«Хоби ҳамдуна»-аввалин филми коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов

Дар кинотеатри Кохи «Наврӯз» намоиши филми Румӣ Шоазимов, коргардони ҷавони тоҷик бо номи «Хоби ҳамдуна» ба намоиш гузошта шуд.
«Хоби ҳамдуна» аввалин филми ман аст, ки имрӯз ба дӯстдорони филмҳои тоҷикӣ нишон дода мешавад. Шояд саволе пайдо шавад, ки чаро филми «Хоби ҳамдуна» бо забони тоҷикӣ неву бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Барои он, ки дар кишвари мо намояндагон ва миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва аксарият ин забонро медонанд. Барои ҳамин ман ба хулосае омадам, ки филм бо забони русӣ ба навор гирифта шавад»,- зикр кард Румӣ Шоазимов.
Асланшоҳ Раҳматуллоев, яке аз нақшофарони филми мазкур дар суҳбат бо мо гуфт: «Жанри филми «Хоби ҳамдуна» мистика мебошад. Чунин филм то ҳол дар мо қариб, ки ба навор гирифта нашуда буд. Мақсади асосии филм ин аст, ки тақдирро иваз карда намешавад ва ба баъзе хурофотҳо даст задану ба он эътиқод кардани одамон фоидаи хуб ҳам надорад».
Филми «Хоби ҳамдуна» дар ноҳияи Варзоб ва дар баъзе маҳалҳои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 90 дақиқа ба навор гирифта шудааст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон