расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хабари хуш: масҷидҳои Тоҷикистон боз мешаванд

. / Ҷомеа

Хабари хуш: масҷидҳои Тоҷикистон боз мешаванд

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё COVID-19 ба мақомоти зидахл дастур додааст, ки барои боз кардани масҷидҳо омодагӣ гиранд
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ситоди мазкур аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.
“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.
Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.
Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.
Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.
Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон қариб ду ҳафта ба ин сӯ эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.