расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРКАНОРИИ РАҲБАРОНИ ДУ ПАЖУҲИШГОҲИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Асосӣ / Сиёсат

БАРКАНОРИИ РАҲБАРОНИ ДУ ПАЖУҲИШГОҲИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

БАРКАНОРИИ РАҲБАРОНИ ДУ ПАЖУҲИШГОҲИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 ноябри соли 2023 бо имзои ду қарори ҳукумат раҳбарони ду пажуҳишгоҳ, ё институти Академияи миллии илмҳои ҷумҳуриро аз мақом барканор кард. Бо қарорҳои ҳукумат, Фарҳод Шокирро аз мақоми мудири Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи Султон Умаров ва Назар Муъмин Абдуҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шуданд. Далели расмии барканории ҳарду дар қарорҳои ҳукумат “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”, вале гуфта нашудааст, ки ин ду нафар ба кадом “кори дигар” гузаштаанд? Дар бораи инки ба ҷои онҳо ба раҳбарии  ин ду пажуҳишгоҳ киҳо таъйин шуданд?, низ то ҳол хабаре нашр нашудааст.Сабаби аслии барканории Фарҳод Шокир ва Муъмин Назар маълум нест, вале қаблан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор аз дастовардҳои ночизи илми тоҷик ва муассисаҳои илмии Академия танқид карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.