расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сӯхтор дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон: вазъ дар сарҳад чӣ гуна аст?

Сиёсат / Ҳаводис

Сӯхтор дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон: вазъ дар сарҳад чӣ гуна аст?

Мақомот тафтишот оғоз кардаанд ва сабабҳои сӯхторро таҳқиқ мекунанд

Дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон анбори як шаҳрванди Қирғизистон ба коми оташ рафт, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Сӯхтор, рӯзи 9 ноябр тахминан соати 5:30 дар минтақаи Дахмаи вилояти Бодканд дар наздикии хатти сарҳади давлатӣ рух додааст.
Бино ба гузориши мақомот, сӯхтор то соати 6:15 хомӯш карда шуд.

Дар хабар омадааст, ки мақомоти зирабт ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтор шурӯъ кардаанд.

Дар умум вазъ дар марз субҳи 9 ноябр нисбатан мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзе пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯхторе пайдо шуда буд, ки гуфта мешуд дар Ворух дар маҳаллаи Мари Қурум рух додаст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.