расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд

Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд

Ҳадди ақалл дар ҳашт кишвари ҷаҳон, бо шумули Эрон дар робита ба садамаи чархболи президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ мотам эълон шуд. 
Бино ба маълумот ТАСС, ин кишварҳо Ҳиндустон, Ироқ, Лубнон, Покистон, Сурия ва Туркия мебошанд.
“Дар аксари кишварҳо мотами якрӯза эълон шуда, танҳо дар Сурия ва Лубнон  он ба муддати се рӯз ва Тоҷикистон - ду рӯз давом мекунад. Дар худи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзҳои мотам панҷ рӯз эълон шудааст”, - хабар медиҳад ТАСС.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ба ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ танҳо дастур дода шудааст, ки дар муддати ду рӯз аз намоиши барномаҳои фароғатӣ худдорӣ кунанд. Чунин қарор аз ҷониби Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ қабул шудааст, хабар додааст ба Sputnik Тоҷикистон раиси Кумита Нуриддин Саид.
“"Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо Эрон аст", - гуфтааст Нуриддин Саид.
Дар Тоҷикистон дар бораи мотам расман хабар дода нашудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати баландпояи ҳамроҳаш дар пайи суқути чархбол ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раис ҷумҳури Эрон барқияи тасаллӣ ирсол кард.
“Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”, - омадааст дар барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин дар ин робита Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
“Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам”, - зикр мегардад дар барқияи Рустами Эмомалӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.