расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҷидоли муовинони Трамп ва Байден бар сари КОВИД-19, Додгоҳи олӣ ва Чину Эрон

Сиёсат / Ҷомеа

Ҷидоли муовинони Трамп ва Байден бар сари КОВИД-19, Додгоҳи олӣ ва Чину Эрон

Мунозираи Камала Ҳаррис ва Майк Пенс.
Мунозираи Майк Пенс ва Камала Ҳаррис, муовинони ду номзади интихоботи президентии Амрико рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд. Майк Пенс ва Камала Ҳаррис дар ин мунозира дар бораи масъалаҳое чун амалкардҳои Доналд Трамп дар баробари падемияи фарогири КОВИД-19, Додгоҳи олии он кишвар, Чин ва Эрон пардохтанд. Муҷрии ягона мунозираи муовинони номзадҳои интихоботи президентии Амрико Сузан Печ, рӯзноманигори USA Today буд.
Ин мунозира бо пурсиш дар бораи паҳншавии коронавирус ва сиёсати ҳукумати Доналд Трамп дар мубориза бо он оғоз шуд. Камала Ҳаррис дар посух ба ин пурсиш бо ишора ба марги 210 ҳазор нафар бар асари гирифторӣ ба коронавирус аз коркардҳои ҳукумати Доналд Трамп ба шиддат интиқод кард.
Майк Пенс дар ин робита гуфт, чораҳои саривақтии ҳукумат дар бастани марзҳо ба муқобила бо паҳншавии вирус кӯмак кард, дар ҳоле, ки Ҷо Байден бо ин кор мухолифат карда буд.
Дар бахши дигар роҷеъ ба ақалиятҳои нажодӣ дар Амрико баҳсҳо сурат гирифт ва Камила Ҳаррис ба шиддат аз коркардҳои Доналд Трамп дар солҳои ахир ҳамла кард ва раиси ҷумҳури Амрикоро муттаҳам намуд, ки ҳозир нест гурӯҳҳои нажодпарастро маҳкум кунад.
Дар вокуниш Майк Пенс ба гузаштаи хонум Камала Ҳаррис дар додситонии Калифорния ишора кард ва гуфт, вақте хонум Камала Ҳаррис масъулияташ ба поин расид, маълум шуд, ки ақалиятҳои нажодӣ бештар аз дигар гурӯҳҳо мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор гирифтаанд.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии ин мунозира дар бораи додраси нав дар Додгоҳии олии Амрико буд. Камала Ҳаррис бо ишора ба амалкарди Абраҳам Линколн, шонздаҳумин раиси ҷумҳури Амрико дар вазъияти монанд гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки 27 рӯз баъд интихобот баргузор мешавад, набояд додраси пешниҳодии Трамп аз сӯи Сенат тасдиц шавад.
Майк Пенс ҳушдор дод, дар сурати пирузии Ҷо Байден, ӯ таркиби Додгоҳи олиро комилан ба нафъи либералҳо тағйир медиҳад.
Дар бахши дигари ин мунозира, Майк Пенс ва Камала Ҳаррис дар бораи амалкарди Доналд Трамп дар баробари Чин баҳс карданд. Камала Ҳаррис гуфт, сиёсатҳои ҷанги тиҷоратии ҳукумати Трамп бо Чин шикаст хӯрдааст ва ин боиси аз байн рафтани фурсатҳои корӣ дар Амрико шудааст. Аммо Майк Пенс ҳукумати Барак Обама ва Ҷо Байденро муттаҳам кард, ки имтиёзҳои зиёде ба Чин доданд ва ҳозир нашуданд бо Пекин муқобила кунанд.
Дар бораи сиёсати хориҷии Амрико дар баробари Эрон Камала Ҳаррис аз сиёсати Трамп интиқод кард ва гуфт, хуруҷи ИМА аз созише монанди тавофуқи ҳастаӣ ё БАРҶОМ, боис шуд то амрикоиҳо бештар дар баробари хатар қарор бигиранд.
Аммо Майк Пенс аз фаъолиятҳои ҳукумати Барак Обама ва Ҷо Байден дар баробари Эрон интиқод кард ва гуфт, онҳо як миллиарду 500 миллион доллар дар ихтиёри бузургтарин ҳукумати пуштибони терроризм дар ҷаҳон қарор доданд.
Майк Пенс дар идома гуфт, ки Амрико пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон, амнтар аст. Ӯ гуфт, ки Қосим Сулаймонӣ барои тарҳрезӣ ва куштани амрикоиҳо ба Бағдод рафта буд.
Камала Ҳаррис дар вокуниш ба ин суханони Майк Пенс ба ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои нерӯҳои амрикоӣ ишора кард ва гуфт, шуморе аз сарбозону афсарон дар ин ҳамлаҳо дучори садамаи мағзӣ шудаанд, аммо Доналд Трамп мушкили ин нерӯҳои низомиро дар ҳади "дарди сар" гуфт ва онро камаҳамият ҷилва дод.
Муҷрӣ дар бахши дигаре аз мунозира дар бораи пазируфтани натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз сӯи ду номзад пурсид. Камала Ҳаррис гуфт, ки Ҷо Байден эътилофи бузурге аз демократҳо, мустақилҳо ва ҷумҳурихоҳонро падид овардааст, ки метавонад ӯро ба пирӯзӣ бирасонад ва рақиби ӯро водор ба қабул кардани натиҷаҳо хоҳад кард. Ӯ дар идома ба ҳимояти шуморе аз аъзои ҳукумати Ҷорҷ Буши хурдӣ ва мақомҳои низомӣ аз Ҷо Байден ишора кард.
Майк Пенс дар посух гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти густурда аз Доналд Трамп, ӯ қатъан ба пирӯзӣ хоҳад расид. Вай ҳамчунин ба мушкилот дар раъй додан аз тариқи почта ишора кард.
Камала Ҳаррис севумин зане аст, ки ба унвони муовини яке аз номзадҳо дар интихоботи президентии Амрико ҳузур дорад.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико севуми ноябр баргузор мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.