расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » "Қарздор шудам": Ёрихоҳии ҳамсари яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба 20 сол маҳкум шуд

Асосӣ / Сиёсат

"Қарздор шудам": Ёрихоҳии ҳамсари яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба 20 сол маҳкум шуд

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш дар Қирғизистон ҳукми ҳабси абадашон ба 20 соли зиндон иваз шуд, аз мардум кӯмак хост. Ин хонавода барои озод шудани ӯ аз чанд нафар 50 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ҳоло дар баргардонидани он ночор мондаанд.

Ба гуфтаи Наргис Ҷабборова ӯ ин миқдор пулро аз хешу таборон ва чанд нафари дигар қарз гирифта барои харҷиӣ роҳу хидмати вакили дифоъ сарф кард, то шавҳарашро озод кунад.
Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки «ба ҷуз ин пулҳои қарзгирифта, гову гӯсфанд, чизу чораву тилловориямро фурӯхта ба харҷи роҳу адвокат сарф намудам ва ҳаракат кардам, ки натиҷае шавад».

Ҳоло ин зан бо се фарзандаш бехонаву ҷой монда, дар хонаи модараш дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад. Наргис Ҷабборова аз бадтар шудани вазъи зиндагияш нигарон аст ва мегӯяд, бо аризае аз ҳукумати вилояти Суғд низ хостааст, барояш кӯмаки молӣ расонанд.

«Аз як шахс 20 ҳазор сомонӣ гирифта будам ҳоло маҷбур мекунад, ки қарзро баргардонам. Бояд 1-уми декабр бармегардонидам натавонистам. Ба ҳукумати Суғд ариза навиштам то дар пайдо кардани 10 ҳазор сомонӣ кӯмак расонад, онҳо ёрӣ медиҳем гуфтанд. Боқимонда қарзҳоро аз хешу ақрабо гирифтаам, онҳо гуфта истодаанд вақте шавҳарат озод шуд баъд бармегардонед. Ман аз роҳбарон ва шахсони саховатманд кӯмак мепурсам, ки шавҳарамро озод кунанд ва ба мо ҳамаҷониба ёрӣ расонанд».,-мегӯяд Ҷабборова.

Шавҳари Ҷабборова, Абдурозиқ Қаҳҳоров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро додгоҳи ноҳияи Лайлак се моҳ пеш, 14-уми сентябр бо ҷурми «ҷиноят бар зидди сулҳ» ва «ғоратгартӣ"-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон ба ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Баъдан бо талошҳои Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешу таборони маҳкумшуда ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мурофиаи 6-уми декабр ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд.

Наргис Ҷабборова аз тағйироте, ки ахиран дар ҳукми шавҳараш омад шод аст, аммо ҳанӯз ҳам иттиҳоми охиронро қабул надорад ва пофишорӣ мекунад, ки шавҳараш бегуноҳ аст ва бояд озод шавад.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло бо ёрии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек алайҳи ҳукуми охирон низ шикояти кассатсионӣ менависанд.

Баъди боздошт шудани Абдурозиқ Қаҳҳоров дар пайи муноқишаҳои хунини охири моҳи апрел, Наргис бо се фарзандаш дигар бехонаву ҷой мондааст. Онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва то шаш моҳи пеш дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин деҳа наздик ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар замони Шӯравӣ ва баъди он даҳҳо сокинони ин ҷамоат ба ин деҳаи ноҳияи Лайлак кӯч баста барои худ хона сохтаанд.

Наргис Ҷабборова мегӯяд, то замони муноқишаи хунинӣ охири моҳи апрели имсол онҳо зиндагии осуда доштанд.

Ин оила низ соли 2010 аз Хистеварз ба деҳаи Борбордук кӯч баста хонае сохтаанд, ки марбут ба як шаҳрванди Қирғизистон буда бо сабти иқомат (прописка) зиндагӣ мекарданд. Аммо ҳоло дар он манзилашон ҳама лавозимоти рӯзгорашон боқӣ мондааст, ки наметавонанд ба мисли пештара рафта зиндагӣ кунанд.

Духтари Наргис Ҷабборова донишҷӯи курси аввали риштаи иқтисоди яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд  буда, ду фарзанди дигараш дар мактаби миёна таҳсил мекунанд.

Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло харҷи таҳсили ин фарзандон ба ба танҳоӣ барояш душвор шудааст, ки дар ҳеҷ куҷое кор намекунад.

Абдурозиқ Қаҳҳорови 41-сола то замони боздошт, дар мусофиркаши хатсайри № 66 — «Хистеварз-Гулистон» ронандагӣ мекард ва аз ҳисоби ин кораш оиларо саробонӣ мекард.
Ҳамсараш мегӯяд, дар рӯзҳои муноқишаи хунин низ шавҳараш дар ҷойи корӣ буд ва ба ягон ҷиноят даст назадааст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • MarvinMep | Гости

    He who has the gold, makes the rules, so response divers investment books. Being more than printed the to hand and reservoir exchanges Gold can be a aggressive hedge against inflation. In this rapidly fluctuating mise en display there is indistinguishable gold investment that's as teeming as a stone - American Facilitative Eagle Coins. But why would you examine American Gold Eagle coins included in your portfolio? Appoint out of pocket's connect with inclusive of the particular reasons. Notation well-spring: https://diigo.com/0mgbm3 variant4 variant1

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.