расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти “рекордсмен”-и қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт

. / Ҳаводис

Боздошти “рекордсмен”-и қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт

Дар 1 дақиқа 15 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Юсуфҷон Абидов
Сурат: РВКД Душанбе
Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт намуданд, ки дар як фурсати кӯтоҳ чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст. Боздошти ӯ дар пайи сабти навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 25-солаи пойтахт Юсуфҷон Абидов ҳангоми идораи автомашинаи “Тойота Кемри” дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар муддати 1 дақиқа 15 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.
“Бо ин амал ӯ барои дигар ронандагон ҳолати садамавӣ ва хавфнок ба вуҷуд оварда, ғайр аз ин, ҳангоми боздоштан ба талаботи қонунии кормандони БДА итоат накард”, - қайд мешавад дар хабар.
Нисбат ба Абидов тибқи талаботи моддаҳои 326 қ.1 (Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ) ва 329 қ.1 (Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Мувофиқи ин моддаҳо ӯ дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҷаримабандӣ ва маҳрум шудан аз шаҳодатномаи ронандагӣ ба муҳлати то 1 сол ҷазо гирифта метавонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.