расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХАБАРИ ҲАМЛАИ ҚИРҒИЗҲО ДАР ХИСТЕВАРЗ ТАҲЛУКАВУ ВОҲИМА ЭҶОД КАРД

. / Ҳаводис

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХАБАРИ ҲАМЛАИ ҚИРҒИЗҲО ДАР ХИСТЕВАРЗ ТАҲЛУКАВУ ВОҲИМА ЭҶОД КАРД

Хабари тирандозӣ аз самти Қирғизистон ба тарафи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  дар байни сокинони ин ҷамоати таҳлукаву воҳимаро эҷод кардааст.
Хаёмиддин Исмоилов, яке аз аъзои фаъоли созмони “Авангард” бо нашри як видео аз Хистеварз хабар дод, ки сокинон бо шунидани ин хабар ба тарсу таҳлука афтода, бошитоб хонаҳои худро тарк карда истодаанд ва ба тарафи Хуҷанд ҳаракат доранд. Исмоилов гуфт, ин боиси эҷоди танба дар роҳи атрофи Хистеварз шудааст.
Хаёмиддин Исмоилов ва ҳамроҳони ӯ аз мардуме, ки тарки Хистеварз мекунанд, хостаанд, то ба хонаҳои худ баргарданд, чунки, ба гуфтаи онҳо, вазъ ором аст ва ҳеҷ сабабе барои тарсу таҳлука ва тарки манзилҳояшон барои сокинони Хистеварз вуҷуд надорад.
Хистеварз (собиқ Қистақӯз) бо 62 ҳазор аҳолиаш яке аз бузургтарин ҷамоатҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Хистеварз аз самти ҷанубу шарқ бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.