расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти марди 27-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

. / Ҳаводис

Боздошти марди 27-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 16-уми октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба оғилхонаи манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фрунзеи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.