расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "Як кушта ва панҷ захмӣ". Таркиши лӯлаи газ дар канораи Душанбе таҳқиқ мешавад.

Ҷомеа / Ҳаводис

"Як кушта ва панҷ захмӣ". Таркиши лӯлаи газ дар канораи Душанбе таҳқиқ мешавад.


Рӯзи сешанбеи 8-уми декабр хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ҷойи ҳодиса-деҳаи Маърифатии ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд. Ин деҳа дар даромадгоҳи пойтахти Тоҷикистон ва дар канори роҳи Ҳисор-Душанбе ҷойгир шудааст. Бо гузашти чаҳор рӯз, ҳанӯз ҳам осори таркиши лӯлаи газ дар ҷойи ҳодиса дида мешавад.







Ду таркиши лӯлаи газ дар як деҳаи Рӯдакӣ мавзӯи қубурҳоеро доғ кард, ки солҳои пеш аз Узбекистон тариқи онҳо ба Тоҷикистон газ меомад, вале солҳои ахир истифода намешуданд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 7-уми декабр гуфта буд, сабаби ду таркиши лӯлаҳои газ дар ноҳияи Рӯдакӣ “риоя накардани талаботҳои сохтмонӣ ва хунукназарона рафтор намудани идораҳои масъул ва мақомоти маҳалли”-и ноҳия мебошад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, лӯлаи газе, ки сабаби таркиш шуданд, “аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанберо таъмин менамояд.”
Бо ин вазъ маълум нест, ки кадом ниҳод ҷуброни зарари ин сокинони ноҳияи Рӯдакиро мепардозад. Мақомот то ҳол дар ин замина шарҳи расмие надодаанд. Маълум нест, ки дигар сокиноне, ки лӯлаҳои газ аз наздикии манзилашон мегузарад, то куҷо аз ин ҳодисаҳо эминанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.