расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » МАНОБЕЪ: МАСҶИДҲОРО ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗҲОИ НАЗДИК МЕКУШОЯНД

. / Дин

МАНОБЕЪ: МАСҶИДҲОРО ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗҲОИ НАЗДИК МЕКУШОЯНД


Бино ба иттилои дарёфтӣ, масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик, шояд алакай дар ҳафтаи оянда дигарбора боз шаванд.
Манобеи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки мақомот дар арафаи дубора кушодани масҷидҳо ба тафтиши ҳолати муассисаҳои динӣ дар шаҳру навоҳӣ шурӯъ кардаанд.

Имоми яке аз масҷидҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, аз масоҷид асосан ду чиз тақозо шудааст: пайваста тоза кардани масҷидҳо бо маводи зиддиуфунӣ ва насби видеокамераҳои назоратӣ.
"Гуфтанд,фақат ба масҷидҳое иҷозати намозгузорӣ медиҳанд, ки меъёрҳои беҳдоштиро риоя кунанд ва видеокамераи назоратӣ низ дошта бошанд”, - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Ҳамсуҳбати дигари "Ахбор” гуфт, қарор аст, то интихоботи президентӣ масҷиди нави марказии Душанбе, ки бо сарфи беш аз 100 миллион доллар – 70 миллион доллар саҳми Қатар ва 30 миллион доллар саҳми ҷониби Тоҷикистон – дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ қомат афрохтааст, низ кушода шавад. Ин масҷид ибтидо, қарор буд, моҳи октябри соли 2019 кушода мешуд, вале ба моҳи марти соли ҷорӣ ба таъхираш гузоштанд ва дар ин байн буҳрони коронавирус пеш омад, ки маросими ифтитоҳи масҷиди навро ба сабаби дар он иштирок карда натавонистани амири Қатар боз ба қафо гузоштанд.
Масҷидҳои Тоҷикистон ба далели пешгирӣ аз коронавирус аз 4 март баста шуданд, вале аз 20 март баргузории намозҳоро дар масҷидҳо иҷозат доданд.
Аммо бо қарори Шӯрои уламо гузоридани намозҳои ҷамоат - панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 дигарбора манъ карда шуд.
Дар миёнаи моҳи июн мақомоти Тоҷикистон режими пешгирӣ аз коронавирусро хеле сабуктар карда, ба фаъолияти бозорҳову сартарошхонаҳо, толорҳои зебоӣ, тарабхонаҳову ошхонаҳо ва дискотекаву клубҳои шабона ва ҳамин тавр, ба консерту мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар иҷозат доданд.
Намояндагони Шӯрои уламо изҳори хушбинӣ мекарданд, ки масҷидҳо низ бояд рӯзҳои наздик кушода шаванд, вале то кунун ба масҷидҳо иҷозати фаъолият надоданд.
Як ҳамсуҳбати "Ахбор” гуфт, "чунин ҳолат, ки ҳамаи муассисаҳои дигар, ба ҷуз аз масҷидҳо, дар Тоҷикистон иҷозати амал ба даст оварданд, дар байни диндорон нороҳатиҳоеву норозигиҳоеро ба миён овардааст, ки акнун, дар арафаи интихоботи президентӣ бо судури қарори фаъолияти дубораи масҷидҳо ва ифтитоҳи масҷиди нави Душанбе мақомот мехоҳанд ин норозигиҳоро рафъ кунанд.”
Аммо бисёриҳо ин эҳтимолро сарфи назар намекунанд, ки дар сурати фурӯ рехтани мавҷи нави коронавирус мақомот метавонанд режими пешгирӣ аз ин бемориро шадидтар карда, фаъолияти бархе аз муассисаҳоро аз нав манъ кунанд. Ба бовари бисёриҳо, дар чунин сурат яке аз аввалинҳо шуда, боз ҳам масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.