расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРХӮРДИ ПУРҚУРБОНИИ ҚАТОРИ БОРКАШ БО ҚАТОРИ МУСОФИРБАР ДАР ЧЕХИЯ

Асосӣ / Ҷаҳон

БАРХӮРДИ ПУРҚУРБОНИИ ҚАТОРИ БОРКАШ БО ҚАТОРИ МУСОФИРБАР ДАР ЧЕХИЯ

БАРХӮРДИ ПУРҚУРБОНИИ ҚАТОРИ БОРКАШ БО ҚАТОРИ МУСОФИРБАР ДАР ЧЕХИЯ 
Шаби чоршанбе, 5 июни соли 2024, соати 22:53 дар шаҳри Пардубитсе, воқеъ дар 110-километрии шарқи шаҳри Прага, пойтахти Чехрия қатори мусофирбари ширкати RegioJet, ки аз Прага ба шаҳри Чопи Украина ҳаракат дошт, бо қатори боркаши ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Чех ČD Cargo сар ба сар задааст. Дар натиҷаи садама 4 нафар ба ҳалокат расида, 27 нафарро бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористҳои Пардубитсе ва шарҳои ҳамсояи Ҳрудим ва Ҳрадетс-Кралове бистарӣ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзи 6 июн тасдиқ кард, ки дастикам ду зани ҳалокшуда шаҳрвандони Украина будаанд. Дар умум дар қатори мусофирбар 380 нафар ҳаракат доштанд. Дар байни осебдидагон кӯдакон низ ҳастанд.
Бархӯрди ду қатор чунон шадид буд, ки аз ҳарду қатор чандин вагон аз роҳи оҳан берун гардида, қисме аз онҳо чаппа шуданд. 
Нозироти роҳи оҳани Чехия сигнали сурхи семафорро сарфи назар кардану ба ҳаракат идома додани ронандаи қатори мусофирбарро сабаби эҳтимолии ин садама номид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.