расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДУЗДҲОИ МУШТЗӮР БА ДАСТ АФТИДАНД

. / Ҷомеа

ДУЗДҲОИ МУШТЗӮР БА ДАСТ АФТИДАНД

Мардуми тоҷик мақоле доранд: “Дузди зӯр соҳиби молро мебандад!” Аслан дуздон дар зери пардаи торикӣ пинҳон аз чашми мардум даст ба ғоратгарӣ мезананд ва бо дидани сояи одамӣ мисли муше, ки гурбаро дидааст, рӯ ба гурез мениҳанд, аммо ғоратгарони муштзӯре низ ҳастанд, ки ҳам моли касро ба яғмо мебаранд ва ҳам қасди ҷонаш мекунанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти чанд ғоратгар, ки ба тоифаи чунин дуздони муштзӯр дохил мешаванд, хабар додааст. Кормандони милитсия ду марди 19 ва 23-солаи сокини Душанберо бо иттиҳоми дуздӣ дастгир намуданд. Номбурдагон аз як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ-заправка дар ҳудуди деҳшӯрои Чорпеттаи ноҳияи Рӯдакӣ 46 ҳазору 827 сомониро ба яғмо бурдаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин дуздони муштзӯр зимни амали ғоратгаронаашон ҳамчунин посбони 24- солаи заправкаро бо корд захмӣ намудаанд. Боз як гурӯҳи дунафараи ғоратгар дар ҳудуди маҳаллаи 84-уми пойтахт ба даст афтид. Номбурдагон, ки 34-35 сол доранд, дар таксӣ як сокини 47 солаи ноҳияи Ҳамадониро лату кӯб намуда, 360 сомонӣ пул ва телефони мобилии тамғаи “самсунг”-и ҷабрдидаро аз яғмо бурдаанд. Аз рӯйи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишот идома дорад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/duzdoi-mushtzr-ba-dast-aftidand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.