расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Лавров гуфт, Русия ҳама таҳдидҳо аз Афғонистонро таҳлил мекунад

Сиёсат / Ҷаҳон

Лавров гуфт, Русия ҳама таҳдидҳо аз Афғонистонро таҳлил мекунад

Сергей Лавров гуфт, Русия ва Қазоқистон аз мавқеи ба ҳам мувофиқ бо ҳукумати нави толибон муколама ба роҳ мемонад

 Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия дар якҷоягӣ бо Қазоқистон таҳдидҳои аз Афғонистон омадаро таҳлил мекунад, омадааст дар матлабе, ки дар «Российская газета» нашр шудааст.

Лавров қайд мекунад, ки Русия ва Қазоқистон мавқеҳои шабеҳ дошта, бо ҳукумати муваққати Афғонистон барои созиши пойдори байни афғонҳо ва амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ муколама роҳандозӣ мекунанд.

«Муттаҳадӣ ба мо дар ҳалли мушкилоти амалиётӣ кӯмак мекунад. Мо мунтазам таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддирро, ки аз Афғонистон бармеояд, якҷоя таҳлил мекунем», — таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки тибқи шартномаи байни Қазоқистон ва Русия дар бораи ҳамсоягии нек ва иттифоқ дар асри 21, кишварҳо сиёсати хориҷии ҳамоҳангшуда бар асоси тааҳҳудоти иттифоқӣ ва истифода аз имконоти иттиҳодияҳои бисёрҷонибаро пеш мебарандСергей Лавров афзуд, ки иқдомоти ҳамоҳангшудаи Маскав ва Нурсултон имкон медиҳад, ки «сатҳи зарурии амният», ҳамчунин дахлнопазирии марзҳои ду кишвар ва «ҳампаймонҳои наздик» таъмин карда шавад. 

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.