расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Патрушев шумораи террористонро дар Афғонистон эълон кард

Сиёсат / Ҷаҳон

Патрушев шумораи террористонро дар Афғонистон эълон кард

Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев натиҷаҳои ҷаласаи идороти минтақавӣ дар Ҳиндустонро ҷамъбаст кард

 Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар пайи як нишаст дар Деҳлӣ ба хабарнигорон гуфт, таҳдиди аслӣ аз Афғонистон терроризм аст.

Вай гуфт, ки тибқи ҳисобҳои гуногун, феълан дар Афғонистон беш аз 20 сохтори террористӣ фаъолият доранд.

Шумораи умумии террористон дар кишвар, ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, аз 23 ҳазор нафар мегузарад.

Патрушев ҳамчунин ба қочоқи маводи мухаддир дар минтақа таваҷҷуҳ карда гуфт, ки даромад аз ин роҳ то ҳол «манбаи асосӣ» барои фаъолиятҳои террористӣ боқӣ мемонад.

«Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афъюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки то 90 дарсади бозори ҷаҳониро таъмин мекунад», — гуфт котиби Шӯрои амнияти Русия.

Ёдовар мешавем, 10 ноябр дар пойтахти Ҳиндустон нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ баргузор шуд. Пас аз анҷоми ҷаласа изҳорот иборат аз 12 банд ба имзо расид.

Чорабинӣ бо ширкати намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон доир шуд.
Аз ҷумла, намояндагони кишварҳо бар зарурати эҳёи Афғонистони осоишта бо риояи принсипҳои фарогир дар ҳукумат таъкид карда, ҳамчунин ба фалокати башардӯстонае, ки минтақаро таҳдид мекунад, таваҷҷӯҳ карданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.