расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Эмомалӣ Раҳмон президенти тозинтихоби Қирғизистонро табрик кард

. / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон президенти тозинтихоби Қирғизистонро табрик кард

Сурат: Коллаж Asia-Plus
Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи тарикотӣ раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик кардааст, хабар медиҳад Хадамоти мабуоти Президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин барқияи табрикотии худ ба Ҷабборов гуфтааст "мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам".
Дар ин барқия ҳамчунин омадааст: "Натиҷаҳои ибрози раъйи мардуми Қирғизистон далели ҷонибдории васеи ҷомеа аз роҳи интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими суботу ризоият дар кишвар ва рушди устувору шукуфоии он нигаронда шудааст. Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам".      
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қирғизистон рӯзи якшанбе доир шуд, ки дар он Содир Ҷабборов, номзаде, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз зиндон раҳо шуда буду иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар низ таъин шуда буд, бо наздик ба 80 дар сади раъйи интихобкунандаҳо пирӯз шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.