расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАФСИЛОТИ НАВИ ПАРВАНДАИ “КОЛЯ ТОҶИК”: ДӮСТОНАШ МЕГӮЯНД, ЯК ЗАНИ ТОҶИКИ БЕРОҲА ӮРО АЗ РОҲ ЗАДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ТАФСИЛОТИ НАВИ ПАРВАНДАИ “КОЛЯ ТОҶИК”: ДӮСТОНАШ МЕГӮЯНД, ЯК ЗАНИ ТОҶИКИ БЕРОҲА ӮРО АЗ РОҲ ЗАДААСТ

ТАФСИЛОТИ НАВИ ПАРВАНДАИ “КОЛЯ ТОҶИК”: ДӮСТОНАШ МЕГӮЯНД, ЯК ЗАНИ ТОҶИКИ БЕРОҲА ӮРО АЗ РОҲ ЗАДААСТ 
Бино ба фарзияи Бобоҷон 88 ва Бобои Лангарӣ, тақрибан моҳи декабри соли 2023 як ҷавонзани тоҷик ба “Коля Тоҷик” барои ҳимоят муроҷиат мекунад. Ин ҷавонзан нақл кардааст, ки ӯро гӯё як мард аз Ӯзбекистон” нафақат ба маблағи 400 ҳазор рубл “кидат” кардааст, балки зӯран ба номусаш низ расидааст. Нақли ин ҷавонзан, ки дар тӯли чандин моҳ аз “Коля Тоҷик” ҳимояту пуштибонӣ тақозо дошт, дар ниҳоят ин блогери ҳомии тоҷиконро ба номус меорад ва ӯ моҳи апрели соли 2023 ба суроғи он марди ӯзбекистонӣ рафта, ӯро аз корхонааш берун бароварда, пиромуни ин қазия бо вай баҳс мекунад. Аммо марди ӯзбекистонӣ ба “Коля Тоҷик” фарзияи комилан бараксро нақл мекунад. Ба фарзияи ин мард, ӯ чанд сол пеш ба ин ҷавонзани тоҷик бо никоҳи мусулмонӣ издивоҷ карда буд ва ба номуси ӯ таҷовуз накардааст, чунки зани никоҳиаш буд. Ин мард гуфтааст, ки як рӯз занашро дар ҷогаҳи хобаш ҳамроҳи як марди бегона қапида, сараш додааст. Баъди талоқ гирифтан ҷавонзан иддао кардааст, ки шавҳари собиқаш аз вай 400 ҳазор рубл қарздор асту бояд пулашро бидиҳад. Вақте он мард рад кардааст, ҷавонзан бо бофтани қиссаи таҷовуз ба номусаш бачаҳои тоҷикро ба сари он марди ӯзбек овардааст. Яке аз ин фиребхӯрдагони қиссаҳои дурӯғи он зан “Коля Тоҷик” буд.
Бобоҷон 88 ва Бобои Лангарӣ мегӯянд, “Коля Тоҷик” баъди фаҳмидани ҳақиқати ҳол дигар ба суроғи он марди ӯзбекистонӣ нарафт, вале он ҷавонзан баъди “Коля Тоҷик” тавонистаст боз ду гуруҳи дигари ҷавонони тоҷикро фирефта, ба сари шавҳари собиқаш фиристад.  Ин ду гуруҳи баъдӣ бидуни фаҳмидани “нархи сабзию пиёз” он мардро латтукӯб кардаанд ва ӯ ҳам, ки аз ин ҳама ба ҷон омада буд, ба пулис муроҷиат кардааст. Мутаассифона, дар сабти видеокамераҳои назоратӣ лаҳзаи ба сари он мард омадани “Коля Тоҷик” ҳам омадааст ва ба ҳамин далел, ӯро ҳам дастгир кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.