расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Навъи нави коронавирус - "омикрон" се маротиба бештар сирояткунанда аст

Асосӣ / Ҷомеа

Навъи нави коронавирус - "омикрон" се маротиба бештар сирояткунанда аст

Африқои Ҷанубӣ мегӯяд, ки навъи «омикрон» хатари сирояти дубора ба коронавирусро се маротиба афзоиш медиҳад

Олимон аз Африқои Ҷанубӣ хатари дубора гирифторӣ ба COVID-19-ро бо «омикрон» арзёбӣ карданд.

Маълум шуд, ки навъи омикронии коронавирус барои онҳое, ки қаблан аз COVID-19 азият мекашанд, нисбат ба навъи қаблӣ, аз ҷумла «дельта» се маротиба бештар сирояткунанда аст.

Дар ин бора пажӯҳиши олимони Африқои Ҷанубӣ, ки дар сомонаи MedRxiv нашр шудааст, гуфта мешавад.

Ба гуфтаи Энн Фон Готберг, корманди Институти миллии бемориҳои сироятии Африқои Ҷанубӣ, тамоюли сирояти дубора ба коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ ба таври возеҳ мушоҳида мешавад.

Вай изҳор дошт, ки далели шифо ёфтан аз ковид дар натиҷаи гирифторӣ ба яке аз навъҳои қаблии коронавирус (делта) аз «омикрон» муҳофизат намекунад.

«Мо афзоиши шумораи одамонеро мебинем, ки қаблан коронавирусро мағлуб карда буданд, ки дар натиҷаи паҳншавии навъи „омикрон“ дубора ба COVID-19 гирифтор мешаванд. Қаблан дар Африқои Ҷанубӣ онҳое, ки гирифтори коронавирус шуда буданд, ба навъи „делта“ гирифтор нашуданд, аммо ҳоло ба назар чунин мерасад, ки вазъият дигар аст», — гуфт мутахассис.

Маълум шуд, ки навъи «омикрон» дорои қобилияти хоса буда, афроде, ки қаблан бемор шудаву масуният ҳосил карда буданд, ба онҳо низ сироят мекунад.

Пешгӯиҳо низ рӯҳбаландкунанда нестанд ва ба гуфтаи Анн Фон Готберг, шумораи сабтшудаҳо дар тамоми минтақаҳои Африқои Ҷанубӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамзамон, як намояндаи Пажуҳишгоҳи тандурустии Русия афзуд, ки эмкунӣ бар зидди ковид аз бистарӣ шудан дар бемористон ва марг муҳофизат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар пайи як ҷаласаи изтирорӣ навъи нави коронавируси дар Африқои Ҷанубӣ кашфшударо боиси нигаронӣ номид.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.