расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ФОТОРОБОТ ВА АКСҲОИ ЖАСУРХОН УСМОНОВ – ГУМОНБАРИ ҚАТЛИ ДУ ЗАН ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ

. / Муҳоҷир

ФОТОРОБОТ ВА АКСҲОИ ЖАСУРХОН УСМОНОВ – ГУМОНБАРИ ҚАТЛИ ДУ ЗАН ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ

Расонаҳои Русия фоторобот ва аксҳои Жасурхон Aбдукаримовича Усмонов ( с.т. 1994) – шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро, ки ба қатли ду зан дар вилояти Маскав айбдор мешавад, нашр карданд. Ҷасадҳои устоди 44-солаи Академияи иқтисодии ба номи Плеханов Виктория Борковская ва модари 67-солаи ӯро шоми 7 ноябр аз хонаашон дар деҳаи Клушинои ноҳияи Солнечногорск бо захмҳои зиёди корд пайдо карданд. Дар ин хона ҳамчунин як духтараки 6-соларо бо чанд захми корд дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш пайдо карда, дар ҳолати вазнин ба бемористони кӯдаконаи ба номи Морозови шаҳри Маскав фиристоданд. Гуфта мешавад, маҳз ҳамин кӯдаки зиндамонда тавонистааст бо телефон ба як шиносашон тамос гирифта, хабар диҳад, ки марде, ки дар хонаашон кор мекард, модару бибиашро кушт ва чизу чораҳои онҳоро ғорат карда, фирор кард. Матбуоти Русия аз қавли манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки дар қатли ин ду зан ва ғорати чизу чораи онҳо шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Жасурхон Усмонов (ДАР АКС), ки ба ин модару духтар дар таъмири хонаашон кумак мекард, гумонбар мешавад. Усмоновро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Олга Врадий, ёвари аршади сардори Раёсати тафтишоти вилояти Маскав хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти шаҳри Солнечногорск дар робита ба қатли ду зан бар асоси қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст
«Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 7 ноябри соли 2020 дар як хонаи хусусӣ дар ҳавзаи шаҳри Солнечногорск ҷасади ду зани солҳои таваллудашон 1953 ва 1976 (модар ва духтар) бо захмҳои зиёди бурандаву халанда дар тамоми баданашон ёфт шуданд. Дар ин эхона ҳамчунин як духтараки 6-соларо бо захмҳои зиёди халандаву буранда дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш пайдо карданд. Кӯдакиро дар ҳолати вазнин билофосила дар бемористон бистарӣ карданд. Дар хона аломатҳои ошкори ҷустуҷӯи чизу чораи гаронбаҳо мушоҳида мешавад. Мақомоти тафтишотӣ ҷиҳати муайян ва боздошт кардани нафари дастдоштан дар ин куштор чора меандешанд», - гуфта мешавад дар иттилоияи расмии раёсати тафтишоти вилояти Маскав.
Матбуоти Русия хабар дод, ки занҳои дар ноҳияи Солнечногорск кушташуда досенти Академияи иқтисодии Русия ба номи Плеханов ( РЭУ им. Плеханова) Виктория Борковскаяи 44-сола ва модари 67-солаи вай мебошанд. Дар натиҷаи ҳамлӣа духтари 6-солаи устоди Академияи Плеханов низ ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Ӯро дар ҳолати вазнин дар бемористони кӯдаконаи ба номи Морозови шаҳри Маскав бистарӣ кардаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, маҳз ҳамин кӯдаки зиндамонда тавонистааст бо телефон ба як шиносашон тамос гирифта, хабар диҳад, ки бибияш мурдаасту модараш ғарқи хун хобидааст. Кӯдак ҳамчунин хабар додааст, ки ба модару бибиаш марде, ки дар хонаашон кор мекард, ҳамла овард ва сипас чизу чораҳои онҳоро гирифта, фирор кард.
Раёсати тафтишот гуфт, дар қатли ин ду зан ва ғорати чизу чораи онҳо " шаҳрванди яке аз ҷумҳуриҳои хориҷаи наздик” гумонбар мешавад. Вале расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки ин нафари гумонбар як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бо номи Ж.Усмонов (ДАР АКС) аст, ки ба ин модару духтар дар таъмири хонаашон кумак мекард, гумонбар мешавад. Усмоновро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Мақомот ҳамчунин бояд маълум кунанд, ки Усмонов дар анҷоми ин ҷиноят танҳо амал мекард ё шарик дошт?
Виктория Борковская як шахсияти маъруф дар арсаи илму сохтмон ба шумор меравад. Ӯ қаблан солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи давлатии сохтмони Маскав (МГСУ) дарс медод.
Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳо, ки бо нашрияи «КП» суҳбат кардааст, «хона Борковская хонаи аз ҳама бой дар ин шаҳрак набуд. Як оилаи миёнаҳол буд, ки бидуни карру фар зиндагӣ мекард. Бале, Борковская даромади хуб дошт, вале дар ҳамсоягии ӯ нафарони хеле сарватмандтар ба сар мебаранд.»





 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.