАНБЕ, 10.01.2017. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотии ин ниҳод баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Носирҷон Салимӣ, Ректори ДДОТ зимни нишаст иброз дошт, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар самти фаъолияти байналмилалӣ дар соли 2016 созишномаҳои ҳамкориро бо Донишгоҳи федералии Қазон (Федератсияи Россия), Донишкадаи механика ва математикаи ба номи Лобачевский ва Ташкилоти «Миссияи Шарқ» оид ба тайёр намудани мутахассисони «Таҳсилоти фарогир» ба имзо расонид.
«Соли сипаригардида 15 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти бакалавр барои идомаи таҳсил дар шуъбаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Песков ва 8 нафар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон қабул гардиданд»,-зикр кард Носирҷон Салимӣ дар масъалаи идома додани таҳсили хатмкунандагон дар зинаҳои болоии таҳсил.
Носирҷон Салимӣ илова кард, ки бо сабаби он, ки дар замони рушди баланди илмӣ қарор дорем, моро мебояд китобҳои дарсӣ ва илмиро бо назардошти навигариҳои ин соҳа ва беҳтар намудани сатҳи донишу малакаи донишҷӯён омода ва нашр намоем.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон