расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дастгир гардидани ноболиғи 15-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

. / Ҳаводис

Дастгир гардидани ноболиғи 15-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтарбачаи ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 қисими 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 3-юми апрели соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, дар бозорчаи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бо роҳи ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз кисаи болопӯши (курткаи) марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, 960-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.